Пурзӯр намуданаи раванди таълиму тарбия
(Дар ҳошияи суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш, 01.09.2024)
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сафати таҳсилот яке аз масъалаҳои асосӣ дар самти таълиму тарбия маҳсуб мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Рӯзи 1-уми сентябри соли равон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш бо оғози тантанавии соли нави таҳсили 2024-2025 ва ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои пойтахт баргузор гардид, ки ин мулоқот дар хотиру дидаҳои мо нақш мебандад.
Сулҳу суботи бардавом, оромиву амнияти мардум ва тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи миллӣ ва давлату ҳукумати соҳибистиқлоли кишвари мо дар раванди барқарории осудагиву ободии ҷомеа ва мардумон таҳким меёбад, ки воқеан, дар он метавонад таълиму тарбияи дурусту комили насли наврасу ҷавони ҷомеа ва шаҳрвандон ба таври муътадил амалӣ карда шавад.
Солҳои охир бо бархурди манфиатхоҳии абарқудратон, ки бо роҳҳои мухолифату ҷангандозиҳои иттилоотӣ ва силоҳнокшавии бошитоби худ мехоҳанд ҷаҳони мутамаддинро тақсиму пора кунанд, зарурати таҳкими маориф ва таълиму тарбияи дурусту комилан бошууронаи насли кучаку наврас ва ҷавонро дар ҳар як кишвар тақозо менамояд.
Ҳамзамон, барои паст кардани шиддату авҷи таҳоҷуми исломситезиву ба он бадбинӣ зоҳир намудан ва тафриқаандозӣ байни дину мазҳабҳо, инчунин, дигар омилҳои хатарзо ҳар як ҷомеаро пояи устувори маориф мебояд, то ҷомеа аз ин вартаҳои ҳалокатбор пирӯзмандона раҳо ёбад.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз рӯзҳои аввали давраи соҳибистиқлолӣ ба масоили мактабу маориф ва ғамхориҳо ба омӯзгору хонанда ва донишҷӯ тавваҷуҳи зиёд зоҳир намуда меояд, ки ин ҳама ғамхориҳои давлату ҳукумати кишвари мо бо баланд бардоштани сатҳи зиндагии омӯзгорон баҳри ободиву осоиштагӣ ва суботу оромона зиндагӣ ба сар бурдани мардуми кишварамон мебошад.
Бо идомаи пурзӯр намуданаи раванди таълиму тарбия дар шаклу усулҳои нави замонавӣ ва ҷавобгӯ ба ҷаҳони имрӯза мо мушоҳида мекунем, ки ислоҳоти маориф ва таҷдиду навсозии самтҳои таълимӣ ва шароитфароҳамоварӣ ба ин соҳа давра ба давра идома ёфта истодааст.
Ин ҳама ғамхориҳо ва дастгириҳои Ҳукумат моро вазифадор менамояд, то ҳар чи барвақттар бо мақсади ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон, ки марҳилаи хеле муҳимму аввалиндараҷа маҳсуб мешавад, таваҷҷуҳ намудаву роҳҳои бунёди муассисаҳои томактабӣ дар шаҳру деҳот ва ҷамоатҳои деҳоту деҳаҳои онро ба роҳ монем. Зеро, маҳз, бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва ҳиммату сармоягузориҳои соҳибкорони ватанӣ, ки сидқан барои халқу ватан ва ҷомеаи соҳибихтиёру мустақиламон хизмат намудаву баҳри боз ҳам ободии зодгоҳу диёри хеш мекӯшанд, мо ба маърифату дониши комил соҳиб хоҳем гардид. Чунки чунин саҳмгузориҳо дар рушду таҳкимёбӣ ва оромиву ободии кишварамон моро боз ҳам миёни мардуми олам ҳамчун миллати соҳиби тамаддуни куҳан ва хираду фарҳанги волои инсонсоз муаррифӣ менамояд.
