Ҳикмати Истиқлолият
Вожаи фалсафа маънои муҳаббат ба ҳикматро дорад. Ҳикмат доштани дониш, таҷриба ва ақли солим ва худи дониш танҳо маълумот мебошад. Ҳикмат истифодаи дониш барои ба даст овардани зиндагии хуб ва солимфикрӣ ё зиракӣ, қобилияти инъикос ва самаранок амал кардан бо истифода аз дониш, таҷриба, фаҳмиш, ақли солим мебошад. Ҳикмат фаҳмиши амиқ ва дақиқи худ, мушкилоти асосии ҳаёт, моҳирона ва хайрхоҳона мебошад. Ҳикмат доварии бузург дар бораи корҳои инсонӣ аст. Ҳикмат доноӣ, хирад, дониш мебошад.
Ҳикмати ватандӯстӣ яке аз унсурҳои асосии маърифати фалсафии тоҷикон ҳанӯз аз сарнавишти таърих ба шумор мерафт. Таърихи афкори гузаштаи инсоният гувоҳ аст, ки гузаштагони мо ҳамеша барои марзу буми ватан бо душмани сарсахт бо муқовимат рӯ ба рӯ буданд. Таҳлилҳои ва ковишҳои давр нишон медиҳанд, ки бо мақсади аз худ намудани замину моли касе шуриш ташкил накардаанд. Ҳамеша барои дифоъи ватан бо ҷанг рӯ ба рӯ буданд. Аз нигоҳи таърихи гузашта муборизаҳои ҳазорсолаҳои фарзандони номовари тоҷик ба монандӣ: Куруши Кабир, Дорюши Кабир, Спитамен, Ашки I, Куҷула Кадфиз, Ардашери Бобакон, Хусраи Анушервон, Хусрави Парвиз, Деваштич, Абӯмуслим, Муқаннаъ, шуубиҳои диловар, Исмоили Сомонӣ, Абӯиброҳими Мунтасир, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ, Восеъ, Ҷӯра Зокиров, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, садҳо ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ғайраҳо буд, ки мо дар фарҷоми асри ХХ соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидем.
Истиқлолият барои мардуми тоҷик давлати миллиро, ки орзуйи ҳазорсолаи тоҷикон буд, эҳдо намуд.
Дар таърихи ҷадиди мо чеҳраи асосие, ки тавонист дар раванди бунёди давлатдории миллӣ нақши калидиро ҳувайдо созад. Ва бешак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Зери ливои сиёсати дурнигару хирадмандонаи Пешвои миллат инак тайи 33 соли охир Тоҷикистони мо аз як давлати ҷангзада ва хело қафомонда ба як давлати воҳиду пешрафтаву шукуфон табдил ёфт. Фалсафаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки бунёдгузории нақши Пешвои миллат асосӣ мебошад аз тарафи дигар таъсири хиради азалии мардуми тоҷик ҳам хело баръало назар мебошад.
Бинобар ин, мавзӯи мақолаи мо низ ба фаъолияти ниҳояти мураккабу печдарпечу пурмасъулият ва шоҳкориҳои азими Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз авлавиятҳои кору пайкори вай арҷ гузоштан мебошад, равона мегардад.
Дар эҳёи фалсафаи замони истиқлол нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррасу арзишманд аст. Зеро ӯ аз ибтидои рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон баҳри ба даст овардани сулҳу салоҳи босубот ва устувору бебозгашт миёни тоҷикони парокандашудаву ҷилои ватанкарда ва дар заминаи он рӯ овардан ба бунёкориву созандагии ватан, истиқрори ҷомеаи адолатпешаи шаҳрвандӣ, барқарор кардани манзилгоҳҳову ба по гузоштани ҳаёти моддиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавии милливу суннатӣ ҷаҳду талошҳои пайваста ва ибтикороту шабзиндадориҳои беназирро ба харҷ додааст.
Тавре ки аз таърихи ватан яъне, Тоҷикистони соҳибистиқлол бармеояд, истиқлолияти давлатӣ ва сиёсӣ барои мо – тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомадааст. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ кишварамон ба варта ва гирдоби ҷанги шаҳрванди кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатиро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.
