Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоб ганҷи сухан аст!

1249Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда буданд, рӯзи оғози сохтмони бинои нави китобхонаи миллӣ, яъне рӯзи чоруми сентябр Рӯзи китоб эълон карда шавад.
Аз ин рӯ ҳама сол дар кишвари азизамон бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми сентябр рӯзи китоб ҷашн гирифта мешавад. Китобдорӣ ва китобхонӣ ин як рамзи инсондӯстӣ буда нафаре, ки бо китоб машғул ҳасту ва китоб ба даст мегираду мутолиа мекунад ба он нерӯи нав мебахшад ва аз он бисёр ғизои маънавӣ бо худ мегирад. Қадри китоб аз ҳама чиз боло буда дар он нишони ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ дарҷ гардидааст. Тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд донад, ки Пешвои миллат дар тӯли 33 соли Истиқлолият дар бораи китоб чӣ фикру мулоҳизаҳо доранд, ки миллат бояд соҳибмаърифат шавад. Чӣ хеле Пешвои миллат дар суханрониҳои худ дар бораи китоб ва нигоҳдории китоб қайд намуданд:
“Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудоинопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Беҳуда нест, ки китобхонаҳои бузург ва номдори олам боиси ифтихори тамоми инсоният ба шумор мераванд”.
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама оилаҳои кишвар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров туҳфа гардид. Ин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади аз худ кардани гузашати пурифтихори халқи тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ мебошад.
Китоб ганҷинаи сухан ва хазинаи илму дониш аст. Китоб мӯъҷизаест, ки ба одамон қуввати илмӣ мебахшад. Китоб бо саҳифа, ҳарфу сатрҳояш дар назари одамон як варақи оддӣ бошад ҳам вале ин варақ сатҳи донишу сухан ва баёнгари гуфтори инсонҳост. Китоб илму дониш, ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, оинаи ҳаёт, ганҷи сухан буда калиди дари зиндагии одамон аст. Чӣ хеле, ки шоир фармудааст:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Китоб доштан ва тарзи дуруст истифода бурдани китоб барои одамон ҳамчун як намуна ва чӣ гуна будани шахсиятро нишон медиҳад. Одамони бомаърифат вақтҳои худро дар хондани китобҳо ва китобхонаҳо мегузаронанд ва ба худ бисёр чизҳоро дар бораи ватандӯстиву хештаншиносӣ меомӯзанд. Аз ин рӯ, мо ҷавонон кушиш менамоем, ки вақтҳои холигии худро дар хондани китобҳо ва китобхонаҳо гузаронем. Зеро китоб дар ҳаёти инсон рафиқи бовафо буда, инсонро дар роҳи рости зиндагӣ ҳидоят менамояд.
“Китоб дар назди мардуми мо чунон қадру манзалате дорад, ки онро зери болини тифли навзод мегузоранд – бо ният ва умеде, ки дониш чароғи равшани дили ӯ ва дар зиндагӣ ҷавшани танаш бошад. Ин анъанаи нек бояд идома ёбад ва ба наслҳои оянда дарси ибрат гардад”. Маҳз бо ҳамин гуфтаҳо Пешвои миллат қадри китобро аз ҳама боло донистааст, ки ин боиси ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистонист, зеро ягон роҳбари давлат дар бораи қадри китоб ва китобдорӣ ягон сухане нагуфтааст. Бо ташаббусу пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби ҷавонону наврасони кишвар ба китобхонӣ ва пайдо намудани завқи онҳо озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ гардид, ки барои ғолибони озмун мукофотҳои пуливу моллӣ ва ифтихорномаҳо пешниҳод гардидааст. Бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳман ғолибони озмун агар талабаи мактаб бошад бемамоният метавонад ба дилхоҳ донишгоҳи кишвар бе маркази миллии тестӣ дохил шавад. Имсол соли шашум аст, ки ин озмун баргузор мегардад ва шумораи иштирокчиёни он ҳамасола афзуда, сатҳи баргузории он беҳтар гардида истодааст. Хонандагони тамоми муассисаҳои таълимии кишвар ва кормандони гуногуни соҳаҳои кишвар кӯшиш менамоянд, ки иштирокчии ин озмун бошанд ва соҳиби ҷойҳои намунавӣ гарданд. Ин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштан сатҳи дониши ҷомеа ва ҷалб намудани мардум ба китобхонӣ ва тарзи дуруст нигоҳ доштани китоб мебошад. Бо ин иқдоми бузурги Пешвои миллат сатҳи дониш ва ахлоқи ҷавонони мо афзуда истодааст, рушди китобу китобдорӣ хеле назаррас мебошад.
Дар бораи назари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи китобхонӣ ва китобдорӣ боз метавон далелҳои зиёд овард. Аз ин рӯ, дар охир ба ҳама сокинони кишвар бахусус ҷавонон зарур аст, ки барои сиёсати маорифпарварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста саҳмгузор бошанд.

Сардори китобхонаи Академияи
Вазорати корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти милитсия
Умарзода Фахриддин Шералӣ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...