Артиши миллӣ – мактаби шуҷоату мардонагӣ
19-уми феврали соли 2025 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ - назариявӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – мактаби шуҷоату мардонагӣ” ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло, муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳури Тоҷикистон Абдураҳмонзода Раҷамад, курсантон, сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ, хонандагони синфҳои болоӣ ва ҷавонони синни даъватӣ иштирок намуданд.