Баргузории ҳамоиши илмӣ-амалӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ
11-уми феврали соли 2025 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи ВКД, ҳамоиши илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Ташаккули раванди ҳамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ - воситаи устувории ваҳдати миллӣ”, баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи мазкур, олимону муҳаққиқон, роҳбарият, собиқадорон, ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантону шунавандагони Академияи ВКД ширкат намуданд.
Рафти кори ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии сардори Академияи ВКД Ҷумурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., генерал- майори милитсия Насуриён П.А., оғоз гардида, сипас суханронии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Рудобаи Мукаррам, ҳамзамон, суханрониҳои узви Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳимзода Маҳмад Забир ва собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ, номзади илмҳои фалсафа, полковники мустаъфӣ Ҷӯраев Раҷаббой Зуҳурович атрофи муҳимтарин масоили ташаккули раванди ҳамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ - воситаи устувории ваҳдати миллӣ шунида шуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш баромадкунандагон атрофи мавзуъҳои нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, бахусус бундеди давлатдории миллӣ, нақши Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар таблиғу ташвиқи арзишҳои муқаддаси ваҳдати миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи шинохти муқаддасоти миллӣ ва сулҳу ваҳдат, сифатҳои накӯи мититсияи Тоҷикистон ва рисолати он дар шароити муосири давлатдорӣ ва дигар чунин масоил андешаҳои пурқиммати худро баён намуданд.Аз ҷумла қайд карда шуд, ки миллати сарбаланди тоҷик дар солҳои 90-уми асри ХХ бо талошу заҳматҳои чеҳраи мондагори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба муҳимтарин ва муқаддастарин арзиши миллӣ, яъне сулҳу ваҳдати миллӣ мушарраф гардид, ки ҳифзу гиромидошт ва таҳкими он барои ҷовидонии миллату давлат зарурати хос дорад.
Қайд карда шуд, ки дар замони истиқлоли давлатӣ бо мақсади таҳкими ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардонидани ормонҳои сулҳу субот дар кишвар, ниҳоде бо номи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Пешвои маҳбуби тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои шоён ба бор овардааст.
Зикр карда шуд, ки Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди таблиғотиву ташвиқотии Ваҳдати миллӣ, ҷомеаро аз асли фалсафаи сулҳу ваҳдат бархӯрдор намуда, зарурати вуҷуддошти ин падидаи тақдирсозро дар ҳаёти ҷомеа ва давлат, бахусус, рӯзгори ҳар як сокини кишвар ҳувайдо месозад.
Таъкид гардид, ки мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ ҳамчун ниҳоди пуриқтидор дар кишвар пайваста баҳри тадбиқи сиёсати давлату Ҳукумат ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, баҳри таъмини амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ талош намуда, ҳоло зери роҳбарии муҳтарам Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати таъмини суботу амнияти давлат дар сафи пеши муқовимат бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа қарор дорад.
Албатта, ташкили чунин ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ дар ҷодаи таблиғу ташвиқи арзишҳои ваҳдати миллӣ дар ҷомеа мусоидат намуда, худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, зиракии сиёсӣ, садоқат ба халқу миллат ва дарки амиқи зарурати ваҳдатро дар замири ҷавонон тақвият мебахшад.
Мо аминем, ки Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки дар сафҳои худ неруҳои пешбар ва бунёдкори ҷомеаи моро гирд овардааст, дар пешрафти фарҳанги сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот саҳми арзанда гузошта, намунаи барҷастаи ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳад буд.
Дар бахши музокираи кори ҳамоиши илмӣ-амалӣ бошад, ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантон иштироки фаъол намуда, саволу ҷавобҳои судманд сурат гирифт.
Ҷараёни ҳамоиши илмӣ-амалии мазкур аз ҷониби шабакаҳои расмии телевизионӣ, бахусус шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» ва «Синамо» сабт гардида, ба намоиш гузошта шуданд. Инчунин қайд намудан лозим аст, рафти чорабинии мазкур дар саҳифаи расмии Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ва дигар сомонаҳои расмӣ инъикос гардидааст.
Самиъзода Б.С., дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия