Генерал Имомёрбеков Атобек 70 сола шуд!
Дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз маросими ёдбуди собиқ муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, генерал-майори милитсия Имомёрбеков Атобек баргузор гардид.
Дар суханронии ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло тамоми ҳозиринро ба маҳфили 70-мин солгарди зодрӯзи собиқ муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2005-2007, генерал-майори милитсия, шодравон Имомёрбеков Атобек Имомёрбекович, ки аз ҷониби Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда истодааст, хайру мақдам гуфт. Ва аз ҷумла қайд кард, ки: “Ҳар як шахсе, ки ба халқу Ватан, давлату миллат содиқона хизмат мекунаду ҳаёту ҷонашро дареғ намедорад, то ин Ватан ва миллат ҳаст, ёду хотироташ асрҳои аср абадзинда хоҳад буд!
Генерал-майори милитсия, шодравон Имомёрбеков Атобек Имомёрбекович аз ҷумлаи чунин фарзандони фарзонаи ин миллат аст, ки ба хотири эҳтиромаш, хизмати содиқонааш дар ин муассисаи таълимӣ маротиби дуюм аст, ки маҳфилу чорабиниҳои илмӣ доир гардида истодааст.Бояд қайд кард, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо аз дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботҳои ҳамешагии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро сарчашма мегиранд.
Имрӯз дар ин толор ба ҳайси машваратчӣ ашхосе ташриф овардаанд, ки онҳо бо шодравон Имомёрбеков Атобек паҳлӯ ба паҳлӯ истода кору фаъолият бурданд, дар робита буданд, аз машварату маслиҳат ва сӯҳбату дастурҳояшон баҳравар гаштаанд ва имрӯз бо баромадҳояшон хотира ва рӯҳу равони ин афсари воломақоми МКД Тоҷикистонро шод хоҳанд кард!
Генерал-майори милитсия шодравон Имомёрбеков Атобек тамоми ҳаёташро ба хизмати милитсияи тоҷик, дар таъмини тартибот масраф кардааст. Бояд иброз намоям, ки ҳамеша бо собиқ Мактаби олии милитсия ва баъдан Академияи ВКД дар робитаи зич қарор дошт ва ҳатто як миқдор умри бобаракати худро дар ин таълимгоҳ масраф карда дар тарбияи мутахассисони Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Боварӣ дорам, ки бо нақлу сӯҳбатҳои ширин мо имрӯз хотироти ин марди шарифро ёдоварӣ карда, саҳифаҳои рангину фаромӯшнашавандаашро ба ёд хоҳем овард".
Сипас аз минбари чорабинӣ шахсоне баромад карданд, ки бо шодравон Имомёрбеков Атобек кору фаъолият бурда дар тамос буданд ва хотираҳои неки худро ба аҳли толор қисса карданд. Чунончи,
- генерал-майори мустаъфии милитсия, собиқ муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2009-2012, сардори Шуъбаҳо ва Раёсатҳои ВКД, Корманди фахрии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмонзода Фарҳод Алиёр;
- собиқ муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2012-2017, собиқ сардори шуъбаҳо ва раёсатҳои ВКД Навҷувонов Абдулло Шанбиевич;
- профессори Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Назарзода Носир Ҷобир;
- доктори илмҳои таърих, профессор, подполковники мустаъфии милитсия, директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Баҳриддин Пирмуҳаммад;
- номзади илмҳои филологӣ, дотсент, директори Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-и назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Амирбекзода;
- сарходими илмӣ, номзади илмҳои педагогӣ, профессори пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсии дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлонназаров Силмон Силтонназарович;
- раиси Шурои собиқадорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники мустаъфии милитсия Абдуллоев Аъзам;
- фарзанди шодравон, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ Таҳмина Имомёрбекова баромадҳо карда хотироти ин марди шарифро ба некӣ ёдоварӣ карданд.
Дар маҷмуъ, баромадкунандагон хотираҳои фаромӯшнашавандаро аз фаъолиятҳои пурсамари номзади илмҳои таърих, генерал-майори милитсия, шодравон Атобек Имомёрбеков қиссаҳо карда, хислатҳои неки ин афсари воломақоми милитсияи тоҷикро баён карданд.
Шодравон, генерал-майори милитсия Атобек Имомёрбеков аз соли 2009 тибқи фармони сардори Академяи ВКД дар вазифаи муаллими калони кафедраи «Назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ»-и факултети №1- и Академияи ВКД ҶТ фаъолияти омӯзгориашро идома дода аз фанҳои таълимии «Назарияи идоракунӣ» ва «Сотсиологияи идоракунӣ» ба шогирдон машғулиятҳои лексионӣ мегузаронд.
Аз моҳи сентябри соли 2015 то соли 2020 бошад дар вазифаи сардори кафедраи «Фаъолияти маъмурӣ ва ҳуқуқи маъмурии МКД»-и факултети №2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Ва аз моҳи майи соли 2020 то вопастарин рӯзҳои ҳаёташ (12 августи соли 2021) дар вазифаи дотсенти кафедраи Идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст.
Воқеъан ҳам Шодравон як марди дардошно, ғамхор ва ғамхӯри атроф буд. Ҳеҷ гоҳ ба мансаб, унвон, рутба таваҷҷуҳ намедод. Барои ҳамин ба ҳамагон дастрас буд ва маҳз ҳамин рафтору амалаш буд, ки эҳтирому самимияташ дар миёни мардум болост.