Баҳри амалисозии дастуру ҳидоятҳо ва раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат дар рушди маориф, ки он барои ояндаи дурахшони ҷомеаи миллии мо пешбинӣ мегардад, моро вадор менамояд, то дар барномаҳои мактабӣ бо мақсади таҳкими шууру зеҳни хонандаи нозуктабъу зудфаҳм, ки дар айёми наврасию ҷавонӣ бо донишадӯзӣ маърифатнокии онон худ нақш ба санг бастани онҳост, дар ин замина, такмили бомарому ҷавобгӯйи замони муосирро дар бозомӯзии омӯзгорон фароҳам оварем.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани савияи дониши хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор намудани олимпиадаву озмунҳои фанниро сар карда аз шаҳру ноҳияҳо то сатҳи ҷумҳуриявӣ ва зиёд кардани ҳавасмандгардонии иштирокдорони онро яке аз тадбирҳои зарурӣ ва ҳатмӣ шумориданд, ки воқеан ин иқдом насли наврасу ҷавонро бо қадрдонии донишу малака ва маҳорати онҳо нисбат ба зиндагӣ ва фаъолияташон дар оянда дилгарм сохта, онҳоро руҳбаланду неруманд месозад.
Ва чун анъанаи дерини ниёгонамон, “Шоҳномахонӣ”-ро роҳандозӣ намудан ва ба чунин шуғли маърифатомӯз ҷалб намудани насли наврасу ҷавон худ барои оянда парваридани афроди солимфикру дар дониш баркамол аст, ки дар ин заминаҳо маҳорату малака ва қобилияти зеҳнии насли наврасу ҷавони ҷомеа тақвият ёфтаву мустаҳкам мешавад.
Дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш боз як нуктаи муҳимму рӯзмарра ироа гардид, ки Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилот, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва даҳҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии омӯзгорӣ, инчунин, кафедраҳои онҳо бояд “низоми маорифро дар асоси хусусиятҳои хоси миллӣ боз ҳам таҳким бахшанд ва ба таври куллӣ баланд бардоштани сифати онро таъмин намоянд”.
Бо мақсади тарбияву таълими насли ҷавони ояндасози миллат ва ҷомеа ҳар як падару модар бояд робитаи пайваста бо мактаб ва омӯзгорон бошад, ки ин баҳри парвариши фарди солими ҷомеаи мо аҳаммияти калон дорад. Ва фардо ҳар фарди ҷомеа соҳибтахассус гардидаву дар рушди оиладориву камолоти маърифати зиндагӣ ва ободии рӯзгори хеш ва ҷомеа саҳмгузор хоҳад буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон дастур доданд, то дар мактаб ба фарзандон сатҳи омӯзиши маърифати оиладорӣ, одобу ахлоқ ва асоссҳои давлат ва ҳуқуқ баланд бардошта шавад, ки он ба рушду тараққии ҷомеаи соҳибистиқлолу соҳибмаърифат ва пешрафта муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон, Пешвои муаззаму хирадманду маорифпарвари мо зарур шумориданд, то Вазорати маориф ва илм китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумиро дар тули ду сол таъмин намуда, “низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифро дар заминаи сарватҳои бебаҳои маънавию ахлоқӣ, таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи тарбиявии халқамон ва бо дарназардошти тақозои замони муосир, ниёзҳои давлати соҳиистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва арзишҳои умумибашарӣ пеш баранд”.
Бо мақсади амалисозии ин дастуру раҳнамоиҳои маърифатпарварона ҳоло замоне фаро расидааст, ки хонандаи имрӯза дар баробари илмҳои дақиқу риёзӣ ва табиатшиносӣ, ҳамзамон, маълумоти мухтасарро аз осори безаволи аҳли илму адаби тоҷику форс дошта бошад. Барои ин афкори солими маърифату донишомӯз, дар қатори абармардони хирадманди тоҷик – чун Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Саъдиву Ҳофиз, Низомӣ, Бедил, Ҷомӣ ва дигарон, мо тавассути барномаи китобҳои дарсӣ бояд онҳоро бо бузургони илму адабамон, ки манзалати ҷаҳонӣ доранд, ошно созем ва ҳар як хонандаи мактабро бо Закариёи Розиву Берунӣ, Ибни Ҳайсами