Пешвои миллат замоне зимоми қудрати сиёсии кишварро ба даст гирифт, ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанг ва фитнаҳои бузург афтода, хатари аз байн рафтани миллату давлат, забону таърих ва тамомияти арзӣ пеш омада буд. Мардум ба гурӯҳ ва созмонҳои мухталиф ҷудо гашта, ба якдигар бо забони тиру теғ сухан мегуфтанд. Ҷанги таҳмилӣ ва ирсолӣ тару хушкро месӯзонд. Ғубори тарс, қатлу куштор, ваҳшат, нафрат ва кинаву адоват ҷомеаро дар оғуши худ гирифта, дар раҳраву тангкӯчаҳо ҷасади шахсони фавтида пушти ҳам хобида буданд. Чунин вазъияти хатарнок ва тақдирсоз барои ҳастию бақои миллату давлат Пешвои миллат парчамбардори сулҳ, ваҳдат, ҳуввияти миллӣ ва пешвои сиёсии Тоҷикистон гардид!
Он рӯзҳои мудҳиш ошуфтагӣ, парешонии рӯзгор, нооумедӣ ва хушунат ҷомеаро фаро гирифта буд. Фирор роҳи зинда мондани қишре аз ҷомеа гардид. Муҳосираҳои иқтисодӣ, бераҳмӣ ва номардӣ ханда ба инсофу имон, муҳаббату инсонгарӣ мезад. Мағзҳои бедор фирор ва бархе аз ҷавонмардони меҳандӯст дар муқовимат бо ҷанг устувор ва пойдор монданд. Қавмситезӣ ва тоҷиккушӣ авҷ гирифта, аз тарси силоҳшурони бемурувват донишмандон ва олимон хомӯш гаштанд. Бархе аз биноҳои маъмурӣ, корхона ва хонаҳои истиқоматӣ дар мамлакат хароб гашта буданд. Пуштаҳо чун лолазор рангин аз хуни шаҳидон буданд. Ҳар инсон дар ҷустуҷӯи паноҳандагӣ ва макони амн буд. Амният ва осудагӣ барои ҳамагон арзиш пайдо намуд, аммо касе кафолат ва масъулияти амнияти дигар касро дода наметавонист. Киштии давлат ва миллат дар амвоҷи тӯфон бесарнишин ва халабон боқӣ монда буд.
Гурӯҳҳои ҷинояткор аз ин фурсат истифода намуда, ба ҷони олимон, намояндагони мардумӣ, кормандони давлатӣ, ходимони дин сӯиқасд менамуданд. Ҳастию бақои миллат дар зери хатари ҷиддӣ қарор гирифта буд. Дар чунин рӯзгори тираву тор ҷомеа ва кишвари Тоҷикистон ниёз ба Пешвои хирадманд ва инсони шариф дошт, то бори амонат ва масъулияти кишвардориро ба зиммаи хеш бигирад.
Пешвои миллат дар ин ҷодаи масъулиятнок нахуст ба парчам - нишонаи асосии давлату миллат эҳтиром гузошта, дар назди ҳозирин ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳор дошт, ки бо фазли Худо ба ҷанги таҳмилӣ хотима мегузорад. Миллат ва давлатро аз нестшавӣ ҳифз намуда, тамоми гурезагони иҷборӣ, яъне ҳамватонони азизро аз Афғонистон ва соири кишварҳои дунё ба Тоҷикистон меоварад. Ӯ изҳор дошт, ки то замоне як тоҷик берун аз ватан қарор дорад, ман осуда ва ором буда наметавонам. Тоҷикистон хонаи ҳамаи тоҷикон аст.
Ҷавҳари ҷавонмардӣ ва хиради азалӣ дар симои зоҳирӣ ва андешаву афкори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо чун офтоби тобон нурафшон буд. Ӯ низоми иқтисодии кишварро, ки дар натиҷаи дигаргун гаштани сохтори сиёсию низоми давлатдорӣ ва ҷанги таҳмилӣ аз ҳам пошида, валангор гашта буданд, аз нав дар шароити низоми демократӣ бозсозӣ намуд.
Фирқаҳое, ки оромиро дар Тоҷикистон намехостанд, мегуфтанд: шаҳри Душанбе муҳит ва рамзи пойтахт будани давлати Тоҷикистонро надорад, таъмини амният ва оромиш дар Душанбе ғайриимкон аст, пойтахти давлат аз Душанбе ба Хуҷанд ва ё ба ҷои дигар интиқол дода шавад.
Дар чунин шароити душвор шаҳрвадони тамоми манотиқи кишвар ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шӯрои Олӣ ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардад. Дар он вақт танҳо Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи ХVI муайян кард.
Замон ва таҷрибаи таърихии Иҷлосияи сарнавиштсоз исбот намуданд, ки роҳи муайянкарда ва пешгирифтаи он алтернативи дигар надошт. Иҷлосияи ХVI собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамгуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обру нуфӯзи кишварро дар арсаи байнамилалӣ собит ва ҳифз менамояд.
Новобаста аз баҳсҳои тӯлонӣ Иҷлосия тавонист қарорҳои таърихи ва сарнавиштсоз қабул намояд. Муҳимтарин дастоварди Иҷлосия тантанаи қонун ва бо роҳи сарқонунӣ ва ҳаллу фасл кардани тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. Мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризоияти миллӣ, якпорчагии Ватан ва сулҳ таъмин карда шавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии нахустини хеш чунин иброз намуда буд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократию ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард».
Имрӯз доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ суханронда, бояд таъкид намуд, ки муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии қарорҳои ҳамин Иҷлосия ва талошу ибтикороти муттасилонаву пайвастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ аст.
Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайри ҳукуматию ҳаракатҳои мардумӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Сарвари давлат аз омилҳое будан, ки ба амали гардонидани нақшаҳои Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд. Кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат ва парламенти кишвар, ҳамчунин заковати мардуми бономусу бофарҳангамон натиҷаҳои дилхоҳ додан два ниҳоят 27 июни 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Роҳи ҳалли масъалаҳои дар Созишнома ифодаёфта сулҳи бебозгаштро дар ҷумҳурӣ таъмин намуд. Мо имрӯз боҷуръатона ва бо ҳисси тафохур метавонем иброз дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодид эътироф шуд. Таърихи тамаддун ёд надорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин мӯҳлати кӯтоҳ қатъ шуда бошад ва ҷонибҳои даргир дасти дӯстӣ ба ҳам дода фаъолияти солими дастгоҳи воҳиди давлати хешро ба манзури ободии кишвар равон намоянд. Ин аст диалектика ё равобиту баҳампайвастагии мушкилот ё худ муаммои ҳикмати сулҳу салоҳ ва бунёдкориву созандагӣ, ки дар эъмору истиқрори ҷомеаи шаҳрвандии матлубу шоистаи Тоҷикистон ба таври возеҳ ба назар мерасад ва хушбахтона натиҷаву самараҳои хубу файзовар ба бор овардааст.
Хизматҳои нотакрори Пешвои маорифпарвар ва бегазанди миллати тоҷик дар муайян сохтани симои фарҳангӣ аз мутафаккирони тоҷик хеле бараъло ба мушоҳида мерасад.
Дар Паёми Президенти маҳбуби мамлакат таъкид гардид, ки равандҳои геополитикӣ то ҳанӯз ниҳоят мураккаб боқӣ мондаанд ва онҳо ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар чунин шароит Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисосу олимони пурмаҳсул, заҳматталабу ватандӯст ва дорои ҳисси баланди миллӣ ниёз дорад.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, Истиқлоли давлатӣ ва озодӣ арзишҳое ҳастанд, ки ба чизе иваз намешаванд. Онҳо барои миллати тоҷик омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзиши муқаддас маҳсуб меёбад. Истиқлол шаҳсутуни тиллоие ҳаст, ки бинои муҳташами давлат бар дӯши он устувор мебошад. Танҳо дар сурати пойдории ваҳдати воқеӣ Истиқлоли давлатӣ неруманду тавоно мегардад.
Ҳукумати Тоҷикистон бо сарвари Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар зеҳни тоҷикон он нобоварию ноумедиҳоро ба тақдири имрӯзу фардо бартараф созад, яъне дар гуфтору рафтор ва симои Пешво имрӯзу фардои хешро халқи тоҷик диду эътимод кард.
Ҳар як тоҷик имрӯз дарк кардааст ва боварӣ дорад, ки ин сарзаминро идораю обод карда метавонад. Ҳамин тариқ, Пешвои миллат дар ҷавҳари миллат арзиши ватандорӣ ва ифтихор аз онро бедор кард ва дар худшиносии миллӣ такони бузургро ба вуҷуд овад, яъне имрӯз хушбахтона ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ дар дарки ҳодисаю падидаҳо ва баҳо додани он, инчунин, бо дарёфти хеш дар гирдоби онҳо муваффақ мебошад.
Қадр кардан, арҷ гузоштан ва эҳтиром кардани фарзандони қаҳрамон ва таърихи миллат дар таърихи халқи тоҷик ормон беш набуд ва воқеият асту ҷойи баҳс нест, ки ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт қаҳрамонони миллату таърихи халқи тоҷик дар чунин сатҳ эҳтирому қадр ва арҷ гузошта нашудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон гузоштааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебошад, ки ҳар як тоҷикро бо гуфтору рафтори хеш омӯзонид, ки аз таърихи хеш огоҳ бошед ва ба шахсиятҳои таърихии миллат арҷу эҳтиром гузоред то ояндаро дида тавонем. Корнамоиҳои қаҳрамонони тоҷикро, ки онҳо бо умеди ояндаи миллат хизмати хешро анҷом дода будаанд ва дар замони хеш шояд чандон муваффақу дастгирӣ наёфта будаанд, вале Пешвои миллат бо арҷгузорию эҳтиром ва ситоиш кардани онҳо насли ҷавони тоҷикро огоҳу таълим намуд, Пешвои миллат дар баробари арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ (ҷашн гирифтани 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1025-солагӣ Шайххурраис Ибни Сино, Соли бузургдошти тамаддуни Ориё (соли 2006), 680-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 1100-солагии Давлати Сомониён, 675-солагии Камол Хуҷандӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 1000-солагии Шоҳнома, 1000-солагии Носири Хусрав, 90-солагии Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода, 2700-солагиӣ китоби «Авесто», «3000-солагии фарҳанги Зардуштӣ», 5500-солагии Саразм, баргадонидани номҳои таърихӣ-Суғд, Рашт, Ҷайҳун ва номи бузургони миллатро ниҳодани номҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар-Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Носири Хусрав, Ҷалолуддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Темурмалик, Спитамен, Деваштич, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) ва динӣ (чунончӣ Қуръони карим бо забони адабии тоҷикӣ нашр шуда ба таври ройгон ба мардуми Тоҷикистон тақсим карда шуд ва аз ҳисоби буҷети давлат -«Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Тафсири Табарӣ», «Кимиёи Саодат»-и Имом Ғазолӣ ва ғайра интишор шудаанд, ҷашн гирифтани 1310-солагии поягузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам ва соли 2009 соли бузургдошти Имом Аъзам эълон гардид) эътибори махсус намуд.
Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи халқи тоҷик ягона давлати миллӣ аст, ки на аз тарсу ва на аз манфиат саҷда ба қотилони миллату давлати хеш нагузошту ситоиш накард ва бе ягон дудилагӣ миллату давлати Тоҷиконро аз ҳеҷ миллату давлат поён надиду нагузошт ва бо онҳо дар як сатҳ сухан карданро омӯзонд ва ба соҳибихтиёрию мақоми соҳибдавлати Тоҷикон эҳтиром гузоштанро водор кард.
Таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он ташаккули низоми қонунгузории кишвар, бедахолату таъсири беруна ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва бо ташаббусу роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ омадааст, ки ин ҳақиқати бебаҳс аст.
