Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Талабот ба мақолаҳо

ТАРТИБИ ҚАБУЛ ВА НАШРИ МАҚОЛАҲО

1.        Муаллифии сохта, бознашри мавод, азхудкунии муаллифӣ (сирқат (асардуздӣ)) ҳамчун рафтори ношоями илмӣ дониста шуда, ҳангоми аз ҷониби муаллиф (-он) роҳ додан ба чунин амал Маҷалла минбаъд ҳамкориро бо чунин шахсон қатъ менамояд.

2.        Мақола ба Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди чопӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешавад. Дар ҳолати истисноӣ шакли электронии маводде, ки аз хориҷи кишвар ворид гардида, ба талаботи нашр ҷавобгӯ мебошад, қабул карда мешавад.

3.        Мақола бояд дорои аннотатсия, вожаҳои калидӣ ва рӯйхати адабиёт бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бошад.

4.        Номи мақола ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо ҳуруфи сиёҳ ва бо ҳарфҳои калон, бе сархат ва дар мобайни матн ҳуруфчинӣ мешавад.

5.        Ба мақола бояд маълумот дар бораи муаллифон ба забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо ишораи Н.Н.Н.П., ҷойи кор (номи ташкилот), вазифаи ишғолкарда, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ ва суроғаи почта (хизматӣ), ҳамчунин суроғаи электронӣ замима шаванд.

6.        Мутобиқи мавзуи мақола муаллиф ТДУ–и онро нишон медиҳад.

7.        Шакли электронии мақола дар намуди файли MS Word дар андозаи *. doc бояд мутобиқат кунад.

8.        Файл бояд дорои ному насаби муаллиф (–он) бошад, мисол: Раҷабзода О.С. doc, Раҷабзода–Собирзода. doc

9.        Ба мақола ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:

– иқтибос аз протоколи ҷаласаи кафедра бо тавсия (дар сурати будани он аз ҷойи кори муаллиф) барои чоп;

– хулосаи экспертӣ дар бораи надоштани маълумоти барои чопи озод манъшуда, бо муҳри нишонии муассиса тасдиқшуда;

– тақриз аз ҷониби мутахассисе, ки дорои дараҷаи илмии доктор ё номзади илм (агар муаллиф (он) номзад, унвонҷӯ, аспирант ё адъюнкт) бошад, имзои муқарриз бояд ки аз ҷониби дастгоҳи кадрии ҷойи кори асосии онҳо (бо муҳри муассиса) тасдиқ шуда бошад;

– маълумотномаи барномаи «Антиплагиат» оид ба ҷой доштани фоизи муайяни матни аслӣ (ҳиссаи матни аслӣ набояд аз 70% кам бошад).

10.      Ҳаҷми мақола бояд на кам аз 5 ва на зиёд аз 20 саҳифа (барои докторон ва номзадҳои илм) ва на зиёда аз 12 саҳифа (барои докторантон, унвонҷӯён ва адъюнктон) бошад. Саҳифаҳои маводди ба нашр пешниҳодшаванда рақамгузорӣ карда намешавад.

11.      Мақола бояд бо ҳарфҳои муқаррарӣ, дар шакли электронӣ бо гарнитураҳои Times New Roman Tj, Times New Roman бо фосилаи байнисатрии ягона (одинарный) ҳуруфчинӣ шуда бошад. Фосилаи сархат бояд ки якхела ва баробар ба 1,25 см. бошад.

12.      Андозаи ҳуруфи асосӣ бояд ба 14 баробар бошад.

13.      Рақамгузории иқтибосҳо ба адабиёт бо рақамҳои арабӣ дар қавсҳои мураббаъ оварда мешаванд, масалан: «Ҳамчунон ки аз ҷониби Саидзода О.Б. ишора гардидааст [2, с. 34–40], чунин самара ҳангоме зоҳир мегардад, ки…».

14.      Рӯйхати адабиёт ва сарчашмаҳои истифодашуда бояд дар мутобиқат бо стандартҳои давлатии «Иқтибоси библиографӣ» мураттаб гардад.

15.      Рӯйхати адабиёт ва сарчашмаҳои истифодашудае, ки муаллиф ба он такя мекунад бояд на кам аз 10 ва на зиёда аз 20 адад бошад ва дар охири мақола оварда мешавад.

16.      Адабиёти истифодашудае, ки муаллиф ба он такя мекунад бояд адабиёти илмӣ бошад ва миқдори зиёди он бояд дар 5 соли охир ба нашр расонида шуда бошад.

17.      Истифода намудан ва истинод овардан ба маводди таълимӣ, маълумоти омории куҳна ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз эътибор соқитшуда дар матни мақолаҳо иҷозат дода намешавад.

18.      Зиёда аз ду маротиба ба маводди нашрии хеш истинод овардан ва аз сомонаҳои интернетӣ ва дигар махзанҳои интернетии ғайрирасмӣ истифода ва истинод овардан дар мақолаҳо иҷозат дода намешавад.

19.      Истифода намудани поварақ (ҳам дар зери ҳар саҳифа ва ҳам дар охири ҳар мақола) иҷозат дода намешавад.

20.      Барои мазмуни мақолаҳо ва маълумоти саҳеҳ муаллифонашон масъул мебошанд. Ҳангоми пурра ё қисман чоп ё ба ҳар тарз истифода бурдан, истинод ба сарчашма ҳатмист.

21.      Мақолаҳо ва маводди чопӣ ба суроғаи 734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи М. Мастонгулов, 3, тел: +(992) 93-992-68-84, +(992 37) 226 60 42 ва ё тариқи суроғаҳои интернетии E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол карда шаванд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...