Таассуроти курсантон аз намоишномаи театрӣ
Дар Академияи ВКД дар баробари ба курсантон ва шунавандагон омӯзонидани барномаи таълимӣ анъанае роиҷ аст, ки зимни ҳар давраи хониш ба тамошои осорхона, сайругашти мавзеъҳои таърихӣ, боғу гулгаштҳои навбунёд ё иншоотҳои дар замони истиқлолият бунёдгардида ҷалб намуда, ин чорабиниҳо ҷахонбинӣ ва маърифати фарҳангии онҳоро баланд мебардоранд.
Бо дастуру супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло, 1-уми октябри соли 2024 курсантони Академия ва ҳайати професорону омӯзгорони Академияи ВКД ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ рафта, мазҳакаи «Хунхори Торросӣ»-и Азиз Несинро, ки онро саркоргардони театр, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Султон Усмонов таҳия намудааст, тамошо намуданд.
Намоишномаи театрӣ доғу найрангҳои зиндагиро дар худ таҷассум намуда, мавзӯи нафс, фиреб ва оқибатҳои ногувори он таҷрибаи талхи ҳаётӣ маҳсуб меёбад, ки дар хислати қаҳрамонҳо хело зинда инъикос гардид. Ҷоиз ба таъкидаст, ки дар нақши Нурий Сияҳнур дар намоишномаи «Хунхори Торросӣ» ҳунарманди тоҷик Қурбони Собир нақш бозидааст. Мусиқиву ороиши саҳнавии асар ба мазмуну муҳтаво ва ғояи намоиш басо созгору мутаносиб афтодааст.
Бояд қайд намуд, ки ҳунармандони Театри давлатии академӣ-драмавии ба А.Лоҳутӣ образҳои мазҳакаро бо маҳорати хеле баланд, таъсирбахш иҷро намуданд. Намоишнома дар тарбияи ахлоқии курсантон нақши муҳим бозид.
Директори театр ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдукарим Машраб ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академия барои ҳамкорӣ изҳорӣ сипос намуд.
Бозоралӣ Асламов, Шавкат Убайдуллоев, Саида Сафарзода