Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тартиби тақриздиҳии мавод

ТАРТИБИ

тақриздиҳии мақолаҳое, ки барои нашр ба маҷаллаи

«Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид шудаанд

  • I.Ташкили тақриздиҳӣ

1. Ҳама мақолаҳои илмие, ки барои нашр ба маҷалла пешниҳод мешаванд, аз тақриздиҳии ҳатмӣ бояд гузаранд.

2. Раиси ҳайати таҳририяи маҷалла якҷо бо муовини раис мувофиқ будани мақоларо ба самтҳои маҷалла ва талабот ба тартиби он муайян намуда, барои баррасӣ ба мутахассисе мефиристанд, ки ба ихтисоси мавзуи мақола наздиктар мебошад.

3. Барои гузаронидани тақриздиҳӣ ба ҳайси тақриздиҳанда (муқарриз) аъзои ҳайати таҳририяи маҷалла, инчунин олимону мутахассисони баландихтисос, ки дорои дониши амиқи касбӣ ва таҷрибаи илмии соҳаи мушаххас мебошанд, аммо аъзои ҳайати таҳририяи маҷалла нестанд, ҷалб карда мешаванд.

Муаллиф ё ҳаммуаллифӣ кори тақриз шаванда наметавонад ба ҳайси муқарриз баромад намоянд.

4. Муқарризон огоҳ карда мешаванд, ки мақолаҳои ба онҳо фиристода шуда моликияти муаллифон буда, маълумот дар онҳо мавҷудбуда набояд ифшо кардашавад. Ба муқарризон нусхабардории мақолаҳои ҷозат дода намешавад.

5. Таҳририяи маҷалла ба муаллифони маводи пешниҳодшуда нусхаҳои тақризҳороёрадди асоснокро мефиристанд, инчунин уҳдадормебошад, ки ҳангоми гирифтани дархости дахлдор ба таҳририяи маҷалла ба Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия нусхаҳои тақризҳоро фиристад.

6. Муҳлати тақриздиҳӣ – на беш аз 14 рӯз.

II. Мазмуни тақриз ва тартиби тақриздиҳӣ

7. Тақриз бояд таҳлили ихтисосноки маводи мақола, баҳои объективии далелнок ва тавсияҳои асоснок дошта бошад.

8. Дар тақриз диққати асосӣ ба тавзеҳи дурусти масъалаҳои зерин бояд дода дода шавад:

– мутобиқат намудани мазмуни мақола ба мавзуи он, инчунин ба дастовардҳои муосири соҳаи илми барраси шаванда;

– шакли пешниҳод намудани мавод;

– дастовардҳо ва норасоиҳои мақола;

– мақсаднок будани нашри мақола.

9. Қарори қатъӣ оид ба чопи макола (дар сурати тақризи мусбат) аз тарафи ҳайати таҳририяи маҷалла қабул карда шуда (бо пешниҳоди раиси ҳайати таҳририя) дар протоколи маҷлиси ҳайати таҳририяи «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд карда мешавад.

10. Пас аз қабули қарор дар бораи ба чоп қабул намудани мақола котиби масъули ҳайати таҳририяи маҷалла оид ба он ба муаллиф хабар медиҳад ва муҳлати нашрро нишон медиҳад.

11. Агар дар тақриз тавсияҳо оид ба ислоҳ ва такмил додани мақола мавҷуд бошанд, котиби масъули ҳайати таҳририяи маҷалла ба муаллиф нусхаи матни тақризро бо пешниҳоди ба назар гирифтани тавсияҳо ҳангоми тайёр намудани варианти нави мақола ё бо далелҳои асоснок рад кардани онҳо мефиристад. Мақолаи аз ҷониби муаллиф ислоҳ шуда такроран барои тақриздиҳӣ пешниҳод карда мешавад.

12. Агар муқарриз мақоларо барои чоп тавсия накунад, ҳайати тахририя метавонад мақоларо ба дигар муқарриз фиристад. Дар сурати тақризи манфӣ ба муаллиф радди асоснок оид банашр фиристода мешавад.

13. Нусхаҳои аслии тақризҳо дар таҳририяи маҷалла ба муҳлати 5 сол маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд

III. Шакли тақриз

Тақриз

ба мақолаи Ном, насаб, номи падар, вазифа, дараҷа ва унвони илмӣ, мавзуи мақола

Дар матни тақриз, ки он даршаклиозод навишта мешавад, саволҳои зерин баён карда мешаванд:

- мутобиқати мазмуни мақола ба мавзуи он;

- то кадом андоза мақола ба даст овардҳои муосири соҳаи илми барраси шаванда мувофиқат мекунад;

- дараҷаи шакли дурустии пешниҳод намудани мавод;

- пешниҳоди тавсифи арзишҳо ва норасоиҳои мақола.

Дар охири тақриз хулоса оид ба мақсаднок будани нашри маводи тақризшаванда пешниҳод карда мешавад.

Муқарриз (Ном, насаб, номи падар, вазифа, дараҷа ва унвони илмӣ)

Имзо бо муҳри тасдиқкунанда

Сана





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...