Зодрӯз муборак ҷавонмарди ватандӯст, пайрави асили Пешвои миллат муҳтарам Насуриён Пулод Асадулло
24.02.2025 17:24
Зодрӯзи шахсияти комилу боандеша, фарзанди шарафманду накуном, ободгару бунёдкор, сиёсатпешаи ояндабину ояндадор, шахси хоксору поксиришт, дастгиру роҳнамои фарзандони содиқи Ватан. Имрӯз сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия муҳтарам Насуриён Пулод Асадулло ҷашни зодрӯз доранд. Бо камоли эҳтиром рӯзи мавлудатонро самимона муборак гуфта ба шумо тансиҳатӣ, осудагии рӯзгор ва тамоми ....
Артиши миллӣ – мактаби шуҷоату мардонагӣ
20.02.2025 16:16
19-уми феврали соли 2025 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ - назариявӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – мактаби шуҷоату мардонагӣ” ташкил ва баргузор карда шуд.Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Академияи Вазорати корҳои ....
Баргузории ҳамоиши илмӣ-амалӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ
17.02.2025 14:29
11-уми феврали соли 2025 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи ВКД, ҳамоиши илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Ташаккули раванди ҳамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ - воситаи устувории ваҳдати миллӣ”, баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи ....
Артиши миллӣ - дастоварди бузурги даврони истиқлолият
17.02.2025 14:08
«Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст». Эмомалӣ РаҳмонАртиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврали соли 1993 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати конститутсиониро тарафдорӣ мекарданд, таъсис ёфтааст. Ҳамасола дар сар то сари кишвар таъсисёбии Артиши миллиро 23-юми феврал ҷашн мегиранд. Имсол ....
Семинари омӯзишӣ
05.02.2025 21:56
Бо ташаббуси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон санаҳои 4-5 феврали соли 2025 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ (тренинг) дар мавзӯи «Тақвият додани таҷрибаи судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятии алоқаманд ба савдои одамон ва таъмини адолати судӣ нисбат ба қурбониёни савдои одамон» баргузор гардид.Семинари ....
МАОРИФ - МАВЗУИ МАРКАЗИИ ПАЁМ
14.01.2025 09:24
Насуриён Пулод Асадулло, сардори Академияи ВКД номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия МАОРИФ - МАВЗУИ МАРКАЗИИ ПАЁМ Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори кишвар - барномаи рушди давлат, таҷассумкунандаи фалсафаи давлатдории миллӣ, фишанги доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ....
Омӯзиши Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ бо шунавандагони факултети №3 Академия
14.01.2025 09:31
Санаи 11-уми январи соли 2025 мулоқоти сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., генерал - майори милитсия Насуриён П.А. бо шунавандагони факултети №3 Академия баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур муовини аввали сардори Академия н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш., сардори факултети №3 полковники милитсия Мирзозода Э.Э., сардори факултети №2 н.и.ҳ., дотсент, подполковники ....
Вохӯрии роҳбарияти Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ бо омӯзгорони Академия
14.01.2025 09:24
10-уми январи соли 2025 дар толори фарҳангии Академияи ВКД Ҷумҳури Тоҷикистон вохӯрӣ ва мулоқоти роҳбарияти Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров А.А. ва Мирзоев Ш.Н. бо омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст муовини сардори Академия д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия ....
ПАЁМИ МУКАММАЛУ ДИЛСӮЗОНА ВА ДУРАНДЕШОНА
07.01.2025 15:11
Имрӯз аз субҳи барвақт мисли дигар сокинони кишвар курсантону шунавандагон ва кормандону омӯзгорони ҳамаи 6 факултетҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толорҳои замонавӣ ҷамъ шуда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бо мароқ тамошо карданд.Пахши Паёми Президент аз толори асосии ....
КАСБИ МАН – ИФТИХОРИ МАН
27.12.2024 18:38
Таҳти ин ном 26 декабри соли 2024 бо ибтикори Шурои роҳнамоёни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Дар кори семинар муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Шарифзода М. С., раисони дигар созмонҳои амалкунанда, омӯзгорони таҷрибанок иштирок ва суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки кор дар ....
Таҷдиди мақомоти корҳои дохилӣ дар раванди ислоҳоти милитсия
25.12.2024 15:37
17 декабри соли 2024 тибқи Нақшаи илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Аҳаммияти Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 дар таҷдиди сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ва амалишавии он» баргузор гардид.Кори конференсияро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло бо сухани ифтитоҳии хеш ....
Генерал Имомёрбеков Атобек 70 сола шуд!
25.12.2024 15:29
Дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз маросими ёдбуди собиқ муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, генерал-майори милитсия Имомёрбеков Атобек баргузор гардид. Дар суханронии ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло тамоми ҳозиринро ба маҳфили 70-мин солгарди зодрӯзи собиқ ....
Марҳилаи навбатии такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Академияи ВКД
25.12.2024 15:22
Дар доираи ҳамкориҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарраёсати идрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, инчунин бо мақсади татбиқи «Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва такмил додани донишҳои назариявии кормандони ....
Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон
12.12.2024 09:30
Бо мақсади амалӣ гардонидани сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини ҳуқуқи инсон дар асоси Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ва эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» 10 декабри соли 2024 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон VII-умин конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзуи «Ҳуқуқи инсон ....
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
03.12.2024 17:41
3 декабри соли 2024 дар Академияи ВКД дар мавзуи «15-солагии Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Вазъият ва дурнамои он», бахшида ба 15-солагии қабули Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.Дар кори конференсия муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори ....







































































































































































