Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАОРИФ - МАВЗУИ МАРКАЗИИ ПАЁМ

сардор

Насуриён Пулод Асадулло,

сардори Академияи ВКД

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия

МАОРИФ - МАВЗУИ МАРКАЗИИ ПАЁМ

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори кишвар - барномаи рушди давлат, таҷассумкунандаи фалсафаи давлатдории миллӣ, фишанги доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Паём яке аз рукнҳои муҳим, пазируфташуда ва муосири таҷрибаи ҷаҳонӣ буда, дар низоми идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муҳимтарин дастовард мебошад. Тавассути ин санади олии сиёсӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат муайян карда мешаванд.

Паём ифодакунандаи ҳаёту зиндагии шоиста, қутбнамои роҳи рушд ва барномаи рӯзгори сокинони Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон аст.

Дар доираи манфиатҳои миллӣ ва мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди кишвар, моҳияти Паёмро ифода менамояд. Ба ибораи дигар, Паём сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпараст, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Ироаи Паёми солонаи Роҳбари давлат дар шароити соҳибистиқлолии Ватани азизамон ба ҳукми анъана даромадааст. Ба андешаи мо, тамоми дастовардҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, бахусус сиёсати дохиливу хориҷӣ ва масъалаҳои таъмини амният, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, пешрафт ва рушди устувори Тоҷикистон маҳз аз Конститутсия ва ин санади ҳаётан муҳим - паёмҳои солонаи Президенти кишвар сарчашма мегиранд.

Таҳлилу баррасӣ, хулосабарорӣ ва дурнамои ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар дар Паём сурат гирифта, бахши масоили иҷтимоӣ, бахусус рушди соҳаи маориф ҷойгоҳи хоса дорад.

Соҳаи маориф ниҳодҳои муҳимтарини иҷтимоӣ буда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намудааст. Зеро, роҳи наҷот аз буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, ки метавонад таъсири манфии хешро ба бор оваранд, маҳз ба низоми мукаммал ва фарогири маориф вобастагӣ доранд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ тарбияи насли наврас, бахусус ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа ва давлат ҳисоб меёбад. Тарбияи ҷавонон ба муҳит ва шароити ҷамъият вобаста аст. Муҳимтарин унсур ва асолати соҳаи маориф дар масири меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ шудани таълиму тарбияи насли нав ба замони муосир мебошад.

Миллати бомаърифат ҳамеша ҷонибдори рушду нумӯи ватани хеш буда, дар ин зимина насли давронсозро барои фаро гирифтани донишҳо ҳидоят мекунад. Пешвои миллат ҳамеша ба соҳаи маориф ва илм афзалият медиҳанд ва ин матлаб дар Паёми имсола низ ҷойгоҳи махсус дошт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паём дар соли 2023 зикр намуда буданд, ки «…рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Дар Паёми навбатиашон бошад, вобаста ба мақому манзалати маориф, омӯзгор ва мактаб қайд намуданд, ки «...сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад».

Олимону донишмандон, алалхусус устодону омӯзгорон аз он ифтихор доранд, ки дар Паёми хеш Сарвари давлат ба рушди соҳа, пешрафти ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, дурнамои рушд ва роҳу равишҳои навини таҳаввули низоми маорифи кишварро ба таври мушаххас барномарезӣ намуданд. Таъкид карда шуд, ки «...дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд».

Мусаллам аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи идораи кишварро ба зимма гирифтан, ташкилу барқарорсозӣ ва роҳандозии ислоҳоти маорифи миллиро омили калидии дарёфти мароми истиқлоли миллӣ арзёбӣ кардаанд.

Таҷрибаи рӯзгори инсонӣ исбот намудааст, ки пешрафти дилхоҳ давлати мутамаддин, рушди бонизоми соҳаи маориф ва илм арзёбӣ мегардад. Дар замони муосир низ раванди мазкур афзалияти бештарро касб намуда, омили асосии рушди бонизоми кишвар ва омили меҳварии муқовимат ба тафаккури ифротгароӣ, эмин нигоҳ доштани ҷомеа аз таҳдиду хатарҳои идеологии созмон ва гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ, рафъи таассубу хурофотпарастӣ мебошад.

Возеҳ аст, ки тавассути рушди илм, маориф ва фарҳанг кишварҳо метавонанд дар муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа истодагарӣ намоянд. Бинобар ин бахши муҳимми Паёми мазкур низ ба таҳлилу ояндабинии чунин арзишҳои волои башарӣ, аз ҷумла мактабу маориф ва фарҳанг бахшида шудааст.

Вобаста ба масъалаи мазкур Сарвари давлат дар Паём зикр намуданд, ки “...то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.

Мактаб бузургтарин даргоҳи маърифат аст, ки дар остонаи хеш абармармардони сатҳи милливу ҷаҳониро барои ҷомеа тарбия намудааст. Мактаб даргоҳи муқаддасе мебошад, ки дар боргоҳаш қадам гузоштан инсонро барои шинохти шахсияти худ водор намуда, худшиносиву худогоҳии миллӣ, садоқату самимият, вафодорию ҷавонмардиро дар замири инсон ба вуҷуд меорад. Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст.

Маҳз дар мактаб андешаи солим ташаккул ёфта, илму адаб ва фарҳангу маърифат устувор гардида, шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд. Мактаб аст, ки заминаи асосии пойдории соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Мактаб аст, ки инсонҳо бофазл ба воя расида, фарҳангу илму адаб дар замири онҳо падид меояд. Яъне чунин рисолати муҳим аст, ки мақому манзалати онро дар ҷомеаи инсонӣ боло бурдааст.

“Рисолат ва масъулияти мактаб чун ниҳоди тафаккурсози ҷомеа дар замони муосир хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Чунки раванди босуръат инкишофёбандаи ҷомеа, бархӯрди манфиатҳои қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ, доман паҳн намудани зуҳуроти номатлуби муосир ба монанди терроризму ифротгароӣ, таассубу хурофот, бегонапарастӣ ва дигар чунин зуҳуроти хавфнок низоми мукаммали идоракунии субъектони муқовиматкунандаро тақозо дорад, ки яке аз муҳимтарини онҳо мактабу маорифи миллӣ мебошанд”. (Раҳимзода Р.Ҳ. Муҳиммияти мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар. Монография - Душанбе: ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2024. - С. 85.)

Бахши муҳимтарини низоми маорифи кишвар, ки дар Паём мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат қарор гирифт, бунёду навсозии муассисаҳои томактабӣ, таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, фарогирии онҳо ба забономӯзӣ, ба инобат гирифтани теъдоди кӯдакони синну соли томактабӣ ва дигар масоили зарурӣ мебошанд, ки дар ин замина ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Вобаста ба масъалаи мазкур, бахусус афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон таъкид карда шуд, ки “...дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

Албатта, дастури мазкур метавонад заминаи воқеиро ҷиҳати таъмини ин табақаи муҳимми иҷтимоӣ, яъне кӯдакону наврасон таъмин намуда, барои дар оянда ҳамчун кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замон ба воя расидани онҳо мусоидат намояд.

Масъалаи амалигардии лоиҳаҳо, барномаҳо ва стратегияҳои давлатии дарозмуддат ва миёнамуҳлат, ки имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар роҳандозӣ гардида, заминаи воқеиро ҷиҳати таъмини сатҳу сифати таълим, таъмини низоми маорифи кишвар бо китобҳои дарсии нав, дастгирии мактабу омӯзгор муҳайё месозанд, меҳвари таҳлили бахши маорифро дар Паём ташкил менамояд. Бо дарназардошти муҳиммияти масъалаҳои мазкур қайд карда шуд, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ, ду стратегияи дарозмуддат ва 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонт татбиқ шуда истодааст.

Масъалаи вазъи бунёду навсозии муассисаҳои таълимии миёна ва олии кишвар, инчунин фарогирии наврасону ҷавонон ба онҳо дар замони Истиқлол ва қиёси онҳо ба даврони Шуравт бозгӯи он аст, ки давлату Ҳукумати кишвар дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназир шарафёб гардидаанд. Таъкид карда шуд, ки “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави ташсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.

Таъкид карда шуд, ки соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст”.

Таҳлилу баррасии ҳолат ва дурнамои фаъолияти муассисаҳои олии таълимӣ, фарогирии донишҷӯён ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии дохилу хориҷи мамлакат, омодасозии кадрҳои баландихтисоси касбт, ба талаботи имрӯзи ҷомеа мутобиқсозии раванди мазкур ва дигар масоили марбут ба он аз ҷузъиёти меҳварии Паём дар бахши маориф ва илм ҳисоб меёбанд. Дар ин замина Пешвои миллат иброз намуданд, ки “...дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.

Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба ин масъалаҳо бояд тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд”.

Аз назари стратегӣ таъсиси муассисаҳои олии касбт бо чунин шумора ва теъдод барои фарогирии ҷавонон ба низоми муайяни таҳсилоти санҷидашудаи давлатӣ, ки фарогири таълиму тарбия мебошад, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва омода гардидани мутахассисони миллӣ дар доираи ихтисосҳои муосир ва аз ҳама муҳим, ба таври даврагӣ соҳибмаърифат шудани ҷавонон мусоидат менамояд.

Таҳсили ҷавонони кишвар, бахусус духтарон дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар яке аз самтҳои асосии омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ буда, пайваста таҳти ғамхории бевоситаи Сарвари давлат қарор доранд. Бо ин мақсад Ҳукумати кишвар, бахусус Вазорати маориф ва илм, ҳамасола дар асоси робитаҳо бо муассисаҳои олии таълимии мамолики хориҷӣ бурсияҳо ҷудо ва идрорпулию дигар дастгириҳои соҳа роҳандозӣ мегарданд.

Вобаста ба вазъ ва ҳолати мазкур, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “...дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд”.

Масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла русӣ ва англисӣ дар Паём махсус зикр карда шуд. Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз аз солҳои аввали Истиқлоли кишвар Пешвои миллат омӯзиши забонҳои хориҷиро маҳаки асосӣ дар ҷодаи тарбияи кадрҳои баландихтисос медонанд. Чунки маҳз тавассути донистани забонҳои хориҷӣ инсон метавонад ба доираи васеи арзишҳои байналмилалӣ ворид гардида, манфиатҳои миллату давлати худро ҳимоя намояд.

Бо дарки амиқи чунин зарурат дар Паём таъкид карда шуд, ки “Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориӣҷ аз зинаи таҳсилоти томактабт ба роҳ монда шавад».

Дар ин замина Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати таҳдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимт, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешанд.

Бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои мазкур дар сатҳи Вазорати корҳои дохилӣ, бахусус Академияи ВКД курсҳои омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ барои ҳайати роҳбарикунанда, кормандон, шунавандагону курсантон таъсис дода шуда, омӯзгорони ботаҷрибаи соҳа ҷалб карда шудаанд. Инчунин, таъсиси воҳидҳои нави корӣ дар кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, сарчашма мегиранд.

Вобаста ба таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлату Ҳукумат ба соҳаи маориф ва таҳлили нишондодҳои он дар сатҳи байналмилалӣ, Пешвои миллат ҳанӯз дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 қайд намуданд, ки “...Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба сошаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд”.

Ин гуфтаҳо бори дигар собит месозанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи мактаби маорифпарваронаи гузаштагони худ чун Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнӣ мебошад, ки маорифи миллиро аз буҳрони амиқ берун оварда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтанд.

Дар заминаи татбиқӣ амалии сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумат, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба масъалаи таъсис ва рушди муассисаҳои таълимии вазорат, муҷаҳҳаз намудан бо муосиртарин шароити таълим, мутобиқсозии онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ, рушди инаватсия ва технoлoгияи рақамӣ, инчунин таъсиси факултету кафедраҳои алоҳида дар самти мазкур, дастгирии пайвастаи омӯзгорон ва умуман мусташкам намудани иқтидори кадрии ин муассисаҳо, пайваста чораандешӣ менамоянд.

Низоми маорифи пуриқтидор, мутобиқсозии он ба талаботи замон ва тақвияти иқтидори кадрии соҳа, муҳимтарин омили истодагӣ намудани давлату миллат дар муқобили таҳдиду хатарҳои муосир мебошад. Яъне, танҳо омӯзгори асил, содиқ ба миллату давлат метавонад аз лиҳози идеявӣ миллатро омода ба дифои арзишҳои муқаддаси миллӣ намояд.

Дар баробари дастуру супоришҳои мушаххас ва роҳнамоиҳое, ки барои соҳаи маорифи кишвар дода шуд, бахши муҳимми паёмро дар ин самт, дастгирии иҷтимоии кормандони соҳа, алалхусус баланд бардоштани музди маош ва стипендия мебошад. Дар ин замина таъкид карда шуд, ки “...бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад. Маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад”.

Зиёд намудани музди маоши соҳаҳои иҷтимоӣ дар чунин шароит, бори дигар аз сиёсати одилонаву инсонпарвар ва маорифпарваронаи Пешвои миллат дарак медиҳад.

Ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳаллу фасли мушкилоти соҳаи маориф хеле муфид ва саривақтӣ маҳсуб ёфта, ҷиҳати рушди босамар ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардидани он мусоидат хоҳанд кард. Бо боварии комил қайд менамоем, ки таъмини иҷрои босифат ва саривақтии дастуру супоришҳо барои рушд ва фаъолияти бомароми соҳаи маориф такон бахшида, дар ин замина ҷиҳати ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии кишвар заминаи боэътимод ва устувор хоҳад гузошт.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...