Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БА ЁДИ ПАДАР

1259Бахту иқбол ва мақоми шоистаи инсон дар ҷомеа натиҷаи тарбияи устоди дилсӯзу ғамхор мебошад.
1260Ӯ дар ҳаёти ҳар як шахс нақши абадӣ мегузорад, поягузор ва офарандаи сиришти маънавии инсон ба ҳисоб меравад.
1261Аҳолии кишвар ходими милитсияро ҳамчун шахси вазифадори ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешиносанд. Вазифаю мақсади фаъолияти ояндаи мо аз таъмин намудани фазои бехатарии ҳаёти шахс ва ҷамъият маҳсуб меёбад. Дар ҳамаи давру замонҳо шахси боэҳтиром, нексирату накӯкор ва некном шинохта мешуд, зеро ӯ барои аз ҷаҳолат раҳоӣ ёфтани афроди ҷомеа заҳмат мекашад.
Ҷолиб аст, ки родмардон аз ҷумлаи касбҳои роиҷи давру замон пешаи ҳифзи ҳуқуқро бештар пазируфтаанд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки ниёзмандии башар ба ин пеша бештар будаву ҳаст. Яке аз мардони ҷасуру тавоно, ки пешаи ҳифзи ҳуқуқро пешаи якумраи худ қабул кардааст, падари бузургворам полковники милитсия Абдуллоев Раҳматулло мебошанд.
1262Падар касест, ки дар симои ӯ омӯзандаи ҳама гуна роҳу равиш, кору фаъолият ва ҷамъи ҳунару истеъдодро дидан мумкин аст. Падар шоҳсутуни хонадон, тарбиятгари фарзандон, ороимбахши хонадон аст. Падар шахси барӯмандест, ки аз хӯрдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургтарин шахсест, ки дар баробари модар мунису ғамхор буда, касро олами маънӣ меомӯзонад.
1263Падарам, полковники милитсия Абдуллоев Раҳматулло солиёни зиёдест, ки дар байни кормандону шогирдон бо хизматҳои беназирашон маълум буда шоистаи таҳсину эҳтироми ҳамагон гардидаанд.
Ин марди нексиришту хирадманд беш аз 30 сол дар вазифаи рохбарикунанда ва омӯзгор дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Ӯ қасам ёд карда ваъда додааст, ки меҳру муҳаббат, самимият, малакаи касбӣ ва тамоми ҳастии худро ба он равона месозад, то мардуми кишвар дарк ва боварӣ намоянд, ки мақомоти корҳои дохилӣ ҳимоятгар ва таъминсозандаи ҳаёти осоиштаи онҳо мебошад. Ӯ чун устоди сахтгиру серталаб буд, ки шогирдонро роҳнамоӣ намудан дар тартиб овардани ҷомеа, яъне миллату давлат худ хизмати шоиста кардааст ва дар тарбияи насли навсозандагони фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоштааст. Наслҳои зиёдеро дар руҳияи ватандӯстӣ, тафаккури миллӣ ва худшиносӣ, эҳтироми муқаддасоти фарҳангӣ, таърихӣ ва миллӣ, ҳурмати падару модар, насли калонсолон ва ҳифзи ҳуқуқ тарбия намудааст.
Бояд зикр кард, ки падари бузургворам Абдуллоев Раҳматулло 20 сентябри соли 1951 дар оилаи омӯзгор, аълочии маъорифи тоҷик, Султонов Абдулло дар шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) ба дунё омада, соли 1958 ба мактаби миёнаи №1 ба номи Горкий рафта, сипас солҳои 1966-1968 дар мактаби миёнаи №14 ба номи Лутфӣ Обидхӯҷаеви шаҳри Ӯротеппа таҳсил кардааст.
Дар байни ҳамсинфон ӯ дар рафтору одоб фарқияте дошт. Бо гуфти устодонаш амал мекард. Дар ҳама чорабиниҳои мактабӣ фаъолона иштирок карда супоришҳои устодонашро иҷро мекард. Бо ҳамин минвол мактаби миёнаро бомуваффақият тамом кард. Ӯ байти Низомии бузургро ба хотир меоварад:
Дониш талабу бузурги омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Пас аз хатми мактаби миёна аз мохи ноябри соли 1969 то моҳи ноябри соли 1971 дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Иттиҳоди шуравӣ дар Олмон хизмат кардааст.
Аз моҳи декабри соли 1971 то сентябри соли 1972 ҳамчун роҳбари маҳфили хонаи пешравон ва хонандагони шаҳри Ӯротеппа (Дом пионеров и школьников) фаъолият кардааст.
Моҳи сентябри соли 1972 баъд аз супоридани имтиҳонҳо ба мактаби махсуси милитсияи шаҳри Душанбеи Вазорати корҳои дохилии ИҶШС дохил шуд. Падарам акнун бештари вақташро барои таҳсилу омӯхтан самаранок истифода мебурд. Қисми зиёди вақташро дар китобхонаи пойтахт мегузаронид. Дар машғулиятҳо фаъолона иштирок карда тамоми супоришҳои устодонро дар вақташ бо масъулият ба иҷро мерасонид.
Ба ӯ дар мактаби махсуси милитсия як зумра омӯзгорони боистеъдод ва донишманд таълим медоданд, ки ҳамаи он устодони хешро, ки тамоми нозукиҳои касбро азхуд кунонидаанд ва баҳри мукаммал гардидани донишаш cаҳм гузоштаанд ҳаргиз фаромӯш накардааст. Соли 1974 мактаби мазкурро бо дипломи аъло хатм кард.
Инчунин ӯ соли 1998 факултети ғоибонаи Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кард.
Агар ба фаъолияти кории падарам назар кунем аз 26 сентябри соли 1974 то 04 июни соли 2004 дар вазифаҳои гуногуни мактаби махсуси милитсияи шаҳри Душанбеи Вазорати корҳои дохилии ИҶШС фаъолият бурдааст. Бо хоксорию меҳнатдӯстӣ ва ҳушёрию нотарсиаш диққати ҳамаи –устодони касбии худро ба худ ҷалб кард, ки аз вазифаи сардори синфхонаҳо то ба вазифаи сардори кафедра, яъне малакаи бойи корӣ, ҷонфидоӣ баҳри тартиботи ҷамъиятӣ ва меҳр ба касб нишон дод, ки ӯ аз рутбаи лейтенантӣ то ба полковники милитсия расидааст.
Барои хизматҳои арзандаю назаррасаш дар соҳаи милитсия 45 маротиба мукофотонида шудааст, ки бо 4 медал ва нишони сарисинагии «Аълочии милитсияи тоҷик» қадршиносӣ карда шудааст. Баъди хизмати тӯлонӣ ӯ бо иззату обрӯйи баланд аз вазифаи сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқӣ ва махсусӣ факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақаи соҳавӣ баромад.
Бояд зикр кард, ки падари бузургворам пас аз бемории дурудароз соли 2008 дар айни авҷи камолоти зиндагӣ, дар синни 57-солагӣ аз ҳаёт чашм пӯшиданд.
Ӯ бо ёри ҳаётиаш модарам Маҳбубахон беш аз 30 сол хушу хуррамона зиндагӣ карда, соҳиби 3 фарзанд ва 7 набера гардидааст. Падарам дар бобати оиладорӣ бе ҳеҷ муболиға инсони комил, марди соҳибхирад буданд, зеро се фарзандро ба воя расониданд, ки ҳар яке номбардори арзандаи падару модари хеш мебошанд, ман ҳамчун номбардори падар пешаи касби падарро интихоб намудаам, ки айни ҳол, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия буда дар вазифаи сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯйии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кори таълиму тадрис машғул мебошам. Мо ҳамаи фарзандон бо хулқу атвор ва одоби ҳамида яке аз дигаре болотар меистем. Зеро, ҳамаи мо бо тарбияи волидайн фурӯтану хайрхоҳ ва дорои хислатҳои хуби инсонӣ буда дар руҳияи меҳнатдӯстиву ҳалолкорӣ тарбия ёфтаем.
Саъдии бузургвор фармудаанд:
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият
Падарам Абдуллоев Раҳматулло аз нафароне буданд, ки бо садоқату хизматҳои беназирашон барои таҳкими сулҳу осоиштагии ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, тартиботи ҷомеа соҳиби эҳтирому ихлоси ҳамагон гаштаанд.
Маҳз тавассути хизмату меҳнати ҳамин гуна шахсон, давлат ҳимоятгару сарпаноҳ дорад, шиори ӯ ҳамеша чунин буд: «Вазифаю мақсади фаъолияти ояндаи мо аз таъмин намудани фазои бехатарии ҳаёти шахс ва ҷамъият маҳсуб меёбад».
Мард он набувад, ки дорои камарбанду зар аст,
Балки дар рушди Ватан оне, ки бас ғайрат кунад,
Тарсу ваҳму нотавонӣ хислати мардона нест,
Бо дили поку мусаффо кор ба ҷуръат кунад.
Афсӯс мавсуф агар зинда мебуданд, холо ба синни мубораки 73 мерасиданд. Падарам Абдуллоев Раҳматулло соҳиби маданияти баланд ва як шахси ниҳоят фурӯтан буд, ки мутаассифона, ин хислат на дар ҳамаи инсонҳо ба дараҷаи кофӣ дида мешавад.
Ӯ инсоне буд, ки дар зиндагӣ аз касе мададашонро дареғ намедошт. Меҳнати ҳалолу софдилонаро асоси пешрафти ҷомеа меҳисобид. Ҳаққо, ки Шайх Саъдии бузургвор фармудаанд:
Марди хирадманди ҳунарпешаро,
Умри ду боист дар ин рӯзгор
То ба яке таҷриба омӯхтӣ,
Бо дигаре таҷриба бурдӣ ба кор.
Абдуллозода Неъматулло Раҳматулло, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...