Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии роҳбарияти Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ бо омӯзгорони Академия

153410-уми январи соли 2025 дар толори фарҳангии Академияи ВКД Ҷумҳури Тоҷикистон вохӯрӣ ва мулоқоти роҳбарияти Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров А.А. ва Мирзоев Ш.Н. бо омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
1535Нахуст муовини сардори Академия д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. меҳмонони гиромиро хайрамақдам гуфта, сипас риштаи суханро ба онҳо дод.
1536Роҳбарияти Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров А.А. ва Мирзоев Ш.Н. дар бораи зарари нашъамандӣ ба саломатии инсон маърӯзаи муфассал намуданд, ки аз ҷониби ҳайати омӯзгорон хеле хуб пазируфта шуд.
1537Ҳанӯз дар оғози асри XVIII аввалин шарҳҳои илмӣ оид ба вобастагӣ аз мухаддирот ва таъсири он ба мағзи сари инсон пайдо шудаанд. Аввалин эпидемияи истеъмоли афюн дар Аврупо солҳои бистуми асри XIX оғоз гашт, яъне ҳангоме, ки соли 1956 сӯзандору ихтироъ шуд. Соли 1805 ҷавҳари афюн кашф шуд. Онро морфий (морфин) номиданд ва нишонаҳои вобастагиро аз он тавонистанд мушоҳида кунанд.
1538Дар замони ҷанги солҳои 1854-1855 ва 1870-1871 морфий, ҳамчун воситаи беҳушкунанда дар вақти ҷарроҳӣ ва чун доруи бедарду карахткунандаи ҷисм истифода бурда мешуд. Маълум гардид, ки зуз-зуд истифода намудани морфий сабаби нашъамандӣ гашта, аъзои баданро заҳролуд мекунад. Соли 1889 героин ҳосил шуд ва нашъамандии героинӣ нашъамандии морфинро иваз кард. Нашъамандӣ солҳои ҷанги якуми ҷаҳон (солҳои 1914-1918) дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико авҷ гирифт. Он гоҳ ба ҳолати руҳии вобастагии одам аз мухаддирот диққат дода, дар солҳои 20-30 асри XX нашъамандиро беморӣ ҳисоб намуданд.
Солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон морфий дар байни ҷанговарони ҷароҳатбардошта васеъ истифода мешуд. Дар натиҷа аскарони зиёде аз он вобаста шуданд. Баъди ин ҷанг, дар лагерҳову ҳабсхонаҳо, ки бошандагонаш зиндониён аз кишварҳои мухталиф буданд, бангдона васеъ истеъмол мешуд. Аммо вазъи нашъамандӣ аз назорат берун намемонд. Сурати ҳол аз солҳои 60-уми асри XX, вақте, ки туризми байналмилалӣ тараққӣ кард, шадидан тағйир ёфт. Мушкилоти нашъамандӣ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тезу тунд гашт. Бояд қайд кард, ки тибқи маълумоти мутахассисони соҳа, нисбат ба ҳамаи намудҳои мухаддирот афюн сахттаъсир мебошад. Афюн номи умумии маводи мухаддир аст, ки аз шираи кукнор ҳосил мешавад (героин, морфий, промедол, кодеин ва ғайра). Аз ин номгӯй танҳо героинро бо мақсади тиббӣ истифода намекунанд. Чаро истеъмоли маҳз героин боиси ташвиши ҷомеа шуд? Зеро, ки ҳамсояи наздиктарини мо кишвари Афғонистон, бо истеҳсоли героин дар дунё ҷои аввалро гирифт.
Ҳамин тариқ, як қатор одатҳои зарароваре, ки ноболиғону ҷавонон бармаҳал аз сабаби паст будани маърифат, надонистани таърих ва зарари онҳо даст мезананд, нашъамандӣ ба ҳисоб мераванд. Барои пешгирии онҳо ба мутахассисон ва волидайн зарур аст, ки ноболиғон ва ҷавононро ба таърихи маводи мухаддир шинос намуда, дар бораи зарари онҳо суҳбатҳои инфиродӣ гузаронанд. Имрӯз нашъамандӣ мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст, ки сабаби асосии он ба маводи нашъадор майл кардани ҷавонони зиёд мебошад. Нашъамандони ҷаҳон имрӯзҳо зиёдтар ҷавононро ба ин маводи сахттаъсир ҷалб карда, тавассути онҳо маводи нашъадорро ба тамоми ҷаҳон паҳн менамоянд ва ин масъала яке аз мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Миллионҳо нафар бо сабаби истеъмол намудани маводи нашъаовар азият мекашанд ва ҳазорон ҷавонон ҷони худро бохтаанд. Боиси таассуф аст, ки мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният дар асри XXI боқӣ монда, он ба эътидол овардани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсии давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида таҳдид менамояд. Дар давоми солҳои охир нашъамандӣ ба саломатии мардуми сайёра, аз ҷумла аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ пеш оварда, дар самти пешравии фарҳангу иҷтимоиёт монеа эҷод намуда истодааст. Нашъамандӣ воқеан вабои аср буда, ҷомеаро заиф мегардонад ва ба сари ҳар як хонадон рӯзи сиёҳу пурмусибат меоварад. Феълан ҷавонони зиёд бекорию бекорагардиро пеша карда, ба аъмоли номатлуб амсоли нашъамандӣ зуд ҷалб мешаванд. Яке онро ба манбаи даромади пулӣ табдил дода, дигаре маҳз тариқи он ба хешу атрофиён зарар меоварад. Нашъаҷаллоб худ сирати башарӣ надорад ва то охир дарк наменамояд, ки ҷиноят содир кардаасту даромади муфт, баҳра бурдан аз пули нашъа ҳаром аст. Хатари нашъамандӣ танҳо дар истифода кардани он аз ҷониби шахси нашъаманд, гирифтори дардҳои шадиди ҷисмонӣ шудани ӯ нест, балки дар он аст, ки одами нашъамандшуда сахт тобеи нашъа буда, агар онро истеъмол накунад, ба ҳалокат мерасад.
Дар фарҷоми мулоқот муовини сардори Академия д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. ба меҳмонон Назаров А.А. ва Мирзоев Ш.Н. барои мулоқоти муфид бо омӯзгорони Академия изҳори миннатдорӣ намуд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...