Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо

Он-лайн лексия оид ба масъалаҳои қонунгузории ҷиноятӣ дар мамлакатҳои СААД 08.12.2022 10:31
Иштирок намудани дар он-лайн конференсияҳои байналмилалӣ барои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун анъана гардида, нахустин бор чунин таҷриба 5 апрели соли 2018 пайдо шуд ва аз он вақт натанҳо профессорону омӯзгорони Академияи ВКД, балки курсантон низ дар чунин чорабиниҳо фаъолона иштирок менамоянд. Чунончи, дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи Созишнома ....
Вохӯрӣ ҷиҳати баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ 08.12.2022 10:32
Бо дастуру супоришҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ва бо мақсади тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, дӯст доштани касб, содиқ будан ба Савганд ва дар замири курсантон бедор намудани ҳисси меҳанпарастӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар вохӯрӣ бо шунавандагони факултети №3 Академияи ВКД ....
Зӯроварӣ дар оила – амали номатлуби иҷтимоӣ 08.12.2022 16:38
Зӯроварӣ амале мебошад, ки ҳеҷ узре надорад, новобаста аз он ки, кӣ, кай ва дар куҷо онро содир мекунад. Зӯроварӣ дар оила хосияти боз ҳам бештар харобиовар дорад, чунки аз тарафи одами наздике, ки ҷабрдида аз аввал ба ӯ эътимод дошт, ба вуқӯъ меояд ва бо назардошти сабабҳои зиёде, ҷабрдидаро ....
Тамошои филми “Нишонро мебинам” 08.12.2022 16:41
Бо супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., тамошои филми тарбиявӣ, ватанпарастӣ, ҷасорату матонат, “Цель вижу” (Нишонро мебинам), ки аз ҳаёт ва фаъолияти духтарон - таълимгирандагони Мактаби занонаи снайперистон дар солҳои 1941-1945 нақл мекунад, бо иштироки курсантдухтарони Академияи ВКД, ба роҳ монда шуд. ....
Марзу буми кишвар - номус ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандор аст 09.12.2022 10:11
(Дар ҳошияи мақолаи коршиноси масоили байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?») Амният яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки он ҳифзи шахсият, ҷомеа ва давлатро таъмин менамояд. Ватан бо таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат муқаддас мебошад, зеро Ватан далели асосии ....
Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ 12.12.2022 13:43
Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон» 10 декабри соли 2022 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон V - умин конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ» ташкил ва баргузор гардид. Дар оғози кори конференсия сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо сухани ....
Фатҳи қуллаҳои нав ба нав аз ҷониби варзишгари ҷавону умедбахш 12.12.2022 13:47
Дӯстмуроди Абдулҳасан аз хурдӣ орзуи корманди милитсия шуданро дошт. Ӯ дар мактаби №52-и ҷамоати деҳоти Тебалаи ноҳияи Кӯлоб бо баҳои хуб таҳсил намуда, ҳамчунин ба гуштини тарзи миллӣ машғул буд. Соли 2018-ум ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, айни ҳол дар курси 5-ум факултети №2 таҳсил менамояд. Дар баробари ....
Коррупсия ва роҳҳои муқовимат ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.12.2022 12:59
9 декабри соли 2022 семинар-машварат дар мавзӯи «Коррупсия ва роҳҳои муқовимат ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба «Рӯзи байналмилалии муқовимат ба коррупсия» дар толори Шӯрои диссертатсионии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати кормандону омӯзгорон ва курсантон баргузор карда шуд. Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А., ....
Паём раҳнамои ҷавонон дар соҳаи варзиш аст 14.12.2022 10:56
Чун анъана ҳамасола бо натиҷагирӣ аз дастоварду нишондиҳандаҳои меҳнатӣ ва муайяну мушаххас намудани нақшаву барномаҳои дурнигарона барои соли оянда ва марҳилаи рушди босубот Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат" ироа мегардад. Паём ....
Касби ман - ифтихори ман 16.12.2022 13:47
Таҳти чунин ном дар рӯзи 7 декабри соли 2022 бо ибтикори Шӯрои роҳнамоёни Академияи ВКД семинари илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Дар кори семинар муовинони сардори Академия полковники милитсия Шарифзода Мирзо ва номзади илми ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Рифат иштирок ва суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки фаъолият кардан дар ....
Фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ 16.12.2022 16:10
Дар асоси фасли 4 банди 3 нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ, Факултети №4» ва фасли 4 банди 40 нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022, 14-уми декабри соли 2022 бо иштироки роҳбарият ва устодони Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин курсантони курси 4-ум ....
Таърихи ташаккулёбии Рӯзи 23-феврал 16.12.2022 16:11
Ҳар сол рӯзи 23 феврал дар ҷумҳурии мо ҳамчун Рӯзи муҳофизони Ватан ё Рӯзи артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Суоле ба миён меояд, ки чаро на рӯзҳои дигар, балки маҳз рӯзи 23 февралро Рӯзи муҳофизони Ватан ном додаанд? Аз ин рӯ, зарур донистем барои муайян намудани заминаҳои ба вуҷудоии ин ....
Вохӯрии хотирмон бо донишҷӯёну устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 19.12.2022 13:22
Тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро 17 декабри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ вохӯрии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. бо донишҷӯёну устодони факултети мазкур сурат гирифт. Вохӯриро д.и.ҳ., профессор Мирзамонзода Хайрулло Мирзамон ....
Вохӯрӣ оид ба маърифати ҳуқуқии ҷавонон 19.12.2022 13:23
Дар доираи ҳамкориҳои судманди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми декабри соли 2022 вохӯрӣ ва мулоқоти кормандони Академияи ВКД бо донишҷӯёни Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мулоқот роҳбарияти коллеҷи мазкур, муовини сардори факултети №2 Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия Нурализода ....
Нақши Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон 20.12.2022 16:25
Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, комёбиҳои назаррасеро соҳиб гардад. Бояд дар назар дошт, ки ҳар давлату миллат ҳамон вақт ба пешрафти намоён ноил мегардад, ки соҳиби ҳофизаи таърихӣ ва эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ бошад. ....


Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...