Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Заминаи ҳуқуқии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»

1251Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, санаи 1-уми сентябри соли 2024 ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти мамлакат ба шумор рафта, дар он беҳтарин шароити илму донишомӯзӣ барои то 3500 нафар хонанда муҳайё карда шудааст, бевосита иштирок ва суханронӣ намуда, ба таври мустақим бо намояндагони маорифи кишвар, аз ҷумла, омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагон суҳбат доир намуданд.
Президенти мамлакат дар суханронии хеш қариб тамоми паҳлуҳои соҳаи маориф ва илмро аз муваффақиятҳои бадастомада то мушкилиҳои соҳавӣ дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ва таҳлил намуда, таъкид доштанд, ки танҳо саводу маърифат ва илму дониш инсонро аз ҳама бадбахтиву нокомиҳо наҷот мебахшад.
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки Пешвои муаззами миллат бисёр бо эҳсоси баланд онро мавриди муҳокима қарор дод, ин масъалаи мақоми омӯзгор дар ҷомеа ба ҳисоб мерафт. Дар ин маврид Сарвари давлат таъкид намуданд: «… ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст». «Яъне дар сурати заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат ба шарофати кору фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бомаротиб баланд мегардад».
Албатта, чунин суханҳои пурмазмун, ҳассосӣ ва ҳаяҷонбахши Президенти кишварамон дар васфи омӯзгор қаблан даҳҳо маротибаи дигар аз минбарҳои баланд садо дода буд. Аммо, нигоҳи хирадманд ба шуғли омӯзгорӣ ва заҳмату талошҳои ӯ имрӯз дигар аст. Яъне, дар робита ба ин масъала, Сарвари маорифпарвари тоҷикон Вазорати маориф ва илм, адлия, молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва Маркази миллии қонунгузориро супориш доданд, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Матлаб аз тавсеа ва супориши Президенти кишвар ҷиҳати қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» пеш аз ҳама эҳтиром ва арҷ гузоштан ба заҳмати ин қишри равшаниофари ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва ба воя расонидани мутахассисони мувофиқ ба талаботи замони муосир, роҳ надодани дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти касбии омӯзгор ва раванди таълими муассисаҳои таълимӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот, боз ҳам хубтар намудани сатҳу сифати зиндагонии омӯзгорон ва ҳимояи иҷтимоию ҳуқуқии онҳо, баланд бардоштани донишҳои тахассусии омӯзгорон ва амалӣ намудани дигар чорабиниҳое дар назар дошта мешаванд, ки дар умум баҳри ободонии ояндаи кишвар ва баланд бардоштани иқтисодиёти он руҳандозӣ мегарданд.
Фикр менамоем, ки қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» саривақтӣ буда, заминаи мустаҳками ҳуқуқиро дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳиб гардидааст. Яъне, дар замони истиқлоли давлатӣ вобаста ба танзими муносибатҳо оид ба соҳаи маориф ва илм санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, аз қабили, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025, Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025, Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025, Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022 – 2027, Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 – 2028, Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 ва ғайра қабул гардидаанд, ки дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мусоидат менамоянд.
Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 мафҳуми омӯзгор, мустақилияти муассисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани кафолати ҳуқуқӣ барои фаъолият ва инкишофи озодонаи муассисаҳои таълимӣ ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои онҳо бо дигар сохторҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, мазмуни мақоми омӯзгор ва омилҳои муайянкунандаи мақоми омӯзгор дар ҷамъият пешбинӣ карда шудаанд, ки бевосита бо пурра намудан ва ба таври дуруст дар бар гирифтани меъёрҳои муайянкунандаи мақоми омӯзгор дар оянда ҳангоми омода намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба инобат гирифта мешаванд.
Дар натиҷаи мутолиа ва таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии болозикр, ки вобаста ба танзими муносибатҳои соҳаи маориф ва илм, зинаҳои гуногуни таҳсилот, касбомӯзӣ ва ҷорӣ намудани технологияи нави илмию рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд ва яке аз субъектони марказӣ (асосӣ)-и татбиқкунандаи онҳо омӯзгор ба ҳисоб меравад, фикр менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» бояд моддаҳои зеринро дар бар гирад:
- мафҳумҳои асосӣ;
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми омӯзгор;
- соҳаи истифодаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»;
- мақоми омӯзгор;
- принсипҳои фаъолияти омӯзгорӣ;
- норавоии дахолат ба фаъолияти омӯзгор;
- роҳнамоӣ;
- таъмини амалисозии фаъолияти касбии омӯзгор;
- ҳуқуқҳои омӯзгор;
- уҳдадориҳои омӯзгор;
- қоидаҳои этикаи омӯзгорӣ;
- тайёркунии омӯзгорон;
- азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон;
- аттестатсияи омӯзгорон;
- категорияҳои тахассусии омӯзгорон;
- музди кори омӯзгор;
- мукофотонидан (ҳавасмандгардонӣ)-и омӯзгорон;
- ҳимояи иҷтимоии омӯзгорон;
- маҳдудиятҳо барои машғул шудан ба фаъолияти омӯзгорӣ;
- ҳалли баҳсҳо;
- назорати иҷрои талаботи Қонун;
- ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба мақоми омӯзгор;
- мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур.
Ҳамин тавр, бо боварии комил изҳор намудан мумкин аст, ки қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» дар оянда ба таври мусбат такони ҷиддие дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ояндасоз ворид намуда, ба амалӣ гардидани ормонҳои миллати куҳанбунёд, маорифпарвар ва илмдӯст, алалхусус, пешниҳодҳои некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳтироми хосае нисбати шахсияти омӯзгор ва касби омӯзгорӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Нуриддинзода С.Н., дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...