Артиши миллӣ - дастоварди бузурги даврони истиқлолият
«Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст». Эмомалӣ Раҳмон
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврали соли 1993 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати конститутсиониро тарафдорӣ мекарданд, таъсис ёфтааст. Ҳамасола дар сар то сари кишвар таъсисёбии Артиши миллиро 23-юми феврал ҷашн мегиранд.
Имсол бошад 32-солагии Артиши миллӣ дар ҳудуди кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Дар осто¬наи ин ҷашни бошукӯҳи таърихӣ ҳар як фарди ватандӯст беихтиёр роҳи тайнамудаи Қувваҳои Мусал¬лаҳи кишварро пеши назар меорад. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёси¬ву иқтисодии кишвар таъсис дода шудааст. Баъди пош хӯрдани Иттиҳо¬ди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-си¬ёсӣ фарогир буд, Тоҷикистони то¬заистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи мод-диву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳилаи аввалияи хешро паси сар намуд. Аз ҷумла давраҳои ибтидоии Артиш, бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвият дода¬ни он.
Президени мамлакат Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлолият тавсиф намуда қайд намуданд, ки Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба меросии худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷойи холӣ оғоз намоем. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилот мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии тоҷик ба вуҷуд омад. Он ба дараҷаи кофӣ қудрат дорад, ки мамлакатро аз таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ҳифз намояд.
Имрӯз сокинони мамлакат дар си¬мои Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизи худро дида, онро сипари боэъти¬мод медонанд. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва вазъи моддию техникии имрӯзаи Артиши миллӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он ба куллӣ фарқ менамояд.
Гузаштагони бузурги мо тавонистаанд бо қалами худ ватандӯстию ватанхоҳиро иброз намоянд. Шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфӣ, ки умри худро то дами марг барои Ватан дареғ надошт, чуноне ки гуфтааст:
Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,
Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.
Ҳадаф аз ифшои чунин мисраъҳо дар дили ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони хунхор муҳофизат намоем.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Роҷеъ ба ин гуфтаҳо дар Кон-ститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 43 чунин оварда шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояти манфиа¬ти давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».
Эй Ватан, эй кишвари озодаам,
Ман зи модар баҳри ҳифзат зодаам.
То ки бошам ҳамдаму ҳамрози ту,
Гаштаам Модар – Ватан сарбози ту.
Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан модар аст. Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус азиз ва муқаддас аст. Вақте, ки кӯдак чашм ба дунёи ҳастӣ мекушояд, дар машомаш бӯи шири модару дар рӯйи хоки зодгоҳаш ба воя мерасад. Пайғамбари Худо (с) ватандӯстию ватандориро яке аз нишонаҳои имондорӣ номидааст: “Алоқа ва муҳаббат ба Ватан аз нишонаҳои имон аст”.
Дар охир ҳаминро дарҷ намуд, ки мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳама дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, сулҳи пойдор ва якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳбонӣ кунем, халқи мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бовар мекунонем, ки бо хизмати намунавӣ ва бо меҳнати созанда қудрати иқтисодӣ ва нерӯи мудофиавии давлатамонро афзун менамоем.
Хизмат кардан ба Ватан вазифаи муқаддас ва шарафи бузург аст!
Сулаймонзода Рустами Неъматуло, муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2, Академияи ВКД, капитани милитсия