Саҳми омӯзгор дар баланд бардоштани савияи дониш
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба арсаи сиёсат қадам гузоштан соҳаи маорифро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории хеш эълон дошта, ба таҷдиди мактаб ва таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Аслан калимаи муаллим ин вожаи арабӣ буда, аз решаи “илм” баромадааст ва маънояш шахсест, ки илму донишро ба дигарон мерасонад ва ҳам меросдори асосии илму маърифат аст. Муаллим, устод, омӯзгор, мураббӣ – ҳама калимаҳои ҳамсангу ҳаммаъно ҳастанд ва омӯзгор, ки калимаи аслан тоҷикӣ аст, он шахси хирадмандеро муаррифӣ менамояд, ки донишро ба дигарон меомӯзонад, яъне машъалбардори илму маърифат аст.
Омӯзгорӣ аз бошарафтарин касб дар ҳама давру замон ба шумор рафта, машаққати зиёдро дар тарбияи насли наврас, ки ояндасози миллатанд, талаб менамояд. Таърихи мактабу маориф, мактабшиносӣ дар марҳилаҳои гуногуни тараққиёти ҷамъият рушди бемайлони соҳаи маорифро дар сатҳи гуногун ёд дорад. Марҳилаи имрӯзаи инкишофи назария ва амалияи низоми мактабу маориф, ки таълиму тарбия ҷузъи таркибии он аст, бо саъю талошҳои Сарвари давлат ҷиддан вобаста мебошад. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзанд.
Ҳар киро дар зиндагӣ устодест. Имрӯз чӣ муаллиму чӣ табиб, чӣ ронанда ва чӣ коргару бофанда ҳама устодону шогирдони худро доранд. Ҳамаро дар ҳаёт касе касб омӯзонидааст. Ягон кору амал, ягон пешравию афзалият, ягон бурду бохт безаҳмат, бемашаққату қадршиносии устоде ба авҷи аълое намерасад. Инсон даме, ки чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, албатта бо як ҳусну истеъдоди Худовандӣ тавлид мешавад, аммо худ танҳо бе сарварӣ, бе роҳнамоӣ ва бе устоде соҳиби мақому мартабае шуда наметавонад.
Дар ҷомеаи имрӯза, ки дунёи онро фазои электронӣ фаро гирифтааст, барои омӯзгорон ҳам осонӣ ва ҳам мушкилиҳои зиёд эҷод намудааст. Зеро таҷрибаҳои солҳои охир нишон дод, ки давлатҳои абарқудрат дар кишварҳои кӯчак мактабҳои хешро бунёд намуда, барои пиёда намудани ғаразҳои сиёсии худ замина тайёр мекунанд. Ҳар фарди худшинос, ки имрӯз касби омӯзгориро интихоб намудааст ва ба тарбияи насли наврас машғул аст, бояд ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсии баланд дошта бошад, ҳамеша манфиати ҷамъиятро аз манфиати шахсиаш боло гузошта тавонад.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест. Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳии инсон аст. Хушбахт онест, ки сазовори номи бузурги устодӣ ё омӯзгорӣ гаштааст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт.
Муаллим пешвою омӯзандаи алфози неку таҷассумгари ростию росткорист, ки машҳуртарин бузургони рӯи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтори дуруст омӯхтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 иброз намуданд, ки: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромию сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».
Воқеан, дар ҳама давру замони таърихӣ ниҳодҳои иҷтимоие арзи ҳастӣ менамоянд, ки барои танзими муносибатҳои муайяни ҷамъиятӣ равона гардидаанд. Мактабу маориф аз зумраи чунин ниҳоди иҷтимоӣ мебошанд, ки маҳз ба хотири ташаккули дарки маънии рӯзгори инсонӣ, рушди маънавиёт, ахлоқ, маърифат, тақвияти шуур ва ҷаҳонбинӣ ба вуҷуд омада, рисолати худро дар назди инсоният иҷро менамоянд.
Сарвари давлат аҳли илму маориф ва қувваҳои солими зеҳниро хазинаи тиллоии мамлакат номида, дар ҳама кору пайкор, ҳолатҳои тақдирсозу душвор ва ҳалли муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ аз фикру ақидаҳо, хулосаҳои илмӣ, донишу таҷриба ва таклифу пешниҳодоти онҳо самаранок истифода менамоянд.
Бо назардошти андешаҳои баёнгардида, метавон хулоса намуд, ки таваҷҷуҳ ба илму маориф ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯи талаботи ҷаҳони муосир, масоили афзалиятдошта дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат, бахусус ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Абдуваҳобзода М.А., омӯзгори кафедраи ТТФОҶ факултети №6, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия,
Шарифзода У.Ш., дотсенти кафедраи ТТФОҶ факултети №6, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия