Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КАСБИ МАН – ИФТИХОРИ МАН

1514Таҳти ин ном 26 декабри соли 2024 бо ибтикори Шурои роҳнамоёни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Шарифзода М. С., раисони дигар созмонҳои амалкунанда, омӯзгорони таҷрибанок иштирок ва суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки кор дар сафҳои милитсия ифтихори бузург аст ва ҳар як корманди ба ин сафҳо воридшуда бояд инро донад ва аз касби пешанамудаи худ ифтихор дошта бошад.
1515Бояд гуфт, ки роҳандозӣ гардидани чунин семинарҳо пеш аз ҳама хусусияти тарбиявӣ ва роҳнамоӣ дошта, ба кормандони ҷавони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳлуҳои мубрами хизмат дар мақомоти корҳои дохилиро ёдрас менамояд.
Ҳамчунон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Обрӯи мақомоти ҳуфзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар миёни ҷомеа, пеш аз ҳама аз рафтору кирдори намунавии ҳар як корманд ва хизматчии ҳарбӣ вобаста аст».
1516Дар кори семинар 23 нафар кормандони ҷавон иштирок карданд, ки ба онҳо аз ҷониби кормандони собиқадор маърӯзаву маслиҳатҳои муфид пешниҳод гардид.
Модератори семинар, полковники милитсия Бойзода Ҷ.Ҷ.- раиси Шурои роҳнамоёни Академия буда, забони кории семинар тоҷикӣ ва русӣ буд. Маърузачиён, Самиев Н. М. – сардори Шуъбаи адюнктураи Академияи ВКД Чумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия, дар мавзуи «Имидж работника милиции», Камолӣ З. Б. – муовини сардори Шуъбаи кадрҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Оид ба тартиби хизмат ва уҳдадориҳои омӯзгорони ҷавон», Бодурзода Ю.Б. – нозири калони шуъбачаи ташкилӣ ва таҳлилии Шуъбаи таълими Академияи ВКД Чумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Оид ба тартиби ҳуҷҷат ва ҳуҷҷатнигорӣ дар фаъолияти хизматӣ», Бойзода Ҷ.Ҷ.. - раиси Шурои роҳнамоёни Академия, полковники милитсия дар мавзӯи: «Рисолати омӯзгор дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон », Самиъзода Б.С. - раиси Шурои кураторони Академия, подполковники милитсия дар мавзуи «Маърифати омӯзгор» баромад намуда, паҳлуҳои гуногуни фаъолиятро барои насли ҷавон дар мақомот мавриди омӯзиш қарор доданд.
1517Бояд қайд кард, ки хизмат дар МКД пеш аз ҳама масъулияти баланди касбӣ ва хизматиро талаб менамояд. Махсусан, риояи дастуру супоришҳои роҳбарият ва иҷрои фармону дастурамалҳои соҳавӣ дар фаъолияти касбӣ барои насли ҷавони милитсия зарурият дорад. Дар раванди ҷаҳонишавии вазъи сиёсию иҷтимоӣ нақш ва мавқеи ахлоқу фарҳанг дучанд меафзояд. Дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ахлоқи касбии кормандон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, омӯзиш ва ҷобаҷогузории кадрҳо маҳз аз нигоҳи сифатҳои ахлоқию садоқатмандӣ ба савганд, ватандӯстӣ, шуҷоатмандию далерӣ, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, одоби муошират ва фарҳанги касбӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар анҷоми семинар ба кормандони ҷавон тавсияҳои методӣ барои омӯзиши санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва оинномаву дастурамалҳои соҳавӣ дода шуд.
БОЙЗОДА Ҷ. Ҷ.
УБАЙДУЛЛОЕВ Ш.Э.
ОМӮЗГОРОНИ АКАДЕМИЯ





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...