Басрӣ, Ал-Хоразмӣ, Ал-Форобӣ, Ал-Фарғонӣ, Мавлонои Балхӣ, Насриддини Тусиву Ал-Хуҷандӣ барин бузургони илму адаби оламшумуламон ошно созем ва осори ҷаҳониву назарияҳои пажуҳида ва дар илми ҷаҳонӣ эътирофгардидаи онҳоро бо забони тоҷикӣ бештар нашр намудаву манзури соҳибзабонон гардонем. Ва ҳамин маслак дар барномаи китобҳои дарсии мактабҳои ғайритоҷикии кишварамон низ бояд ҷой дошта бошад, чунки имрӯз фарзандони мо дар мактабҳои русиву англисӣ низ таҳсил доранду аз чунин бузургонамон огаҳии дуруст надоранд. Мактабҳои ғайритоҷикии кишвар низ бо мақсади рушди ҷомеаи мо таъсис дода шудаанду фардо бояд ҳар як хатмкардаи ин гуна мактабҳо ҳам бояд ифтихороти он бузургонро дошта бошанд ва эшонро ба оламиён муаррифӣ кардаву ифтихор намоянд, ки аз миллати соҳибхираду соҳибмаърифат ҳастем. Аз ин рӯ, муаллифони китобҳои дарсии забону адабиёти тоҷикӣ ва ғайритоҷикии кишварамон вазифадор мешаванд, то пеш аз ҳама, дар доираи дастоварҳои таъриху тамаддун, фарҳанги миллӣ ва бузургони оламшумули забону илму адаби тоҷикӣ-форсӣ ва муҳтавои осори эшон китобҳои таълимиро таҳия намоянд, ки инъикоси андешаҳои оламгиру беназири донишмандон-ниёгони мо дар таърихи илмҳои дақиқ, риёзӣ, табии, кайҳоншиносӣву ситорашосӣ ва дигар илмҳо дар китобҳои дарсӣ ва ва ин амал дар тарбияву таълими насли худогоҳу худшинос ва бедорфикр нақши босазо мебозад.
Ин анъанаву барномаи таълимии мактабӣ бояд дар тамоми муассисаҳои олии кишвар низ такмил дода шавад, то ки ҳар як мутахассиси соҳибзабону соҳибватани мо, новобаста аз интихоби касбу ҳунараш (чи табиб, чи кишоварз, чи муҳандис ва ё бозаргон ва дигар касбу ихтисос), дониши фарҳангию адабӣ ва таърихию тамаддунофарии худро нисбат ба ватани худ соҳиб гардад ва бо камоли ғурури милливу маърифати комилаш аз гузаштаи хеш ифтихормандона бо назару андеша ва иқдоми нек ба ояндаи башарӣ нигарад.
Пешвои муаззами миллат барҳақ фармуданд, ки “Эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст” ва мо бояд чунон таълими инсонсозро манзури хонандаи мактаб созему ҷомеа инро дуруст қабул ва дарк намояд.
Зеро маҳз, бо чунин амалу муносибатҳои нек дар роҳи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва маводди омӯзишии хонандагони мактабу донишгоҳу донишкадаҳо мо ҳамқадами ҷаҳони муосир будаву ба дастоварҳои нав ба нави илмию техникӣ ноил хоҳем гардид, ки ин маслаку ин афкору нақшаи донишандӯзӣ дар роҳи рушди пайваста ва босамари иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву адабии мо манфиатбахш буда, таҳкимбахшанди рӯзгори ободу осоишта ва шароити хуби зандагии ҳар фарду ҳар хонадон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли мо гашта метавонад.
Сайидои Насафӣ барҳақ сурудааст, ки
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Маҳз, омӯзгор дар ботини шогирди хеш тухми хирадро кошта, меҳру муҳабббати ӯро ба китоб, ки равшангари чашми мо будаву раҳнамои зиндагии инсон дар ҳар мушкилот аст, бедор кардаву ҳар насли ба таълим фарогирандаро ошиқи китоб мегардонад. Донишу маърифат аз мутолиаи китоб ба даст меояду шууру зеҳни инсон аз хурдӣ танҳо бо таълиму тарбия ва азхудкунии хиради воло ва таҷрибаҳои андӯхтаи омӯзгор - устод ба шогирдаш ба даст меояд, ки мардумро дар ҷомеа ба инсондӯстиву рафоқат ва ватандӯстиву нангу номуси ватандорӣ талқин мекунад.
Оре! Маҳз, китобхонӣ, ки худ манбаи асосии илму дониш асту ҳаёти пурбаракати инсонӣ ба он ниёз дорад, бо донишу таълими судбахшоянда, шинохти таърих, сиёсату ҷомеа бо дарназардошти илму маърифати баланд моро ба мақсадҳои неку асил мерасонад.
Давлатшоева Азиза, сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД, н.и.пед., дотсент, полковники милитсия