Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ

2017-08-30akademiya vkd sОмӯзгорони арҷманд ва донишҷӯёну хонандагони азиз!
Муҳтарам устодон ва донишҷӯёни Академияи вазорати корҳои дохилӣ!
Ҳамватанони гиромӣ!

Имсол мулоқоти анъанавии мо ба ифтихори Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил якҷо бо ифтитоҳи бинои нави таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон – бистушашсолагии истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад.

Ба ин муносибат, омӯзгорону донишҷӯёни Академия, устодону толибилмони ҳамаи муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, кулли кормандони соҳаи маориф, падару модарон ва сокинони мамлакатро самимона табрик мегӯям.

Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба сифати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар тарбияи кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми назаррас дошта, кормандону хатмкардагони он дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳкими сулҳу суботи кишварамон фидокорона заҳмат кашида, ба Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат карда истодаанд.

Муассисаи мазкур, ки дар замони истиқлолият таъсис ёфтааст, дар давраи фаъолияти худ ҳазорон нафар кадрҳои баландихтисос ва ҷасуру далерро тайёр намудааст, ки онҳо дар лаҳзаҳои вазнину ҳассоси ҳаёти кишварамон ҳомиёни воқеии Ватан ва ҳимоятгарони манфиатҳои миллӣ будани хешро исбот кардаанд.

Дар охири асри бист ва оғози асри бистуяк сайёраи мо ба як қатор таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм, ҷангҳои мазҳабӣ, амалҳои даҳшатноки террористӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, густариши ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, одамрабоӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулодаи вобаста ба он, бемориҳои сироятӣ, шиддат гирифтани раванди аз нав тақсим кардани дунё барои ба даст даровардани захираҳои табиӣ аз ҷониби абарқудратҳо ва мушкилоти дигар рӯ ба рӯ гардид.

Чунин вазъ мардуми сайёра, аз ҷумла моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории амният ва суботу оромии ҷомеа аҳаммияти хосса зоҳир намоем.

Халқи мо ба қадри сулҳу оромӣ бештар мерасад, зеро мардуми тоҷик бо айби як идда ашхоси хоину зархарид, роҳбарони баъзе азҳоби сиёсӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намуда, мазҳаб ва фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо бор кунанд, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гирифтор шуда, хисороти зиёди моддиву маънавиро паси сар намуданд.

Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар сол дар кишвари мо соли хониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо дарси сулҳ оғоз мегардад.

Аз ин рӯ, бахусус, наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд.

Дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ кормандони милитсия, аз ҷумла устодону донишҷӯёни Академия дар баробари дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ ва сулҳу оромӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.

Мо ба ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ изҳори миннатдорӣ карда, хотираи неки онҳоеро, ки барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ қурбон шудаанд, абадан пос медорем.

Ҳамзамон бо ин, аз ақлу хирад ва сабру таҳаммули миллати куҳанбунёдамон ифтихору шукрона мекунем, ки маҳз ба шарофати иродаи қавии мардуми шарифи кишвар давлати ҷавони тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидем.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки сулҳи тоҷикон дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши муассир гузошт ва раванди миллатсозиву давлатсозиро дар мамлакат тавсеа бахшид.

Аз ин лиҳоз, ҳангоми дарси сулҳ омӯзгорон бояд ба шогирдони худ аҳаммият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа, рушди муназзаму муътадили кишвар ва пойдориву устувории давлат шарҳ диҳанд ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи сулҳдӯстиву сулҳпарварӣ тарбия намоянд.

Фарзандони мо бояд хуб дарк намоянд, ки омӯхтани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунар танҳо дар сурати пойдории сулҳу оромӣ ва амнияти ҷомеаву давлат имконпазир мебошад.

 Дӯстони азиз!

Дар кишвари мо Рӯзи дониш баробари дарси сулҳ арзиши баланд дошта, шогирдони муассисаҳои таълимӣ ва волидайну омӯзгорони онҳо ин санаи фархундаро бо шодиву хурсандӣ истиқбол менамоянд.

Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд.

Бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст.

Дар ин асос ҳоло дар низоми маориф ислоҳот ва навсозӣ бомаром идома дошта, Ҳукумати мамлакат дар доираи ислоҳоти соҳа консепсияву барномаҳои рушди соҳаи маорифро қабул ва амалӣ карда истодааст.

