Абармарди хирад ва сиёсат
Бигузор Тоҷикистони азизи мо ҳамеша шукуфон ва Истиқлолияти давлатамон пояндаву ҷовид бод!
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолият бузургтарин неъмат барои ҳар миллат мебошад. 33 соли даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарину созандатарин замоне мебошад, ки кишвари азизу маҳбуби моро ба тараққиёти устувор расонидааст. Ҳамагон медонем, ки аз кишвари бузурги Шӯравӣ ба мо меросе намонда буд. Замоне, ки Тоҷикистони тозаистиқлол аз Шӯравӣ озод шуд, яъне дар соли 1991 мисли як кӯдаки навпо буд, ки ба як ҷаҳони ҷадиде қадам мегузорад. Ин кишвари кӯчак на пуле дошт, на артиш, на марзи мушаххас ва ҳамчунин сармояе ҳам дар ихтиёр надошт. Аммо иродааш мисли кӯҳ устувор буд то битавонад ба пойи худаш рост биистад. Бо мурури замон марз, забон ва воҳиди пулии худро мушаххас кард. Нефту газ ҳам надошт, аммо шикаст нахӯрд ва тавонист ба масири интихоб кардааш идома бидиҳад. Ин кӯдаки навпо имрӯз ба як кишвари бузург ва мустақил табдил ёфт. Талошу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба истиқлоли комил басо бузург аст. Чуноне, ки мегӯянд давлатдорӣ ба мисли гирифтани лахчаи оташест ба каф ва бояд онро ба маконе бубарӣ то ҳам мурод ҳосил шавад ва ҳам дастад насӯзад. Соли 1992 роҳбарии кишварро ба дасти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доданд, гӯё дар кафи дасташ лахчаи оташро гузоштанд, зеро миллати тоҷик дар ҳолати нестшавӣ қарор дошт. Тамоми мулкро камондорон идора мекарданд. Мансабдорон ҳама гӯшаи оромро интихоб намуда буданд. Ҳамсафаре, роҳбаре ва ё шахси сарсупурдаи миллатро ёфтан душвор буд. Аммо ӯ хоҳару бародарони ҳамфикру ҳамдил ва далеру ғаюрро ба атрофаш ҷамъ намуда, барои татбиқи нақшаву ниятҳо ва ормонҳои беҳсозандаи рӯзгори мардуми баҳоргумкарда талош варзид. Батадриҷ андешаҳои вусъатободӣ, созандагию бунёдкорӣ ҷойи яъсу ноумедиҳоро мегирифт. Он нукта ӯро азоб медод, ки баъзе аз душманони беруна ҷанги шаҳрвандиро асос намуда, тоҷиконро на аз нажоди ориёӣ, балки аз қавми омехтаи юнониву турку араб медонистанд. Ин масъала ӯро ба омӯзиши ҷиддии таърихи Ватан кашид. Зиндагиномаи мардуми тоҷикро пур аз саҳифаҳои рангини ҷоннисориҳову худфидоиҳо дар сангарҳои ватанхоҳӣ дарёфт. Ӯ андешае дошт, ки ҷавонмардони тоҷик дар майдони мубориза ҳамеша мард буданд, ҳилла ва фиребу найрангро намедонистанд. Онҳо ҳама бурду бохтро аз худ медиданд. Гоҳо ба ҳам дарафтанд ҳам, оқибат ҳисси амиқи худогоҳию хештаншиносӣ онҳоро ба сари сулҳу салоҳ ва авфи гуноҳҳои якдигар меоварад. Ин хулосаи дуруст ӯро ба сӯи хатми ҷанг ҳидоят мекард. Вале ҳалли масъалаи дигар пеш омад: бадхоҳони дохиливу хориҷии миллати тоҷик дар тамоми ҷаҳон ҷор мезаданд, ки раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вакилони дастнигар интихоб кардаанд, на мардум. Бинобар ин сабаб интихоботи Президенти мамлакатро эълон намуданд.
Дар чунин шароити душвор шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шӯрои Олӣ ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид. Дар он вақт Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба душ гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи XVI муайян кард. Мардум аз миёни довталабони ин мансаб ӯро пазируфтанд. Ин ба вай қувват бахшид. Аз пайи хомӯш сохтани ҷанг шуд. Азбаски халқ пуштибонаш буду нияташ соф, дар сафари нахустинаш аз Афғонистон паёми сулҳу сафоро овард. Ёдовар мешавем, ки дар солҳои бениҳоят душвор ва сарнавиштсози миллати тоҷик махсусан дар соли 1995 бо шароит фароҳам овардани Президенти Ҷумҳурии Афғонистон шодравон Бурҳониддини Раббонӣ ва қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд аввалин бор музокироти сатҳи олӣ барои сулҳи тоҷикон дар шаҳри Кобул баргузор гардид. Дар он шароити мураккаб музокирот ду рӯз давом кард. Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар бораи инсондӯстии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози назар кард: "Роҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, Ватанаш Тоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дӯст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омодааст, ҷонбозиҳо кунад. Бо чунин Раис тоҷикон ба сулҳу оштӣ даст хоҳанд ёфт.
Бадбахтии миллати мо - афғонҳо дар он буд, ки чунин роҳбари ғамхор надоштем..."
Садои даҳшатангези тир дар сарзамини тоҷикон хомӯш гардид. Хираду анъанаи ҷангбезорию сулҳсолории мардуми тоҷик ғолиб омад ва дар шаҳри Москва созишномаи сулҳу суботи кишвар 27 июни соли 1997 ба имзо расид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоме, ки масъулияти сангини давлатдориро бар ӯҳдаи худ гирифтанд ва ин ба он маъно буд, ки худро дидаву дониста ба дохили оташ афканӣ. Ҷанги дохилии хонумонсӯз зарбаи бузурге буд, ки кишвари моро даҳсолаҳо ба ақиб мононд. Хисороте, ки аз ҷанг монда буд зиёда аз 10 млрд. долларро ташкил медод. Ҷуброни ин хисорот бо мурури замон барқарор шуд, аммо ҷуброни ҷони нафарони бегуноҳе, ки ба қатл расонида шудаанд ба ҳеҷ ваҷҳ номумкин аст. Дуди талхи оташи ҷанги шаҳрвандӣ чашмҳоро мегирёнду қалбҳоро месӯзонд. Гиряву афғони кӯдакони ятимгашта ва модарони ҷигарпорашударо ҳатто қалбе, ки аз санги хоро бошад таҳаммул карда наметавонист. Аз ин фурсат ва нобасомониҳо гурӯҳҳои мухолифини миллати тоҷик ғаразҳои нопоки худро амалӣ мекарданд. Яке аз талафоти дигари ҷуброннашаванда барои миллати мо дар айёми ҷанги шаҳрвандии дохилӣ ин ба ҳалокат расонидани шахсиятҳои номдори миллат, олимону ходимони сиёсӣ ва аҳли фарҳанг аст. Ҳамчунин бояд қайд намоям, ки ҳазорон ва ҳатто миллионҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун гуреза бо давлатҳои Афғонистон, Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои ИДМ паноҳ бурданд. Абармарди хирад ва сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон замони нобасомониҳо ҳадиси шодбахшеро ба забон оварда буд: "То даме, ки охирин гурезаро аз дари ғарибӣ ба хоки муқаддаси Тоҷикистон бознагардонам, осуда нахоҳам буд". Сарвари давлат ба ваъдаи худ вафо карданд ва фирориёни Ватанро чун мурғакони пазмони лонаву макон ба сарзамини падаронашон оварданду ба корҳои ободиву созандагӣ ва роҳ ба сӯи ояндаи дурахшони Ватан пеша намуданд. Сулҳу ваҳдат ва оромиву осудагӣ Тоҷикистонро ба роҳи бунёдкорӣ, пешрафт ва тараққиёт бурд. Рӯҳи инсон баланд аз қуллаҳои сар ба афлоки Ватан, аз оби зулоли чашмасорону рӯдхонаҳо чун шири модар сафед мегардад. Имони комил дошт, ки хоки Тоҷикистон нӯшдорусту боди Тоҷикистон малҳам, оби Тоҷикистон ширинтар аз шаҳду қанд аст ва оташи Тоҷикистон зиндагиафрӯз.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва ба мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дар санаи 6 ноябри соли 1994 қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дарҷ шудаанд.
Бо ин ҳама ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод эътироф кардааст, мо - шаҳрвандони он бояд муттаҳид бошему дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм бигзорем ва бо исми миллат ифтихор кунем.
Ба халқу Ватан, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона хизмат мекунем.
Саидов Толиб Шамсиддинович, курсанти курси 5 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти милитсия