Ташаккули артиши миллиро беягон дудилагӣ ва баҳонаҷӯӣ ва дар замони фалаҷи иқтисодиёти давлат, Эмомалӣ Раҳмон ташкил кард, ки имрӯз сипари боэътимоди осоиштагии кишвар аст. Ташкили артиши тоҷик дар ҳазор соли охир бо ташаббус ва номи Эмомалӣ Раҳмон пайвастагӣ дорад, ки имрӯз тоҷик аз он бо ифтихор сухан менамояд ва шуҷоату ҷасорат доштанро аз Пешво артишу ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ омӯхт ва дар рӯҳу ҷисми хеш шикастнопазириро ҷо кард ва воқеаҳои охир дар сарҳади кишвар гувоҳ аз ин воқеият аст. Бунёди вазорати дифоъ танҳо дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт ва бо қарори раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 декабри соли 1992 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр шуд ва 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии артиши миллӣ доир шуд, ки ин рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Ҳамин тариқ, Горди миллӣ, бригадаҳои таъинотҳои махсус дар вазорату кумитаҳои қудратӣ, ниҳодҳои ҳифзи сарҳад, коррупсия, муқовимат бо маводи мухаддир ва ғайра ташкил карда шудаанд, ки онҳо дар якҷоягӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, қонуният, сулҳу суботи кишвар нақши мубориз доранд.
Дар таҷриба кишваре, ки дар он ҷанги шаҳрвандӣ ҳукмфармо аст, одатан тарафҳо баҳри мансабу таллаву тороҷи мулк банданд, вале Тоҷикистон ягона кишвар буд, ки ҷанги шаҳрвандиро чун дарди ҷисму рӯҳи хеш пазируфт ва баҳри табобати он пардохт ва яке аз иқдомҳои наҷотбахш ин наҷоти миллат аз гуруснагӣ ҳисоб мешавад, ки саривақт Пешвои миллат бо фармонҳои интишор намуда- 9 октябри соли 1995 ва 1 декабри соли 1997 75 ҳазор гектар заминро барои истифода ба аҳолии деҳот тақсим карда шуд, ки ин амал барои таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ мусоидат намуд. Гуруснагии аҳолӣ дар ҳама гуна ҷанг ин шабеҳи рехтани равған дар оташро дорад. Имрӯз таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад ва ҳифзи амнияту суботи кишвар ба таъмини амнияти озуқаворӣ робита дорад, имрӯз коркарди маҳсулоти ватанӣ, рушди боғдорӣ, чорводорӣ, фарҳанги истифодаи оқилонаю мақсадноки замину об ва ғайра тадбирҳои анҷомдодаи Пешвои миллат мебошад, ки ҳар як тоҷику Тоҷикистониён аз он сари таъзим фуруд меорад ва ифтихор аз он дорад, ки дар чунин лаҳзаи сарнавиштсоз шахси роҳбариро ба зимма гирифт, ки бо руҳу ҷисмаш ғамшарики миллату давлат буд, вагарна доштани наҷот норавшан буд.
Корнамоии дигари таърихии Пешвои миллат ин таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар мебошад ва дар сарзамини тоҷикон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтани Эмомалӣ Раҳмон асосгузору меъмори сулҳу ваҳдат тасоддуф нест. Дар ин радиф иқрор бояд шуд, ки ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва таъмини бақои он хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин бахш ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ сари таъзим фуруд меораду ифтихор менамояд. Дар таърихи башарият ягон маротиба нашудааст, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ як тараф ба тарафи дигар чунин гузаштҳо кунад, ки чунин гузаштҳо дар сатҳи низоъи як хонадон, ки аз як падару модар ба дунё омадаанд имкони халос дорад, агар имкон бошад.
Эътирофу арҷ гузоштан нишони бузургии инсон аст ва тӯли таърих натовонистани эътирофу арҷ гузоштани фарзандони фарзонаи миллат чӣ қадар таърих ин миллатро ба санҷиш гирифтааст ба ҳар як тоҷик маълум аст. Ва ё ба қавли Лоиқи бузург:
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар кишвар ҳикмати беназир аст. Тақсими ҳокияти давлатӣ ба се шоха чун нишони давлати ҳуқуқбунёд, яъне тақсими ҳокимияти иҷроия, судӣ ва қонунгузорӣ (парлумони касбӣ) бо ташаббус ва дар давраи роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ омадааст, ки нодида гирифтан ё арҷ нагузоштан ба хизматҳои Пешвои миллат барои ҳар як тоҷик нобахшиданист. Танҳо ифтихор ва шукр бояд кард, ки ин миллату давлатро чунин эътирофи сатҳи байналмилалӣ натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат аст ва чун падарвор ғамхорӣ ва сарварӣ менамояд.
Ташаккули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони муосир аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад ва имрӯз сиёсати дарёфти сулҳ ва оштии миллӣ, дипломатияи об, ташкили фазои муътадили ҷалби сармоягузории хориҷӣ, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ташкили ҳамоишу конференсияҳои сатҳи гуногун дар пойтахти давлати Тоҷикон ва ғайра бо ташаббусу иқдомҳои Пешвои миллат вобаста аст.
Метавон ҳар ҷумлае, ки ҳувайдосозандаи фикри томи инсонӣ аст, ниёзманди тавзеҳоти муайяну мушаххасе аст, вале муроди мо таҳқиқи сарчашмаи илм, ки моҳияташ шинохти оламу одам аст, мутаваҷҷеҳ мегардем. Аз ин рӯ, баҳси асрору ниҳоди илмро ба дигар вақт ҳавола менамоем. Имрӯз танҳо аз асрору сиришти ҳикмати китоб ва ҳикмати ҳаким мувоҷеҳ мегардам.
Иқдоми волои Пешвои миллатамон дар мавриди тақдими ҳар хонадон намудани китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров шоистаи ибрати мо хоҳад буд. Мо метавонем ин иқдоми Пешвои миллатамонро дар мавриди тақдими китоби “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ – ин дастури бебаҳои ватандориву меҳанпарастӣ ба қисмҳои ҳарбии мамлакат, макотиби ҳарбии кишвар, бо таъсиси чорабиниву озмунҳое, ки ба омӯзиши ин китоби бебаҳо мусоидат кунанд, ба роҳ монем.
Воқеан Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ном ва роҳбарӣ фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт марбут аст, ки ба ҳайси шахсияти байналмилалӣ имрӯз дар сатҳи давлат, минтақа ва ҷаҳон пазируфта шудааст, ки барои ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ мояи ифтихору ибрат аст, зеро воқеан: «Шахсият ҳаст, ки давлатро (миллатро) дар баҳри пурталотуми ҳаёти сиёсӣ, мушкилоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, таҳдидҳои ҳарбӣ, ҳуҷумҳои фарҳангҳои бегонагон ба соҳили мурод мебарад. … Барои миллати тоҷик чунин шахсият баъд аз ҳазор сол насиб гаштааст.» [ Ниг.: Ятимов С. Субъекти сиёсӣ ва амнияти миллӣ // Рузномаи «Тоҷикистон», №7(1257), 14 феврали соли 2018. - С. 12-14 ].
Дар шароити муосир, ки равандҳои пурихтилофи ҷаҳони муосир торафт ҳаёти осудаи мардумро зери хатар гузошта истодааст доштани неъматҳое ба монандӣ: давлат, ваҳдат, амният, рӯзгори осуда ба ҳар кас муяссар намешавад. Хушбахтона дар чунин фазои тираранг мо тоҷикон аз чунин неъматҳо бенасиб нестем. Дар робита ба ин бояд афзуд, ки моро зарур аст нисбат ба қадри чунин арзишҳо дар замоне, ки онро дорем бирасем. Мутаассифона табиати инсонӣ чунин аст, ки дар айни соҳиб будан ба ингуна неъматҳо ба қадри он кам мерасанд. Расидан ба қадри ин неъматҳо танҳо ба нафаре даст медиҳад, ки вай дорои хиради баланди инсонӣ бошад.
Бо назардошти авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа ҳифзи Ватан, дӯстдории он ва ташвиқи андешаҳои ватандӯстона вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон новобаста аз миллату нажод ва дину мазҳаб мебошад.