То ба имрӯз китобҳои таълимӣ бо дарназардошти шароити нав таълиф ва чоп гардиданд, ки онҳо доир ба ҳар як мавзӯи дарсӣ маълумоти бештар дошта, бар замми ин, омӯзгорони соҳибтаҷриба аз шабакаҳои иҷтимоии таълимӣ низ фаровон истифода менамоянд.

Инчунин, аксари муассисаҳои таълимӣ дар ҷараёни дарс аз технологияҳои наву ҳозиразамон ва шаклу усулҳои фаъоли таълим истифода карда, насли наврасро бо дастовардҳои муосири илмӣ шинос мекунанд ва ҷиҳати васеъ гардонидани дараҷаи ҷаҳонбинии онҳо кӯшиш менамоянд.

Низоми муосири таълим, ки хоси даврони истиқлолият мебошад, барои баланд бардоштани сифати таълим ва бедор кардани завқу ҳаваси хонандагон ба донишомӯзӣ мусоидат менамояд.

Ҳоло дар соҳаи маориф гузариш ба стандартҳои нави таълим идома дошта, зарурати ворид намудани шаклу воситаҳои нави азхудкунии илму дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот пеш омадааст.

Вобаста ба ин, омӯзгоронро зарур аст, ки ҷиҳати омӯхтани навгониҳои илмиву таълимӣ, таҷрибаи пешқадам ва такмили маҳорату малакаи касбии худ мунтазам кӯшиш намоянд.

Дар ин раванд, тарзи тақсимоти равиявӣ, ки бо супориши Ҳукумати мамлакат дар низоми таҳсилоти умумӣ, бахусус, литсею гимназияҳо ҷорӣ гардидааст, бояд такмил дода шавад.

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт ҳанӯз камбудиҳо вуҷуд доранд ва ислоҳи саривақтии онҳо боиси таҳаввулоти сифатӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ мегардад.

Дар баробари ин, самаранок ба роҳ мондани таҳсилоти салоҳиятнок ва давра ба давра ҷорӣ намудани он дар ҳамаи зинаҳои таълим талаби замон мебошад.

Дар ҷараёни навсозӣ бояд ба омӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан, риёзӣ ва табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад, зеро таълими самараноки ин фанҳо барои ояндаи Тоҷикистон ниҳоят муҳим буда, вусъат ёфтани тафаккури техникиву ҷаҳонбинии истеҳсолӣ шарти зарурии рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимми иқтисоди миллӣ мебошад.

Илова бар ин, маҳз тавассути таълими сифатноки фанҳои дақиқ қобилияти навҷӯӣ ва мафкураи наврасон қавӣ гардида, майлу рағбати онҳо ба ихтироъкорӣ ва тарроҳиву моделсозӣ бештар мешавад ва интихоби ихтисосҳои техникиву технологӣ аз ҷониби хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ огоҳона сурат мегирад.

Аз рӯйи таҳлили нишондиҳандаҳои Маркази миллии тестӣ соли чорум аст, ки дар кластери якум, яъне ихтисосҳои табииву техникӣ нақшаи қабул иҷро нашуда, ҳавасмандӣ ба чунин ихтисосҳои муҳим кам ба назар мерасад.

Аз ин рӯ, мо бояд дар мактабҳои миёна сифати таълими фанҳои дақиқро баланд бардорем ва таваҷҷуҳи хонандагонро ба ин фанҳо бештар ҷалб созем.

Бо ин мақсад, Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳарчи бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқу риёзӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро мунтазам ба роҳ монда, натиҷаи онҳоро ҳар шаш моҳ ҷамъбаст намоянд ва ғолибонро қадрдонӣ кунанд.

Дар баробари ин, Вазорати маориф ва илм дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар синфҳои равияи дақиқу табиатшиносӣ дарси шоҳмотро ҷорӣ карда, дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳангоми таълими фанни технология азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, дӯзандагӣ, колинбофӣ, адрасбофӣ, чакандӯзӣ, махсусан, ҳунари пухтани таомҳои миллӣ ва дигар нозукиҳои рӯзғордориро ба роҳ монда, ба барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии ин фан иловаҳо ворид намояд.

Ҳамзамон бо ин, ҳар шаш моҳ дар байни хонандагон озмунҳои чевари беҳтарин, кадбонуи моҳир ва монанди инҳоро гузаронида, доир ба дастгириву ҳавасмандгардонии моддиву маънавии ғолибон чораҷӯӣ намояд.

