Муқовимат ба ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии навбатиашон бахшида ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 1-уми сентябри соли 2024 вобаста ба масъалаи ҷаҳолат ва хурофот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки: «Бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад. Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад».
Мусаллам аст, ки ифротгароии динӣ аз ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ маншаъ мегирад. Дар замони муосир ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ таблиғоти густурда ба роҳ мондаанд, ки маҳаки асосии чунин таълимот ташкили хилофати исломӣ аст. Шахсони ҷоҳил ва хурофотпараст ба чунин таблиғот дода шуда, дар сар андешаҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ мепарваранд. Бинобар ин ҳар яки мо вазифадорем, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт кунем ва дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоем.
Мо бояд бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир - терроризму экстремизм, радикализм ва хурофоту таассуби динӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин ифротишавии ҷомеа мубориза барем.
Меъмори давлати навини тоҷикон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ эътироф гардидаанд, ба ақлу заковати азалии мардум такя намуданд, зеро табиати миллати тоҷик аз сифатҳои дӯстию рафоқат, фарҳангу маърифат ва ватандӯстию садоқат сиришта шудааст ва маҳз ана ҳамин фазилатҳо дар он айёми тақдирсоз нақши барҷаста бозиданд. Мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон, ки насли ояндасози кишвар мебошанд, бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки баъзе хоинони миллату давлати тоҷикон ва хоҷагони хориҷии онҳо ҳанӯз аз ниятҳои душманона ва ҷоҳилонаи худ даст накашидаанд. Мову шумо хуб медонем, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат, ин нишонаи сатҳи пасти саводу маърифат мебошад, ки ҳамеша бадбахтӣ меорад, дар роҳи пешрафту тараққиёти давлат ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Бинобар ин, мо бояд доим ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар ғафлат намонем ва барои ҳимояи муқаддастарину бузургтарин неъмати ҳастию зиндагиамон, яъне истиқлолу озодии кишварамон омода бошем.
Тағйирёбии босуръати ҷаҳони муосир, раванди ҷаҳонишавӣ ва мушкилоту масъалаҳои ҳаёти башарият беш аз пеш печидаву мураккаб гардида истодаанд ва дар чунин шароит, табиист, ки аҳамият ва нақши худшиносии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа ва манфиатҳои давлату миллат беш аз ҳар вақти дигар меафзояд.
Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотдиҳандаи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. Маҳз шахсияти ин марди бузург дар баробари фитнаи душманони миллати тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ халқи моро борҳо ба гирдоби хун кашида будаанд, қодир ба истодагарӣ гардид.
Баъд аз ҷанги нангини шаҳрвандӣ, ки миллати тоҷикро ба вартаи ҳалокат рӯ ба рӯ кард, ниҳоят 27 июни соли 1997 шаби зулмонӣ поён ёфт ва дар фазои Тоҷикистони азияткашида ваҳдати миллӣ ҳамчун офтоби ҷонфизо тулӯъ кард ва ҷойи адоватро муҳаббат, ҷойи хусуматро рафоқат гирифт. Ба ҷойи бӯйи бади борут ба машом накҳати гулу райҳон ба машом расид ва ба ҷойи садои ваҳшатноки тиру тӯп овози суруду мусиқӣ гӯшҳоро навозиш кард.
Дар таърихи инсоният кам воқеъ шудааст, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин як муддати кутоҳ бо ҳамдигарбахшӣ хотима ёбаду тарафҳои мухолиф бо ҳам аҳди бародарӣ баста, ба хотири халқу Ватан муттаҳид гарданд.
Ин ҳама рушду таҷаллӣ, ки имрӯз насиби мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла насиби мову шумо гаштааст, самараи ваҳдати миллист. Имрӯз мо ифтихор мекунем, ки Ватани маҳбуби мо дар қатори кишварҳои рушдкунанда қарор дорад ва мардум таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона ба сӯйи ояндаи дурахшон равона аст.
Хидмати бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва мураккаби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуд. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотдиҳандаи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. Маҳз шахсияти ин марди бузург дар баробари фитнаи душманони миллати тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ халқи моро борҳо ба гирдоби хун кашида будаанд, қодир ба истодагарӣ гардид.
Зуҳури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурахши истеъдоди нодире буд, ки аз вуҷуди ин мардум ва ин марзу бум берун омад ва ҷумлаи фазилатҳояшро дар вусъати ҳадафҳои олии миллӣ ангезиш дод ва қудрати амал ато намуд. Ба сифати Пешвои миллат пазируфта шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як амри воқеӣ ва комилан мунсифонаест, ки бар ивази ҷонбозиҳояш дар роҳи ҳаёти саодатмандонаи миллат ба даст омадааст. Халқи тоҷик ба Пешвои хеш ба сифати дармонбахши дарди миллат ва бунёдгузори воқеии сулҳу ваҳдат менигаранд ва ин амал аз сафарҳои Президенти кишвар ба дилхоҳ гӯшаву канори мамлакат ба хуби ҳувайдо мебошад. Имрӯз миллати тоҷик ба хубӣ гиромидошти манзалати Сарвари оқилро дарк намудааст.
Бо дарназардошти ҳолатҳои баёнгардида, зарур ба ёдоварист, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад.
Бояд гуфт, ки ҳамқадами замон шудан ва дуруст истифода бурдан аз дастовардҳои илму технологияҳои муосир, дар пешрафти онҳо нақш гузоштан, инчунин, муаррифӣ намудани давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба чигунагии муносибат ба илмҳои дақиқу риёзӣ вобастагии зиёд дорад. Аз ин лиҳоз, рушди соҳаи маориф дар давраи соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки дар ин марҳала низоми босуботи маориф ба вуҷуд омада, насли бомаърифат, хештаншинос ва ватандӯст ба камол расид. Вале дар барораби ин, соҳаи маориф ва илми кишвар имрӯз аз мову шумо фаъолияти боз ҳам бештару масъулона ва дигаргуниҳои куллиро талаб менамояд. Агар мо хоҳем, ки дар оянда миллати босаводу пешрафта бошем, давлати аз лиҳози илмӣ ва техникиву технологӣ тараққикарда дошта бошем ва сатҳи зиндагии ҷомеаро бомаротиб баланд бардошта тавонем, бояд масъулият ва сатҳи касбияти омӯзгоронро баланд бардорем.
Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Дуруст аст, ки ҳанӯз дар ҳаёти омӯзгорон мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишӣ ҷой доранд, вале агар омӯзгор бо азму иродаи қавӣ дар иҷрои рисолати касбии худ кӯшиш намоянд, он гоҳ насле ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устоду омӯзгори худ мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хизмат мекунад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло дар хулоса таъкид доштан бамаврид аст, ки дар сохтани давлати навини тоҷикон ва мактаби нави давлатдории Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши босазо доранд. Дастуру супоришҳои онҳо дар роҳи муқовимат ба ҷаҳолат, хурофот ва бегонапарастӣ барои аҳли зиё ва омӯзгорони асил раҳнамои хеле қавӣ ва муттаҳидсозандаи тамоми неруҳои созандаи ҷомеаи муосир маҳсуб меёбанд.
Абдуллозода Д.А., муаллими кафедраи ПҶТ ва ТБҶ факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия