Асосҳои ахлоқии ҳикмати ватандорӣ
Ватан маконест, ки мо дар онҷо чашм ба дунё кушодаем. Меҳру муҳаббат ба Ватан аз даврони кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарраи хоки муқаддаси Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту хушҳол бошад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай хизмат кардан мебошад.
Мафҳуми Ватан калимаи арабӣ буда, маънояш зодгоҳ, ҷойи камолот, диёр, меҳан, кишвар, мамлакат ва сарзамине, ки кас дар он таваллуд шудааст. Кишваре, ки бо сарватҳои табиӣ, аҳолӣ, сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, ҳусусиятҳои забон, фарҳанг, ойин, урфу одат ба соҳибватанон таърихан тааллуқ дорад. Шахсеро, ки берун аз ватани худ бошад «мусофир», «муҳоҷир» ва «ғариб» мегӯянд.
Мо агар аз таърих назар афканем баъди Инқилоби Октябри соли 1917 ва таъсиси ИҶШС (1922) маънои Ватан ва ватандорӣ барои тоҷикон ва дигар миллатҳо, ки дар қаламрави собиқ ИҶШС-ро фаро мегирифт, ғояҳои дӯстии тамоми миллатҳои ин иттиҳодро ифода менамуд. Баъди барҳам хӯрдани ИҶШС ва соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидани кишварҳои узви он мафҳуми Ватан ба қисми ҷудонашавандаи шуури миллии ҳар як соҳибватанон табдил ёфт. Дар давраи муосир Ватан барои тоҷикон ва ҳар соҳибватан дар радифи модар (модар-Ватан) яке аз муқаддастарин арзиш фаҳмида мешавад.Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми тоҷикони дунё ватани аҷдодӣ мебошад. Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дуст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу, Восеъ далели гуфтаҳои болост. Шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар донистааст;
Ватан сар мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар,
Ватан сар мешавад аз тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беэфузии мост,
Ватан хушномию фирузии мост.
Аз соҳибистиқлолии кишвар 33 сол гузашт. Ҳарчанд дар ин муддат мушкилоту монеаҳо вуҷуд доштанд, Тоҷикистон роҳи пуршараферо тай намуд. Мардум бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободкорию созандагӣ камар баст.
Суханони пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Мо як давлат, як Ватан ва як модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст».
Вақте ки сухан дар бораи ҳисси ватандӯстӣ меравад, намунаи олии онро дар корномаву симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшан ҳис мекунем. Хизмати шоистаи ин абарманду ҳикматшиносро, ки тамоми вуҷудашонро муҳаббат ба Ватан фаро гирифтааст, хотиррасон намудан барои дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон мисоли равшанест, ки ҳисси ватандорӣ чун шири модар софу беғубор, муқаддас ва азиз вуҷуди моро аз кӯдакӣ фаро гирифтааст. Ба қадри Ватан касе бештар мерасад, ки муддате дур аз Ватани худ зиндагӣ карда бошад. Яъне меҳру муҳаббат ба Ватан, миллат ва забонӣ модарии худ эҳсос накардан дар дил ҷо надодан мумкин нест.
Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд аст, ки Модар-Ватан низ ба он шомил мегарданд. Ҳисси ватандӯстӣ ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд;
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
Аз ин байти пурмазмун чунин андеша бармеояд, ки Ватан ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ҳеч ганҷе наметавон иваз намуд. Имрӯз дар масъалаи ватандӯстӣ ба он хотир сухан мекунем, ки мобояд ба қадри Ватан, ба қадри сулҳу субот, оромиву амнияти кишвар бирасем.
Дӯст доштани Ватан, дифоъ ва ободонии он қарзи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дӯст доштани Ватан, муҳофизати Ватан, хизмати Ватан, обод кардани он, садоқат ва ростӣ аст.
Шарифзода Санавбар Абдуғафор, омӯзгори кафедраи ТТ ФОҶ, лейтенанти калони милитсия