Хабарҳо
Зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир
16.03.2020 16:45
Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зӯроварӣ ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеа мебошад. Аз нигоҳи паҳноиву фарогирӣ терроризм ба шаклҳои зерин тақсим мешавад: байналхалқӣ, дохилидавлатӣ, сиёсӣ, миллӣ ва динӣ. Амалиёти террористӣ аз қисматҳои зерин ....
Нақши нозири минтақавии милитсия дар фаъолияти маъмурӣ
16.03.2020 16:43
Баҳри фаъолияти назаррас ва рушди ҳамкории нозирони минтақавии милитсия, ки яке аз бахшҳои асосӣ ва умдаи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор меравад, санаи 13-уми марти соли 2020 аз ҷониби устодони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мизи мудаввари факултативӣ дар мавзӯи ....
Бунёди бинои нави Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
13.03.2020 16:55
Бо мақсади бунёди ин бинои боҳашамат дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро санаи 30-юми августи соли 2017 бинои зебою боҳашамате сохта ва ба истифода дода шуд, ки ин бино яке аз ....
Вохӯрии аъзоёни «Сипари Ватан» бо роҳбарияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб
13.03.2020 16:54
Рӯзи 12-уми марти соли 2020 вохӯрии навбатии аъзоёни фаъоли ҷавонони «Сипари Ватан»-и МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ аъзои фаъоли ҷавонони «Сипари Ватан»-и МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатории милитсия Каримов Муҳаммад ҳусни ....
Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат мекунем
13.03.2020 16:49
Ватан-Модар, дунёи бекарони зебоӣ, муқаддасот, наёбандаву нотакрор аст. Ҳар нафари соҳибмаърифат Ватанро аз самими дил бо тамоми ҳастӣ чун гавҳараки чашм нозукона нигоҳ медорад. Модар моро ба дунё меорад. Ватан бошад, тарбия менамояду ба воя мерасонад ва ба қуллаҳои мурод мерасонад.Воқеан ҳам хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ....
Боздиди шунавандагони факултети №3 аз Осорхонаи ВКД
13.03.2020 16:37
Дар партави амалигардонии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо мақсади баланд бардоштани ҷаҳони маърифат, малака ва сатҳи суханронӣ, баландбардории маҳорати касбӣ, мутолиаи асарҳои илмиву бадеӣ, ҳамчунин дар ин замина беҳтар шинос гардидани ....
Ба ифтихори 120-солагии ҳофиз ва шоири халқӣ, устод Сайдалӣ Вализода
13.03.2020 16:30
Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 120-солагии ҳофиз ва шоири халқӣ устод Сайдалӣ Вализодаро таҷлил менамояд. Дар ин ҷода корҳои зиёде ба нақша гирифта шудааст.Устод Сайдалӣ Вализода 10-уми октябри соли 1900 дар деҳаи Чуқураки ноҳияи Ховалинги имрӯза дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Вай яке аз шоиронест, ки адабиёти даҳониро то ба ....
Тайёрии оташфишонӣ дар курсҳои тайёрии ибтидоӣ
13.03.2020 11:28
Рӯзи 11-уми марти соли 2020 дар заминаи чорабиниҳои асосии таълимӣ-тарбиявӣ бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ шунавандагони курси 3-моҳаи тайёрии ибтидоӣ таҳти роҳбарии сардори кафедраи ҳарбӣ-хизматии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Собиров И.Ғ. ба қисми ҳарбии 3501 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани машғулияти ....
Амалия – меъёри ҳақиқат
11.03.2020 16:54
Бо дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Раҳизода Р.Ҳ. оид ба баланд бардоштани савияи дониши назариявӣ ва амалии курсантони №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони пуртаҷрибаи амалияи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди тадриси дарсҳо ба роҳ монда шудааст. Санаи 11-уми марти соли ....
Даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ
11.03.2020 10:19
Ватан-Модар ин ду калимаи муқаддас ва пайванд. Мо бе ин ҳарду зиндагӣ карда наметавонем, зеро моро яке тавлид менамояд ва дигаре ба оғӯш гирифта ба воя мерасонад. Ҳифз ва эмин нигоҳ доштани Ватан-Модар вазифаи ҳар як фарзанди содиқи ин меҳани биҳиштосо мебошад. Санаи 3 сентябри соли 2019, таҳти №1353 Фармони ....
Таҷлили «Рӯзи Модар» дар Коллеҷи милитсия
11.03.2020 12:16
Санаи 6-уми марти соли 2020 бо ташаббуси кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва забонҳои Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Умари Хайём Амиршо ....
Саразм - мероси фарҳангии сайёра
11.03.2020 12:12
«Бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм, пешниҳод менамоям, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун марказӣ ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад». Эмомалӣ Раҳмон Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дорои урфу одат, анъана мероси бою ғанӣ буда, дар байни дигар халқиятҳо ҳамчун миллати куҳанбунёд мавқеи ....
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир…
11.03.2020 12:10
Таърих гувоҳ аст, ки агар дар ҷомеа хизмати содиқона намоем номамон бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, ҳатто баъд аз 1000-солаҳо номамон ба некӣ ёд мешавад. Дар ин росто вазифаи мо танҳо хизмати содиқона ба Ватан-Модар аст. Қаҳрамони мо бошад собиқадори 68-сола, полковники мустаъфӣ Шарипов Раҳмоналӣ мебошад, ки 27-соли пурбарори худро ....
Ҳамеша бо Ватан будам: Мирзо Турсунзода - фарзанди қарни ХХ
11.03.2020 12:04
Рӯзи 4 марти соли 2020 дар толори Шӯрои олимони Академияи ВКД мизи мудаввар дар мавзӯи «Диле, ки ба халқ дода шуд (таҳлили эҷодиёти Мирзо Турсунзода» (Сердце, отданное народу (анализ творчества Мирзо Турсунзаде) аз тарафи кафедраи забонҳои факултети №2 Академияи ВКД ташкил ва гузаронида шуд. Дар кори мизи мудаввар муовини ....
Машғулияти хизматӣ дар самти оперативӣ
10.03.2020 17:13
Рӯзи 10-уми март дар факултети №6 Академияи ВКД бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони факултети фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ин муассисаи олии касбӣ машғулияти хизматӣ гузаронида шуд. Дар оғоз Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд, ки яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ бунёди ....