Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқовимат ба эксретмизм ва терроризм

1207Насуриён, П.А., Сафарзода, Ҳ.С., Ализода, А.Ш., Ҳайдарзода, З.П., Ҳайдарзода, М.П., Салихов, Р.С., Самиъзода, Б.С., Аҳёзода, Ш.Т. Муқовимат ба эксретмизм ва терроризм: дастури таълимӣ / зери назари д.и.ҳ., дотсент Раҳимзода Р.Ҳ. – Душанбе: То-рус, 2024. – 432 с.
Дар мархилаи навини таърихи башарӣ васеъ гардидани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ-террористии байналмилалӣ боиси таассуф ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, амалҳои мудҳиши террористӣ ҳудудҳои давлатҳои алоҳидаро раҳна карда, хусусиятҳои фаромиллӣ ва глобалӣ касб кардаанд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9 марти с. 2024 зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз дур рафтани бархе шаҳрвандони кишвар, аз аслу моҳияти дини мубини ислом дар сатҳи зарурӣ дарк накардани арзишҳои инсонпарваронаи он, баъзан ба хурофоту зиёдаравӣ майл кардани бархе шаҳрвандон изҳори нигаронӣ намуда, муносибати давлатро нисбат ба дину оин ва омилҳои пайдо гардидани терроризм ва ифротганоиву тундгароӣ дар замони муосир, равшан сохтанд.
Вобаста ба ин, дастури мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 таҳия шудааст. Дар он доираи васеи масъалаҳо вобаста ба таҳдиду хатарҳои фаъолияти ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дар минтақа ва ҷаҳон, асосҳои назариявӣ, ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва криминологии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, мақомоти корҳои дохилӣ дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм баррасӣ гардидаанд. Муқовимат ба экстремизм ва терроризм аз нуқтаи назари системавӣ ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ ва зиддиҳуқуқии замони муосир баррасӣ шуда, тарзу услухмуосири фаъолияти зиддитеррористии мақомоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пайдарҳамии мантиқӣ тавсиф ёфтааст.
Дастур барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ки дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм иштирок менамоянд, тавсия мешавад. Барои олимону муҳаққиқон, омӯзгорон, аспирантон, шунавандагону курсантон ва донишҷӯён маводи манфиатпазир хоҳад буд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...