Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷдиди мақомоти корҳои дохилӣ дар раванди ислоҳоти милитсия

150017 декабри соли 2024 тибқи Нақшаи илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Аҳаммияти Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 дар таҷдиди сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ва амалишавии он» баргузор гардид.
1501Кори конференсияро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло бо сухани ифтитоҳии хеш оғоз намуда қайд карданд, ки «Боварии комил дорам, ки конференсияи имрӯза барои муҳокимаи паҳлуҳои муҳимми масоили марбут ба ислоҳоти милитсия ва нақши он дар таҷдиди сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ва таҳияву тадбиқи иқдому тавсияҳои муайян дар ин самт мусоидат хоҳад кард».
1502Дар асоси гуфтаҳои боло бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз ислоҳот ин пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки милитсия ҳамчун ниҳоди муқтадири ҳифзи тартиботи ҳуқуқии кишвар, ба ҳамгироию ҳамкории судманд бо ҷомеаи шаҳрвандӣ муваффақ гардад.
Ҳамзамон, қабули санадҳои муҳим дар заминаи ислоҳот, пеш аз ҳама ба он равона гардидааст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва умуман ҳар фарди ватандусти Тоҷикистони азизи мо дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ такягоҳи боэътимоду ёрдамчии фаъоли милитсия бошанд. Чунки бе ҳамкории дуҷониба бо ҷомеа дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ расидан имконнопазир аст.
1503Мақомоти милитсияи тоҷик дар даврони мавҷудияти худ таҷдиди сохториро сипарӣ намуда, хушбахтона ба як ниҳоди боэътимоди давлатӣ табдил гардидааст. Мисоли возеҳи суханони мазкур фаъолияти милитсияи тоҷик дар замони Истиқлоли давлатӣ мебошад, ки вобаста ба вазъи сиёсии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва пайдоиши зуҳуроти номатлуби ҷомеа зарурати таъсиси сохторҳои нав ва такмили асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар раванди мутобиқсозии он ба талаботи замона гардидааст.
1504Вобаста ба зарурати амалӣ намудани ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон, борҳо дар суханрониҳои хеш Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора намудаанд, ки «... ҳарчанд дар солҳои Истиқлолияти давлатиямон дар ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайвастаанд, вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар чандон тағйироти ҷиддиро аз сар нагузаронидааст».
Воқеан, мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус, милитсия имрӯз ба таҷдиди сохтории ҷавобгӯй ба талаботи муосир ниёз дошта, амалӣ намудани чунин як ислоҳот, ки моҳияти он зери шиори «Милитсия ин халқ аст ва халқ ин милитсия» сурат мегирад, муҳим ва саривақтист.
То ба имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи амалии ислоҳоти милитсия чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтаанд, ки «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» аз зумраи онҳо мебошад.
Албатта, дар самти татбиқи санадҳои расмии фарогири ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон корҳои зиёде ба сомон расидаанд, ки муҳимтарини онҳо қабул гардидани қонунҳо, қарору фармоиши Ҳукумат ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилиидоравӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошанд.
Дар кори конференсияи мазкур омӯзгорону намояндагони сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, курсантон, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, Шурои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ислоҳоти милитсия ва гуруҳи корӣ оид ба ислоҳоти милитсия иштирок ва бо маърӯзаҳои хеш баромад намуданд.
Ҳамчунин дар рафти кори конференсия шалки баргардони Дастурамали САҲА оид ба фаъолияти политсия дар асоси маълумот ва иттилооти оперативӣ ба забони тоҷикӣ аз ҷониби намояндагони гуруҳи корӣ оид ба ислоҳоти милитсия ба иштирокчиён ва намояндагони сохтори мақомоти корҳои дохилӣ тавассути рӯнамо тавсиф карда шуд. Аз ҷониби шарикони рушди раванди ислоҳоти милитсия миқдори зиёди Дастурамали болозирк ҷиҳати дар раванди таълим, илм ва амалия истифода шудани он ба масъулини Академия тақдим намуданд.
Дар фарҷоми кори конференсия Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва намояндагони гуруҳи корӣ оид ба ислоҳоти милитсия таклифу пешниҳодҳои маърузачиёнро оид ба ислоҳоти милитсия таҳлилу муқоиса намуда, барои бозҳам бо сифат ва самаранок амали гардидани бандҳои дахлдори Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 қарорҳои дахлдорро қабул намуданд.
Вализода Н.Д., сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...