Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марҳилаи навбатии такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Академияи ВКД

1494Дар доираи ҳамкориҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарраёсати идрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, инчунин бо мақсади татбиқи «Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва такмил додани донишҳои назариявии кормандони оперативии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2024 дар заминаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисос оид ба омӯзиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» оғоз гардида, он то 18 январи соли 2025 идома меёбад. Дар соли ҷорӣ ин марҳилаи дуюми маротибаи баргузории чунин курсҳо маҳсуб меёбад.
1495Санаи 23 декабри соли 2024 сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.., генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло ва роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шунавандагон вохурӣ баргузор намуда, ба онҳо мақсади ташкили курсҳои такмили ихтисос баён намуданд. Дар баромади хеш сардори Академия ба самъи ҳозирин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар расониданд ва барои пешбурди фаъолияти оперативии кормандони ин ниҳоди қудратӣ тавсияҳои муфид доданд.
Дар ҳамин асос робита ва ҳамкории Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш ёфта истодааст.
Аҳтамшозода С.А.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...