Истиқлолият ва рушди маорифи кишвар
9 сентябри соли 2024 ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол пур мегардад ва дар ин муддати на онқадар тӯлонии таърих дастовард ва муваффақиятҳои ба дастомада ҷумҳурии моро ба сӯи музаффариятҳо ва дастовардҳои беназир мушарраф гардонид.
Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми маориф ва илм муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омад, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Тағйироте, ки дар низоми ҷаҳонии таҳсилоти олии касбӣ ворид гардиданд, аз қабили гузаштан ба низоми таълими бисёрзина, рӯи кор омадани ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ва мустаҳкам гардонидани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ дар назди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои навро гузошт. Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарӣ ва сиёсати ғамхоронаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми давлатдории навин низоми маориф ва илмро соҳаи афзалиятнок ва калидии давлат дониста, мавриди пуштибонии махсус қарор доданд. Чи гунае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дониш санаи 1 сентябри соли 2024 қайд карданд «Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст.
Дар ин давра, илова ба хароҷот аз буҷети давлат дар соҳаи маориф 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло боз 11 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Агар соли 2000-ум ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд.
Аз 1-уми июли соли ҷорӣ маоши кормандони соҳа боз ба андозаи 40 фоиз зиёд гардид.
Яъне маоши онҳо то имрӯз қариб ҳашт баробар зиёд гардид».
Пешвои муаззами миллат инчунин қайд намуданд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар кишвар сохтмону азнавсозии 3 ҳазору 648 бинои муассисаи таълимӣ барои як миллиону 600 ҳазор хонанда мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар натиҷа қисми зиёди макотибҳои аз замони гузашта боқимонда ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ гардонида, ба муассисаҳои замонавӣ табдил дода шуданд. Муассисаҳои таълимии навбунёд бошанд бо беҳтарин шароиту имкониятҳо таъмин гардиданд ва дар ин самт корҳо бомаром пеш рафта истодааст.
Дар соли ҷорӣ сохтмону азнавсозии 370 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 150 ҳазор хонанда идома дорад.
Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар мамлакат 37 бинои муассисаи таълимӣ барои 15 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони 200 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 60 ҳазор хонанда бомаром ҷараён дорад, ки то охири соли равон мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар даврони Истиқлолият яке аз муваффақияти соҳаи маориф ва илми кишвар ин равобити муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ дар ин самт мебошад. Ҳамасола шумораи зиёди шаҳрвандон ба донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои пешрафта дохил шуда, баъд аз хатм таҷрибаи пешқадами давлатҳои пешрафтаро дар соҳаҳои гуногуни мамлакат ҷорӣ намуда, маҳсули босамарро соҳиб мегарданд. Вобаста ба ин самт аз баромади Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки имрӯзҳо зиёда аз 41 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мо дар беш аз 40 кишвари дунё ба омӯзиши илму дониш машғул ҳастанд.
Бояд қайд кард, ки яке аз падидаҳои муҳими даврони Истиқлолияти давлатӣ дар қатори мактабҳои ҳамагонӣ ба вуҷуд омадани шаклҳои нави муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои шакли нав – литсею гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ ба шумор меравад. Имрӯз дар кишвар 163 муассисаи типи нав, аз ҷумла 79 гимназия ва 84 литсей фаъолият дорад, ки ҳамаи онҳо муассисаҳои дар замони соҳибистиқлолӣ бунёдшуда мебошанд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар даврони Истиқлолият бо шарофати ислоҳоти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи мактабу маориф дастовардҳои шоён ба назар расидааст. Агар ба ислоҳоти соҳаи мактабу маориф аз нигоҳи таҳқиқ ва таҳлил назар андозем, он давраҳои гуногунро паси сар намудааст. Чунончи муҳаққиқ Дадоҷонова М. рушди соҳаи маорифро дар давраи соҳибистиқлолии кишвар таҳқиқ намуда онро ба се марҳила ҷудо менамояд: марҳилаҳои ибтидоӣ, зиддибӯҳронӣ ва стратегӣ.
