Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАЁМИ МУКАММАЛУ ДИЛСӮЗОНА ВА ДУРАНДЕШОНА

1524Имрӯз аз субҳи барвақт мисли дигар сокинони кишвар курсантону шунавандагон ва кормандону омӯзгорони ҳамаи 6 факултетҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толорҳои замонавӣ ҷамъ шуда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бо мароқ тамошо карданд.
1525Пахши Паёми Президент аз толори асосии бинои боҳашамату бошукуҳи ПАРЛУМОНИ КИШВАР – МАҶЛИСИ ОЛӢ сурат гирифт, ки воқеъан ҳам зебову мақбулу форам буду, бо иштироки намояндагони ҳама табақоти кишвар ҷараён дошт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз то анҷоми чорабинӣ, бо маҳорати хоса, нигоҳу назари фарқкунанда нисбат ба Паёмҳои солҳои пешин, бо ҳиссу дарки ватандӯстона тамоми масоили марбут ба ҳаёти дохилӣ ва берунаи кишварро таҳлилкорона баррасӣ намуда, вазифаҳо ва амалу ҳаракатро барои фардои дурахшон мушаххас сохт.
Ҳар як ҷумлаи Паём, ки аз ҷониби муҳтарам Саравари Давлат садо дод ин ҷамбасту натиҷагирӣ, мақсаду гомҳои миллат ва давлати мо барои фардои дурахшон, ташаббусу амалҳои наҷибона барои зиндагии шоиста ва арзанда буд.
Дар суханронии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти дохилии ҷумҳуриро дар робита бо самтҳои муҳими хориҷи кишвар, вазъи ноҳамвору ноҷури ҷаҳони пуртаззоди имрӯз инъикос намуда, ҳозирин ва кулли сокинони кишварамонро бо таъкидҳои падарона ҳушдор намуд.
1526Аз ҷумла қайд гардид, ки: “Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем”.
Дар тули беш аз 33 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо ҳамасола саҳифаҳои нав ба нави дастовардҳояшро боз карда ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави амал қадамҳои устувор мегузорад.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷа, ки зиндагии мардуми моро такон бахшида иқтисодиёти давлатамонро бо роҳи дуруст ба пеш мебарад ҳаллу фасли худро дарёфта, бо дастурҳои возеҳу равшан ҳама идораву вазорат, мақомоту ниҳоди давлатӣ, корхона, муассисаву ташкилот, иттиҳодия ва созмонҳо вазифадор карда шуданд.
Ғамхориҳои ҳамасолаи Давлату Ҳукумат ба иқтисодиёти кишвар, нисбати тамоми қишрҳои ҷомеа, дар маҷмуъ, зиндагии моро ба маҷрои нав ба нав ворид сохта ҳаётамонро беҳтар, кишварамонро боз ҳам зебову замонавӣ, дастовардҳоямонро фаррохтар намудааст.
1527Тоҷикистони азизи мо айни замон дар марҳалаи нави тараққиёти хеш қарор дошта, бо татбиқи ҳадафҳои стратегию барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои азим ноил гашта истодааст.
Сохтмону ба истифода додани ҳазорҳо номгӯй иншооти соҳаи маориф, муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ, соҳаи тандурустӣ, иншооти варзишӣ, фарҳангу фароғатӣ, техникӣ, илмӣ ва ғайраҳо ҳаёт, муносибат ва зиндагиро рангинтар сохт. Пешрафти зиндагии шоиста, ободии шаҳру деҳоти мамлакат хонадони тоҷикро такон бахшида, мақомашро арзанда гардонид.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саропо аз ғамхориҳои Давлату Ҳукумат нисбат ба ҳама самтҳои муҳими ҳаёти мост.
Ва узви ҳар як хонадони тоҷикро зарур аст, ки дар татбиқи он қуввату ғайрат, дониш, маҳорату малакаи касбиашонро масраф намоянд. Зеро, Паём ин санади тақдирсози миллат ва таккондиҳандаи ҳаёти вай аст.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал пиёда намудани ҳамаи он ҳадаф ва вазоифе, ки ПАЁМ тақозо дорад қуввату дармони хешро дареғ нахоҳанд дошт!
НАЗАРЗОДА НОСИР-профессори Академияи ВКД, полковники милитсия





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...