Машғулияти омӯзишӣ дар бораи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ
26 сентябри соли 2024 тибқи Барномаи ҳамкории байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон (КБСС) барои соли 2024 машғулияти омӯзишӣ дар бораи КБСС ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ (ҲББ) бо шунавандагони факултети № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Машғулияти омӯзишӣ аз ҷониби мушовири ҳуқуқии Намояндагии КБСС дар Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент Умед Мансуров гузаронида шуд.
Дар машғулияти мазкур шунавандагон дар бораи таърихи пайдоиши КБСС ва ваколатҳои он, Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, мафҳум, сарчашма ва принсипҳои ҲББ, аломатҳои муҳофизаткунанда маълумот гирифтанд. Ҳамзамон, Конвенсияҳои Женева аз соли 1949 ва дигар шартномаҳои байналмилалии дар соҳаи ҲББ, ки аксарияти онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Шунавандагон дар машғулият фаъолона иштирок намуда, саволҳои бамаврид ва марбут ба мавзӯъ дода шуд. Дар охири машғулият маълум гашт, ки иштирокчиён дар бораи тафовути (фарқияти) ҲББ аз ҳуқуқи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва КБСС аз дигар созмонҳои байналмилалӣ маълумоти кофӣ гирифтаанд.
КБСС соли 1863 таъсис ёфта, созмони беғараз, бетараф ва мустақил аст, ки ваколати танҳо башардӯстонаи он ҳифзи ҳаёт ва шаъну шарафи қурбониёни низоъҳои мусаллаҳона ва дигар ҳолатҳои зӯроварӣ ва расонидани кӯмак ба онҳо мебошад. КБСС инчунин кӯшиш мекунад, ки тавассути тарғиб ва таҳкими ҳуқуқи башардӯстӣ ва принсипҳои умумиҷаҳонии башардӯстона ранҷу азоби одамонро пешгирӣ кунад.