Марҳилаи якум солҳои 1991-1997-ро дар бар гирифта, Тоҷикистон дар оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ гардид, ки он ба муқовимати шадиди сиёсӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бӯҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва фарҳангии кишвар вобаста буд. Дар марҳилаи ибтидоӣ дар соҳаи мактабу маориф чунин падидаҳои бӯҳронӣ, танқисии молиявии муассисаҳои таълимӣ, ба маротиб поён рафтани сатҳи маблағгузории давлатии соҳаи маориф, кам гардидани маоши омӯзгорон, соҳаи маорифро тарк намудани қисме аз омӯзгорон, муҳоҷирати меҳнатиро интихоб намудан ва ё ба соҳаи тиҷорат гузаштани онҳо, фарсудаву хароб гаштани биноҳои таълимӣ ва ғайра хос аст. Хусусан бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаҳои ҷангзадаи Тоҷикистон бисёр иншоотҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ харобу нобуд гаштанд.
Марҳилаи дуюми ислоҳот солҳои 1997-2004-ро дар бар гирифта, давраи мазкур хусусияти зиддибӯҳронӣ дошт ва соҳаи маорифи кишвар тадриҷан аз ҳолати бӯҳронӣ раҳоӣ меёбад. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ бо мақсади рушди соҳа ва ислоҳоти он, баланд бардоштани дараҷаи таҳсилот, беҳтар намудани вазъи моддии омӯзгорон, баланд бардоштани тахассусмандии кадрҳои омӯзгорӣ, тарбия ва тайёр кардани мутахассисони ҷавон ва дастгирии моддӣ ва маънавии онҳо, беҳдошти вазъи муассисаҳои таълимӣ, таҳия ва амалӣ намудани барномаву консепсияҳо ва стандартҳои давлатӣ амалӣ гаштанд. Дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати кишвар даҳҳо барномаҳои давлатӣ, қарорҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо ба мақсади рушди соҳаи мактабу маориф, таҳаввулот ва тағйироти сифатии тамоми зинаҳои таҳсилот, таъмин намудани соҳа бо кадрҳои баландихтисос, таҳкими пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, ҳалли масъалаҳои гендерӣ ва ғайра равона гардида буданд.
Марҳилаи сеюми ислоҳот, ки давраи стратегӣ ба ҳисоб меравад, аз соли 2004 оғоз гардида, то имрӯз идома дорад. Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав қабул гардида, тағйиру иловаҳо ворид шуда, раванди ислоҳот ва таҳаввулоти соҳаи маориф идома дода шуданд. Дар ҷумҳурӣ марҳила ба марҳила низоми нави маблағгузории соҳаи маориф, пардохти маош, баҳодиҳии сифати таҳсилот, рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои нави идоракунии соҳа, бунёди базаи моддиву техникаи замонавӣ, дастгирии истеъдодҳо, дар мактаби олӣ, ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсилот, таҷдиди низоми такмили ихтисоси омӯзгорон ва ғайра амалӣ гаштанд.
Пешвои миллат пайваста дар баромадҳои худ соҳаи маорифро мавриди назар қарор дода дастур ва супоришҳои худро барои пешравии ин самт пешниҳод менамоянд: «Аҳли маорифро зарур аст, ки низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифро дар заминаи сарватҳои бебаҳои маънавию ахлоқӣ, таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи тарбиявии халқамон ва бо дарназардошти тақозои замони муосир, ниёзҳои давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва арзишҳои умумибашарӣ пеш баранд».
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар даврони 33 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ҳамчун ниҳоди калидӣ дар маркази диққати роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар қарор дошта, дар ҳамаи самтҳои он пешравиҳои зиёде ба вуҷуд омадаанд. Сарфи назар аз мураккабии вазъи сиёсӣ ва мушкилоти давраи гузариш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ илму маорифро соҳаи муҳимтарину афзалиятноки мамлакат эълон намуда, зери назар ва пуштибонии махсус қарор доданд. Мақсад аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат ба соҳаи маориф, пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ мебошад.
Каримзода У.К., сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия