Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон

1458Бо мақсади амалӣ гардонидани сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини ҳуқуқи инсон дар асоси Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ва эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» 10 декабри соли 2024 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон VII-умин конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзуи «Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид.
Дар ин конференсияи сатҳи байналмилалӣ як қатор олимону мутахассисон ва шахсиятҳои маъруфи илми ҳуқуқшиносии дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуда, суханронӣ карданд.
Сараввал ба кори конференсия сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло ҳусни оғоз бахшида, ҷамъомадагонро бахшида ба «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» табрику таҳният кард.
1459Мавсуф дар рафти суханронии худ иброз дошт, ки ҳамасола 10-уми декабр ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи муҳим ба қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон рабт дорад, ки он соли 1948 қабул гардидааст. Мо имрӯз ин санаи муҳимро дар марҳилае ҷашн мегирем, ки талошҳо барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар саросари ҷаҳон идома дорад. Ҳамасола олимони варзидаи ватанӣ ва хориҷи кишвар дар конференсияи мазкур иштироки фаъолона менамоянд, ки имрӯз низ онҳо дар инҷо ҳузур доранд ва барои ташрифашон изҳори миннатдорӣ менамоям.
Инчунин, сарходими шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Имомов Ашӯрбой Имомович ба сухан баромада, вобаста ба муҳиммияти ҳуқуқи инсон ва вазъи ҳуқуқӣ-конститутсионии инсон, шахсият ва шаҳрванд ибрози андеша намуд.
Дар идомаи кори конференсия директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор вобаста ба масоили ҳуқуқи инсон ва тамоюлҳои поймолшавии он дар арсаи байналмилалӣ изҳори андеша кард.
1460Гузашта аз ин, дар рафти кори конференсия Раҳимзода Маҳмад Забир – сарходими илмии шуъбаи ҳуқуқи хусусии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор; Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон – муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия; Зоир Ҷурахон Маҷидзода – мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи I, д.и.ҳ., профессор, генерал-майори милитсия; Буризода Эмомалӣ Бозор – мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, д.и.ҳ., профессор; Элназаров Давлатшо Ходжаевич – мудири кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор; Мирализода Исфандиёр Қарахон – мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, д.и.ҳ., дотсент; Мансурзода Амиршох Мансур – сардори факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия; Рустамзода Алишер Қосим – сардори кафедраи назарияи идоракунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи факультета № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковник милитсия; Каримзода Умар Карим – сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факультета № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия ва дигарон суханронӣ намуданд.
Дар интиҳо меҳмонону иштирокчиёни конференсияи мазкур аз баргузории чунин як конференсияи сатҳи байналмилалӣ таассуроти хотирмон бардоштанд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...