Имрӯзҳо садҳо қувваҳое ҳастанд, ки мехоҳанд амнияту ободии моро барҳам зананду манфиатҳои сиёҳи хешро амалӣ кунанд. Махсусан қувваҳои террористию экстримистӣ, ки дар хориҷи кишвар лона доранд, бо ҳар роҳу васила чунин талошҳо доранд. Гурӯҳҳои тундрави гуногун андешаҳои воло ва муқаддасоти диниро барои барангехтани оташи кинаю адоват ва хусумату хунрезӣ таҳриф намуда истифода мебаранд.
Рӯз то рӯз тараққиёти Тоҷикистон ва соҳиби дастовардҳои бузургшудани он сабаби баланд рафтани нуфузи байналмилалии он гардида истодааст. Мо худ шоҳиди он ҳастем, ки дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ва роҳбари он мақоми махсусеро соҳибанд. Танҳо мисол овардани қабули ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар масъалаи обу иқлим аз тарафи ниҳодҳои байналмилалӣ дар ин самт басанда аст.
Ватан имрӯз марзу буми он сарзаминест, ки андар он зиндагӣ мекуниву ба муқаддасоташ арҷ мегузорӣ. Ватандориву давлатдорӣ, пеш аз ҳама, шинохт ва нигоҳдории ҳувияти худ ва ҳимояи он арзишҳои волои инсониест, ки зиндагиро дар он сарзамин фароҳам меоваранд. Дар ҷаҳони мураккабу пуртаззоди имрӯза танҳо кишваре метавонад вуҷуд дошта бошаду бо пешомадҳои шадиди тақдир муқобилият ва истодагарӣ кунад, ки худ марзу буми худро ҳимоят ва нигаҳбонӣ карда тавонад. Асри мо асри зӯровариву таҷовузҳои пай дар пайи инсонҳо бар сари ҳамдигар аст. Дар ин асри дастзӯриҳову абарқудратҳо аввалан ваҳдату ягонагӣ, сипас неруву тавоноӣ, далерӣ, шуҷоат, садоқат ва пойдории натанҳо ҳар инсон, балки ҳар кишвар кафолати зиндагониву амнияти ӯст.
Танҳо ягонагиву якдиливу ҳамҷонии миллате, ки қувваҳои мусаллаҳи тавоно ва дилпури худро дорад, метавонад дар ин овардҳои беамони ҳастии инсонии гирифтори душманиву муборизаҳо кафолати пойдории ин ва ё он кишвару миллатро бидиҳад. Хусусан кишвару миллати хайрхоҳу сулҳпарваре, мисли Тоҷикистони азизи мо ниёзи бештаре ба неруҳои қавӣ ва муҳофизони дилпури худро дорад.
Ҳимояи Ватан имрӯз на фақат масъулият, балки вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост.
Аммо мо миллате ҳастем, ки хушбахтона, мактаби бузург ва бемисоли ватандорӣ ва ҳимоя аз ватанро бо дастурҳои қиматбаҳои худ, амсоли “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ ва дигар корномаҳои шоистаи таърихӣ дорем. Асарҳое, ки беҳтарин сабақи ҳимояи Ватану марзу бум, ватандорӣ ва қаҳрамониро ба мо таълим медиҳанду метавонанжд ҷавонону наврасони моро дар ин рӯҳияи баланди ватандорӣ тарбият намоянд. Ба гумони банда, имрӯз замоне фаро расидааст, ки барои бедор кардани таваҷҷуҳи бештаре ба таълиму тарбияи рӯҳияи ватандӯстиву қаҳрамонӣ дар байни аҳолии кишвар, хусусан наврасону ҷавонон ба истифодаи бештару фарогиртар аз сарчашмаҳои бебаҳои фарҳангамон рӯ орем. Хусусан, гумон мекунам, таълими “Шоҳнома”-и безавол дар қисмҳои ҳарбӣ, Артиши миллӣ дар мактабу муассисаҳои таълимӣ барои тарӣияи рӯҳияи далериву ҷасорат ва ҷоннисории ватандӯстона аҳаммияти бузург хоҳад дошт.
Комилов Далер Рустамович, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Удуғзода.,
Назираи Сарафроз, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, муовини якуми директори Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон