Семинари омӯзишӣ
Бо ташаббуси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон санаҳои 4-5 феврали соли 2025 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ (тренинг) дар мавзӯи «Тақвият додани таҷрибаи судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятии алоқаманд ба савдои одамон ва таъмини адолати судӣ нисбат ба қурбониёни савдои одамон» баргузор гардид.
Семинари омӯзишии мазкур барои судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои суди шаҳри Душанбе ва судяҳои судҳои чор ноҳияҳои пойтахт нигаронида шудааст.
Инчунин, дар семинари омӯзишӣ намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони амнияти ҳамкории Аврупо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимони соҳавии Вазорати корҳои дохилӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Мақсад аз баргузор намудани семинари омӯзишии мазкур амалисозии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», инчунин, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз он ҷумла мавриди амалигардонии адолати судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба савдои одамон иборат мебошад.
Баргузор намудани чунин семинарҳои омӯзишӣ бо намояндагони мақомоти судӣ на танҳо дар шаҳри Душанбе, инчунин, дар марказҳои маъмурии вилоятҳои Суғду Хатлон, Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва водии Рашт дар давоми моҳҳои феврал ва марти соли равон пешбинӣ гардидааст.
Бояд қайд намоем, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.03.2023 пешбурди фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ба зимаи Вазорати корҳои дохилӣ вогузор карда шудааст. Раисии Комиссияро муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ба уҳда дорад.