Такмили раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии кишвар
Маълум аст, ки миллати тоҷик аз қадим дорои фарҳанги бой ва ғанӣ мебошад. Олимону шоирон дар арсаи ҷаҳон фарҳанги тоҷиконро маълуму машҳур намудаанд. Яке аз омилҳои муҳими рушди фарҳанги миллӣ ин инкишофи илму таълим ва ба вуҷуд овардани фазои мусоид барои тарбияи насли наврас мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2024 ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 шаҳри Душанбе, ки мавриди истифода қарор гирифт, суханронии пурмуҳтаво намуданд. Тамоми нутқи Пешвои миллат ҳамчун роҳнамо барои насли наврас, омӯзгорон ва волидайн пешниҳод гашт. Дар мулоқот таваҷуҳи Роҳбари давлат ба вазъи маориф нигаронида шуда, рушди соҳаи маориф, маблағгузории он аз ҷониби давлат, ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Пешвои миллат зикр намуданд, ки наврасону ҷавонон ояндаи миллат мебошанд ва Ҳукумати Тоҷикистон барои инкишофи ақлонӣ ва маънавии онҳо тамоми тадбирҳоро меандешад. Муҳимтарини тадбирҳо ин бунёд, азнавсозӣ ва ба истифода додани объектҳои соҳаи маориф мебошад, ки дар ин самт махсусан мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешсаф аст. Аз ҷумла, барои 72000 хонандагон дар шаҳри Душанбе муассисаҳои таълимӣ бунёд ва ба истифода дода шудааст. Асри 21 асри инкишофи илму техника ва технологияҳои коммуникатсионӣ аст. Бинобар ин Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки тамоми муасисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони фаннӣ, аз ҷумла фанҳои дақиқ ва технологияҳои иттилоотӣ таъмин карда шаванд.
Яке аз масъалаҳои дигари муҳиме, ки дар мулоқот мавриди таҳлил қарор гирифт, ин иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 №544 «Барномаи давлатии таъмини Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо синфхонаҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ» мебошад. Роҳбари давлат дастур доданд, ки барои омӯзиши фанҳо дар тамоми муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои таълимӣ ва устохонаҳои таълимӣ ба истифода дода шаванд.
Рушди маориф ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ таъсири худро мерасонад. Ихтироот, рушди соҳаи аграрӣ, техника ва тандурустӣ маҳз бо соҳаи маориф вобаста аст. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати омӯзгорон мунтазам ғамхорӣ зоҳир менамояд, чунончи аз якуми июли соли 2024 маоши кормандони соҳаи маориф 40% зиёд гардид. Ин ба сифати таълиму тарбия ва вазъи иҷтимоии омӯзгорон таъсири мусбӣ расонид.
Барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор, Роҳбари давлат ба Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ ва дигар мақомоти дахлдор супориш доданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Мақоми омӯзгор»-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин Пешвои муаззами миллат ба вазъи омӯзиши забони тоҷикӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ таваҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид намуданд, ки ҳар як кадри оянда бояд ин се забонро ба хубӣ донад.
Масъалаи дигари муҳими дар мулоқот иброзгардида ин ширкат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ мебошад. Аз ҷумла баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Шохномахонӣ”. Роҳбари давлат пешниҳод карданд, ки дар баробари хонандагон омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ низ дар озмунҳо ширкат варзанд. Инчунин, дастур дода шуд, ки ҳайати ҳакамони озмунҳо тез-тез иваз карда шаванд. Ин имконият медиҳад, ки насли наврас худ ва қобилиятҳои худро ба таври озодона муаррифӣ карда тавонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари демократӣ дар арсаи байналмилалӣ мақоми хоси худро ишғол намудааст.
Барои боз ҳам баланд бардоштани обу рӯйи Тоҷикистони соҳибистиқлол мо бояд тамоми имкониятҳо ва дастурҳои Пешвои миллатро самаранок истифода барем.
Убайдуллоев Ш.Э., Сафарзода С.Н.