Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

14523 декабри соли 2024 дар Академияи ВКД дар мавзуи «15-солагии Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Вазъият ва дурнамои он», бахшида ба 15-солагии қабули Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.
1453Дар кори конференсия муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Насуриён Пӯлод Асадулло, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, Каримзода Умед Раҳматшо, сардори Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Абдурасулзода Аскарҷон Абдурасул, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, Музаффарзода Шуҳрат Шарофиддин, шумораи зиёди олимону коршиносон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, омӯзгорон, курсантон ва шунавандагони Академия фаъолона ширкат намуданд.
1454Дар рафти конференсияи байналмилалӣ маърӯзаҳои масоили гуногуни “Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазъият ва дурнамои он” баррасӣ гардида, дар фарҷом тавсияҳои муфид қабул гардиданд.1455
МАРКАЗИ МАТБУОТ





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...