Баргузор кардани чунин чорабиниҳо завқи хонандагонро ба касбу ҳунаромӯзӣ бештар карда, дар оянда ба рушди сайёҳӣ таъсир мерасонад ва боиси зиёд шудани маҳсулоти ватанӣ барои сайёҳону меҳмонон мегардад.

Барои амалӣ намудани ин тадбирҳои муҳим зарур аст, ки ба таҳсилоти иловагӣ ҳамчун қисми таркибии раванди донишомӯзӣ ва интихоби касб эътибори ҷиддӣ дода шавад, зеро ҳадафи он, пеш аз ҳама, рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон ва наврасону ҷавонон мебошад.

Мо бояд на танҳо аз марказҳои таҳсилоти иловагӣ самаранок истифода намоем, балки дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфилҳои гуногуни эҷодиёти техникиву бадеӣ, санъати амаливу ороишӣ, варзишӣ, шоҳмотбозӣ, сайёҳиву кишваршиносӣ, биологиву экологӣ, гуманитарӣ ва монанди инҳоро ба роҳ монем.

Дар шароити кунунӣ ба омӯзиши фарҳанги миллӣ ҳамчун омили муҳимми рушди маънавии шахсият таваҷҷуҳ зоҳир кардан зарур аст.

Зеро ташаккули ҳисси зебоишиносӣ ва дарки амиқи фарҳанги миллӣ дар зеҳни хонандагон эҳсоси баланди ватандӯстиро бедор намуда, онҳоро ба омӯхтани осори адабиву фалсафӣ ва иҷтимоиву маънавии мутафаккирони гузаштаи халқамон водор мекунад.

Ба ин васила мо дар роҳи ба воя расонидани насли замони нав ва дорои ахлоқи баланди инсонӣ қадами устувор мегузорем.

Мо бояд ба таҷдиди низоми таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ низ вусъат бахшем.

 Таъкид месозам, ки дар масъалаи сифати таълим ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб, махсусан, дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ ҳоло ҳам ба муваффақият ноил нагаштаем.

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русиву англисӣ ба талаботи стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯ набуда, аксари хатмкунандагон ба ин забонҳо муошират карда наметавонанд.

Ба фанни технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва фанҳои тахассусӣ кам аҳаммият дода мешавад ва серталабӣ дар бобати аз худ кардани ин фанҳо кам ба назар мерасад.

Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илм, Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар вазифадор карда мешаванд, ки ба сифати таълими забонҳои хориҷӣ, технологияҳои коммуникатсионӣ ва фанҳои тахассусӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки ҳанӯз ҳам сатҳи дониш ва касбияти хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷавобгӯи талабот нест. Қисме аз онҳо бо иллати паст будани сатҳи дониш бо ихтисоси худ дар ягон муассиса ё ташкилот ҷойи кор пайдо карда наметавонанд.

Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳоло ҳам нарасидани китобҳои дарсӣ аз рӯи баъзе ихтисосҳо ҳамчун масъалаи ҳалталаб боқӣ мондааст.

Имрӯзҳо вақти он расидааст, ки ба усули анъанавии таҳсили ғоибона хотима бахшида, таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шавад.

Дар шароити имрӯза раванди таълиму тадрисро бе истифодаи васеи воситаҳои техникӣ ва технологияҳои муосир тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Аммо тибқи таҳлилҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳоло ҳам нарасидани озмоишгоҳу таҷҳизоти муосир мушоҳида мегардад.

Ҳарчанд ки бо супориши мо дар аксари донишгоҳҳо технопаркҳо таъсис ёфтаанд, лекин фаъолияти онҳо ба талабот мутобиқ нест.

Ҳадаф аз таъсиси чунин сохтори таълимиву истеҳсолӣ дар ҳайати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо маоши иловагӣ таъмин намудани омӯзгор ва ҷалби донишҷӯи магистр ба корҳои баъдидарсӣ ва пайдо кардани таҷриба мебошад.

Вале дар технопаркҳои муассисаҳои таълимӣ омӯзгорон кам фаъолият карда, ба ин коргоҳҳо шахсони дигар ба кор ҷалб шудаанд ва маҳсулоти баровардаашон низ сифатноку назаррас нест.

Аз ин рӯ, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф вазифадор карда мешавад, ки бо истифода аз сохторҳои худ дар маҳалҳо фаъолияти муассисаҳои таълимиро зери назорати ҷиддӣ қарор дода, барои беҳтар шудани сатҳу сифати таълим тадбир андешад ва ҳар шаш моҳ рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро гузаронида, сатҳи донишандӯзии донишҷӯён, маҳорату малакаи касбии омӯзгорон ва амалӣ кардани навҷӯиву навгониро дар низоми таҳсилоти олии касбӣ муқаррар карда, доир ба натиҷаи корҳои иҷрошуда ба Ҳукумати кишвар гузориш диҳад ва дар воситаҳои ахбори омма интишор гардонад.

Дар баробари ин, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифро зарур аст, ки ҳамчун мақоми ягонаи ваколатдор дар самти аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо, барои шаффоф ва дар сатҳи баланди касбӣ анҷом додани санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва дар маҷмӯъ, ҷиҳати арзёбии воқеии фаъолияти муассисаҳои таълимии мамлакат чораҳои муассир андешад.

Ҳамзамон бо ин, такмили донишу маҳорати омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ муҳимтарин омили беҳтар намудани сифати таълим мебошад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба масъалаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон эътибори ҷиддӣ дода, фаъолияти марказҳо, курсҳо ва донишкадаҳои такмили ихтисос зери назорати доимии Вазорати маориф ва илм, инчунин, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, қарор дода шавад.

Ҳукумати мамлакат дар роҳи татбиқи нақшаҳои стратегии худ ҳамеша ба омӯзгорон ва умуман, ба кормандони соҳаи илму маориф такя менамояд, зеро онҳо дар ҳифзу нигаҳдошти дастовардҳои истиқлолият ва рушди минбаъдаи кишвар нақши пурарзиш доранд.

Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзор бамаротиб зиёд шудааст.

Дар ин росто, ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин рӯҳия тарбия намояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Таҳдиди зуҳуроти харобиовари ифротгароӣ ва созмонҳои террористӣ, ки аксари онҳо фаъолияти худро бо номи ислом анҷом медиҳанд, имрӯз аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти ҷаҳонӣ касб кардааст.

Мубориза бо ин вабои аср на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи муҳимми ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад, зеро он на фақат ба давлат ва асосҳои конститутсионии он, балки ба рӯзгори ободу осуда, ба тарзи зиндагии ҳар як шахс ва аҳли оилаи ӯ таҳдид мекунад.

Роҳу усулҳои пешгирӣ намудани ҷалби ҷавонони кишварҳои гуногун ба ин гуна созмонҳои экстремистиву террористӣ имрӯз дар маркази диққати сиёсатшиносону сиёсатмадорони ҷаҳон қарор гирифтааст.

Ба назари мо, сабаби асосии фирефтаи таблиғгарони ташкилоту созмонҳои экстремистиву террористӣ гардидани ҷавонон, пеш аз ҳама, сатҳи пасти донишу маърифат, ҷаҳонбинии маҳдуд, инчунин, аз назорат дур мондани онҳо мебошад.

Ба гурӯҳҳои ҷангҷӯи экстремистӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамроҳ шудани баъзе ҷавонони мо низ боиси ташвиш гардидааст, ки инро дар суханрониву вохӯриҳо бо ҷавонон ва намояндагони дигар табақаҳои ҷомеа борҳо таъкид намудаам.

Ҷой доштани чунин зуҳуроти нангин моро водор месозад, ки ба масъалаи тарбияи ҷавонон боз ҳам бештар диққат дода, пеши роҳи гароиши онҳоро ба ҳар гуна ҳаракату созмонҳои тундраву террористӣ гирем, зеро чунин афрод ба шаъну шарафи миллати тамаддунсози мо ва давлати тоҷикон иснод меоранд.

Муҳтарам устодону омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагони азиз!

Дар арафаи таҷлили 26 - умин солгарди истиқлолияти давлатӣ ба истифода супорида шудани маҷмааи нави таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ далели равшани қадршиносии Ҳукумати кишвар аз хизмати содиқонаи ҳайати шахсии мақомоти милитсия мебошад.

Ба корҳои сохтмони бинои нави Академия дар арафаи таҷлили ҷашни бистсолагии Конститутсия асос гузошта будем ва чунонки имрӯз мебинем, бинои маъмуриву таълимии он, ки аз се қисмат ва ҳашт ошёна иборат мебошад, бо сифати баланди меъморӣ бунёд гардидааст.

Бояд таъкид намуд, ки ҳадаф аз бунёду таҷдиди заминаҳои моддиву техникии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи донишҷӯён, омода кардани мутахассисони баландихтисос ва ватандӯсту худшинос барои мақомоти корҳои дохилӣ ва такмилу тақвияти донишу малакаи касбии кормандон ба ҳисоб меравад.

 Дар зарфи солҳои 2000-2016 Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилиро беш аз 8 ҳазор нафар хатм намудаанд.

Имрӯз дар Академия 2200 нафар таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 156 нафарашон духтарон мебошанд, вале ин шумора ҳанӯз хеле кам аст.

Ҳоло бо супориши Роҳбари давлат дар ҳамаи муасисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 600 нафар ятимон, аз ҷумла дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 169 нафар таҳсил мекунанд.

Дар ин муассисаи таҳсилоти олӣ, инчунин, 56 нафар фарзандони кормандони мақомоти милитсия, ки ҳангоми адои хизмат ҳалок гардидаанд ва 15 нафар хатмкардагони хона-интернатҳои кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки иқдоми мазкур нишонаи ғамхории давлату Ҳукумат нисбат ба оилаҳои камбизоат ва қишри ниёзманди ҷомеа мебошад.

Хотирнишон бояд кард, ки бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ба роҳ мондани омӯзиши ҳамаҷонибаи фанҳои тахассусӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.

Дар робита ба ин, ба масъалаи таълими забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи байналмилалӣ эътибори ҷиддӣ додан зарур аст.

Яъне хатмкардагони Академия бояд на танҳо ҳуқуқшиносони баландихтисос, балки донандагони хуби забонҳои хориҷӣ низ бошанд.

Дар баробари ин, вазифаи устодони Академия аз он иборат аст, ки шогирдони худро дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои олии давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд ва дар навбати аввал худашон намунаи ибрат бошанд.

Итминони комил дорам, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни фаъолияти худ манфиатҳои миллиро аз ҳама боло гузошта, донишу малака ва ҳатто ҳастии худро ба ин ҳадафи олӣ равона месозанд.

Зеро мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар ҳифзи арзишҳои олии давлатдорӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, яъне волоияти қонун нақши калидӣ доранд.

Ҳайати шахсии сохтору мақомоти зикршуда бояд сатҳи баланди касбият дошта, аз лиҳози рӯҳиву равонӣ устувор бошанд, бо истифода аз шароити муҳайёкардаи давлату Ҳукумат ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд, зеро тавре ки дар оғоз хотирнишон кардам, вазъи ҷаҳон ва минтақа бисёр ноорому хатарзо мебошад ва ин масъаларо ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш набояд кард.

Чунонки огаҳӣ доред, бо Фармони Президенти кишвар «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» қабул гардида, давра ба давра татбиқ шуда истодааст.

Муҳимтарин масъала дар ин самт тибқи муҳлатҳои муайяншуда ва босифат таъмин намудани татбиқи бандҳои дахлдори санади зикршуда мебошад.

Ин санади муҳим дар баробари дигаргуниҳои ҷиддӣ дар самти беҳсозии заминаҳои моддиву техникӣ тақозо менамояд, ки корманди милитсия хислатҳои беҳтарини инсониву одоби баланди муошират дошта, хайрхоҳу одамдӯст бошад ва аз нигоҳи равонӣ, ҷисмонӣ ва ирода устувор буда, ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат намояд.

Таълимгирандагони Академия низ бояд дорои ҳамин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, сазовори номи баланди донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳомиёни ояндаи қонунияту тартибот бошанд.

Хизмат дар сафҳои милитсия поквиҷдонӣ, эҳтиром ба қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро тақозо намуда, кормандони мақомот набояд ба тамаъҷӯӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба шаҳрвандон ва истифодаи усулҳои номатлуби таҳқиқу тафтиш роҳ диҳанд.

Шумо бояд дар риояи талаботи қонунҳои миллӣ дар бораи танзими анъана ва расму ойинҳои миллӣ ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд низ пешсафу ташаббускор бошед, чунки қисми зиёди муқаррароти қонунҳои зикршуда ба зиндагии ҷавонон дахл доранд.

Ҳар кадоми шумо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки сулҳу субот ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.

Дар баробари шумо - наврасону ҷавонони мамлакат ман ҳамаи 240 ҳазор нафар кӯдаконеро, ки имсол ба синфи якум мераванд, табрик гуфта, ба онҳо саломативу умри дароз орзу мекунам ва умедворам, ки кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд.

Дар охир ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, кулли омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии кишварро бо оғози соли нави таҳсил самимона табрик мегӯям.

Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил муборак бошад, ҳамватанони азиз!





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...