ШАРҲИ ҲОЛИ ГЕНЕРАЛ ИМОМЁРБЕКОВ АТОБЕК
Таърихи 21 декабри соли 1954 дар деҳоти Парзудҷи ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ дар оилаи деҳқон ба дунё омад. Солҳои 1962-1972 Атобеки наврасу ҷавон дар мактаби миёнаи № 69-и ноҳияаш таҳсил карда бомуваффақият онро ба охир расонидааст.
Баъдан дар солҳои 1973-1975 дар шаҳрҳои Рига, Омск ва Новосибирски Федератсияи Россия хизмати аскариро дар баробари дигар ҳамсолонаш сарбаландона ба анҷом расонид.
Баъди баргаштан аз хизмати Модар-Ватан шавқу рағбат ба таҳсил солҳои 1975-1980 ӯро ба ДДОТ бурд ва бо хониши хубу аъло дар он қо таҳсил карда фориғ гаштааст.
Баъди хатми Мактаби олӣ барои кору фаъолият ба Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №1-и шаҳраки Чиптураи ноҳияи Ҳисор ба кор фиристода шуда таи солҳои 1980-1982 дар ин таълимгоҳ фаъолияти омӯзгориашро идома додааст.
Аз соли 1982 бо роҳхати ҳамин коллективи дар боло номбурда барои фаъолияти минбаъда ба сафи МКД ҶШС Тоҷикистон тавсия дода шуда, аз ҳамин сол то ба рӯзи вафот, (яъне солҳои 1982-2021) дар сафҳои он хизмати содиқона ва софдилона кардааст.
Баъди муддати ду соли фаъолияташ дар ин мақомот хост маслакашро ба фаъолияти МКД мутобиқ созад ва ба ин мақсад солҳои 1984-1989 дар Мактаби олии ВКД ИҶШС дар шаҳри Тошканд таҳсил намуда ба Тоҷикистон баргаштааст.
Ҳамин тавр, шодравон Атобек Имомёрбеков дар вазифаҳои гуногуни ин мақомот сардори отряди муассисаи ислоҳотӣ – меҳнатии ВКД размида аз ин ба баъд ба вазифаҳои баланди роҳбарикунандаи МКД Тоҷикистон расидааст.
Аз ҷумла, дар солҳои 2000-2003-юм сардори Ситоди РВКД дар ВМКБ буд. Баъдан, дар солҳои 2003-2005 бошад ба вазифаи муовини сардори РВКД дар ВМКБ таъин шудааст.
Хислату атвор ва волои орифонааш буд, ки шодравон Атобек Имомёрбеков дар солҳои 2005-2007 дар вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият карда, дар такмилу такомули самтҳои роҳбариаш хизматҳои шоиста ва арзандаро дареғ надоштааст.
Дар солҳои баъдина бошад, яъне солҳои 2007-2013 дар вазифаи муовини сардори Муассисаи нақлиётии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2013-2014 муовини сардори РВКДН Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият бурдааст.
Ҳанӯз аз давраҳои пеш ба масоили таърихӣ таваҷҷуҳи хос дошту дар матбуоти даврӣ мазмуну мақолаҳояш ба дасти чоп мерасиданд.
Ҳамин шавқу рағбат буд, ки соли 2010 дар зери роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор, генерал-майори милитсия (баъдҳо генерал-лейтенанти милитсия) Розиқзода А. Ш. рисолаи илмӣ-тадқиқотӣ таҳти унвони «Таърихи ташаккул ва инкишофи мақомоти милитсия дар Помир» (солҳои 1917-1945)-ро ба уҳда гирифт ва билохира 17 декабри соли 2015 дар Шурои диссертатсионии Д-04700801 назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият онро дифоъ намуд.
Ба қалами устод Имомёрбеков беш аз 20 асару мақолоти илмӣ мутаалиқ аст. Аз ҷумла, китоби «Дар роҳи адолат» аз аввалин кӯшишҳои ӯст, ки таърихи мақомоти милитсияро дар ВХБК ба қалам додааст. Нияту орзӯҳои генерал Имомёрбеков Атобек дар оянда хеле фарох буд, аммо аҷал ӯро бармаҳал аз миён бурд.
Оромгоҳи ин мард дар масофаи 32 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ, дар миёни шоҳроҳи шаҳри Хоруғу ноҳияи Роштқалъа, дар деҳаи зебоманзари Парзудҷ, ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа қарор дорад.
Хислатҳои наҷибона, инсонпарварона, муносибатҳои падаронаю бародаронаи шодравон ИМОМЁРБЕКОВ АТОБЕК дар дили наздикону пайвандон, дӯстону рафиқон, ҳамкасбону шогирдон фаромӯшнашаванда хоҳад буд!
НАЗАРЗОДА НОСИР - профессори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., полковники милитсия







































































































































































