Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маърифати ҳуқуқӣ самти асосии пешравии ҷомеаи мутамаддини тоҷик

1258Ҳамасола дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди устувори илмию иқтисодии ҷумҳурӣ, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди илмию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи ҳуҷҷатҳои ба нақшагирии стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳи шуурнокии ҷомеа, пайваста таҳлил ва вазифагузорӣ карда мешавад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои муайян намудани паҳлуҳои мухталифи сиёсати берунӣ ва дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии ҷомеа, барои роҳ надодани онҳо ба ҳуқуквайронкуниҳо ва ҳамчунин таъмин ва таҳкими амнияти миллӣ, нақши муҳим ва ҳалкунанда мебозад.
Яке аз самтҳои асоси пешравии Ҳукумат ин пешрафти соҳаи маориф буда, ҳамчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа мебошад. Ҳамин аст, ки 28-уми моҳи декабри соли 2023 зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ “дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 оид ба нақши маориф ва рушди ҷомеаи мутамаддин низ таъкидҳо шуд. Ба таъкиди Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “...авзои зуд тағйирёбандаи ҷомеаи имруза низоми маорифи мунтазам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгу ба талаботи рузафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омузгорӣ боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсил , илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ, вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулони соҳа ва аҳли маориф мебошад”.
Воқеан соҳаи маориф дар ташаккули ҷомеаи мутамаддини ҳуқуқбуёди пешрафта ва боадолат, нақши пешсаф дорад, бештар аз ин бунёди ҷомеаи муосир бе ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон имконпазир аст. Дар ташакули ин сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат нақши маориф ва омӯзгорон ҷойи аввалин дараҷаро мебозад. Маориф ва омӯзгор шаҳрвандро ба риояи талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳидоят менамояд, дар навбати худ шаҳрванд дар асоси маърифати ҳуқуқӣ муносибаташро дар ҷомеа лар доираи қонунҳои қабулгардида таъмин месозад. Бояд гуфт, ки эълон гардидани соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ, ин бояд соли таҳким бахшидани шуури ҷомеа ва маърифати он ба омӯзиши қонунҳо ва аз ҳамма асос ин Конститусия ки ҳамчун қонуни асосии давлат зиёда аз 30 соли охир дар ҳудуди ҷумҳурии мо амал карда истодааст ва огоҳ шудани мардум аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ мебошад. Чун ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсад аз эълон намудани ин сол ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи тафаккури ҷомеа дар ин самт ва роҳ надодан ба хатогие, ки мардуми моро маҷбур ба ҷанги бародаркуш намуд ҳамчунин роҳ надодан ба қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад. Ба ифодаи дигар соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун нишони эҳтиром ва арҷ гузоштан ба иродаи сиёсии сокинони мамлакат пазируфта шавад.
Маълум аст, ки шароити зуд тағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, бархӯрди тамаддунҳо, шиддат гирифтани муборизаи абарқудратҳои ҷаҳонӣ дар назди ҷомеаи мо вазифаҳои нав мегузорад. Вобаста ба ин Президенти мамлакат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор намуданд: «Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла то рафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии мамлакат тадбирҳои иловагӣ андешем». Ҳамчунин қайд намудан зарур аст, ки яке аз проблемаҳое, ки имруз ҷомеаи моро нигарон мекунад ин шомил шудани ҷавонон ба гуруҳои ифротгароӣ, экстремизм ва тероризм мебошад, ки маҳз сиёсати пешгирифтаи пешвои миллат аз ҷиҳати тарбия намудан, ин гурӯҳи шахсон ва бо воситаи донишҳои ҳуқуқӣ баланд бардоштани сатҳи шуурнокии ин шахсон мебошад.
Эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” набояд ҳамчун тадбири маъмурӣ дар як соли тақвимӣ фаҳмида шавад. Тавре, ки дар боло гуфта шуд, ин қарори Сарвари давлат ба хотири эҳтиром гузоштан ба тафаккури миллии сокинони мамлакат ва арҷ гузоштан ба худшиносии миллии онҳо қабул шудааст. То эълон шудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» қабул ва амалӣ гардида буд. Ин барнома барои баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, ташаккул додани ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба Конститутсия, тарғибу ташвиқи арзишҳои олии инсондӯстӣ ва демократӣ, донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионии худ, огоҳӣ доштан аз вазифаҳои инсон ва шаҳрванд равона шуда буд. Бо иҷро шудани ҳадафҳои асосии барномаи қаблӣ “Барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030” қабул гардид, ки ҳоло амалӣ мегардад. Тавре ки мебинем, тадбирҳои Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ амали пайдарпайи силсилавӣ мебошанд ва он вобаста ба пешрафти ҷомеа танзим карда мешаванд.
Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 набояд дар доираи анҷом додани маҷмуи тадбирҳои маъмурӣ дар як соли тақвимӣ ва бо гузаронидани чанд мулоқоту суҳбат, ҳамоишҳои қолабӣ ҷамъбаст карда шавад. Зеро пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон кардани соли 2024 далели эҳтиром гузоштан ба тафаккури миллии сокинони мамлакат ва арҷ гузоштан ба худшиносии миллии онҳо мебошад.
Дар давраи нави тақвият бахшидан ба маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон масъалаи асосӣ тарбия ва таълими дурусти фарзандон мебошад. Моро зарур аст, ки фарзандонро на танҳо илму дониш диҳем ва касбу ҳунар омӯзонем, балки онҳоро дар руҳияи содиқ будан ба манфиатҳои давлату миллат, дӯст доштани сарзамини аҷдодии худ, тарбия намоем, ба онҳо талқин кунем, ки Тоҷикистон Ватан ва ояндаи он дар дасти фарзандони мо мебошад.
Мирзозода С.С., и.в. сардори кафедраи фанҳои давлатӣ - ҳуқуқӣ, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...