Маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ватанӣ оиди муқовимат ба экстремизм ва терроризм
Маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ватанӣ оиди муқовимат ба экстремизм ва терроризм. Қисми 1 / мураттиб н.и.ҳ. Ҳайдарзода М.П. – Душанбе: «ЭР-граф», 2022. – 283 с.
Маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ватанӣ оиди муқовимат ба экстремизм ва терроризм бо назардошти ҳолати кунунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар он тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии то моҳи июни соли 2022 қабулшуда, бо тағйиру иловаҳояшон ҷамъоварӣ карда шудаанд. Дар маҷмӯаи мазкур аксаран матни пурраи қонунҳои ватанӣ пешниҳод шуда, дар баъзан мавридҳо бо мақсади зиёд нагардидани ҳаҷми он иқтибос аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ манзур карда шудаанд. Ин маҷмуаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои истифода ба доираи васеи кормандони амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла, мақомоти судӣ, адлия, прокуратура, таҳқиқу тафтишот, инчунин субъектони дигари соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм, устодону донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии сатҳи гуногун ва дигар шахсоне, ки завқманди дарки масоили муқовимат ба кирдорҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта мебошанд, тавсия карда мешавад.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр