Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Осори Академияи ВКД

ОСОРИ АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муассиси маҷаллаи илмии «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» – Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷаллаи мазкур аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтан таҳти № 335/МҶ-97 аз 1-уми марти соли 2024.

Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1998 нашр мегардад. То ба имрӯз 61 нашри он рӯйи чоп омадаанд.

Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Россия (РИНЦ) ворид карда шуд.

Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи нашрияҳои илмии тақризии Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии илмӣ оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илмҳо ва доктори илмҳо нашр гарданд, ворид аст.

Дар маҷалла мақолаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мешаванд.

Дар маҷаллаи илмӣ мақолаҳое, ки натиҷаҳои тадқиқоти илмие, ки ба тахассусҳои илмии соҳаи ҳуқуқии зерин: 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат (5.1.1. Илмҳои ҳуқуқии назариявӣ-таърихӣ); 12.00.02 – Ҳуқуқи конститутсионӣ; ҳуқуқи мурофиаи судии конститутсионӣ; танзими ҳуқуқии ҳокимияти маҳаллӣ (5.1.2. Илмҳои ҳуқуқӣ-оммавӣ (ҳуқуқӣ-давлатӣ)); 12.00.08 – Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (5.1.4. Илмҳои ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ); 12.00.09 – Ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ (5.1.4. Илмҳои ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ); 12.00.11 – Фаъолияти судӣ; фаъолияти прокурорӣ; фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (5.1.2. Илмҳои ҳуқуқӣ-оммавӣ (ҳуқуқӣ-давлатӣ)); 12.00.12 – Криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ (5.1.4. Илмҳои ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ) мебошанд, чоп мешаванд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...