Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зарари маводи нашъаовар аз дидгоҳи арзишҳои исломӣ

Мусаллам аст, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз менамоянд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории фаъолияти созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳу ҳаракатҳое, ки худро бо ном мусалмону диндор муаррифӣ мекунанд, сарчашма мегиранд.

Ҳарчанд, ки дар натиҷаи ҷораҳои андешидашуда солҳои охир қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби аъзоёни нашъаҷаллобҳо гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ва дигар аъзоёни гурӯҳҳои ҳаракатҳои ифротии исломӣ ба кишвар то андозае коҳиш ёфтааст, инчунин афзоиши воридоти дигар намудҳои маводи нашъаовар, ки ба саломатии инсон зарари бештар доранд, ба назар мерасад.
Ин масъалаҳо пайваста дар мадди назари аввали Роҳбарияти Олии кишвар ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвари азизамон Тоҷикистон мебошанд. Оид ба азми Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди мубориза бо ин вабои аср дар ҳама сатҳо, аз минбари оллии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) борҳо изҳор намудааст.
«Аз ин рӯ мо тасмим гирифтаем, ки дар роҳи қочоқи маводи нашъадоре, ки аз ҷониби гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гуруҳҳои аъзоёни ҳаракатҳои бо ном исломӣ истеҳсол ва хариду фурӯш мешаванд садди боз ҳам устувор гузошта дар ин росто баҳри коҳиш додан ва умуман нест кардани воридоти маводи нашъадор ба ҳудуди Тоҷикистон ва минбаъд аз Тоҷикистон ба дигар давлатҳо тадбирҳои воқеӣ андешем» - иброз медоранд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, ҳаёт ин мубориза аст, мубориза бар зидди фисқу фуҷур, (фасодкорӣ) хоҳишоти нафсу талаботи моддӣ ва маънавии инсонҳо ва ғайра. Инсон дар ҳаёти ҳуд ба воқеаҳо ва лаҳзаҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавад, ки танҳо тавфиқи худовандӣ, ақли солим дурандешӣ ва иродаи қавӣ метавонад ӯро наҷот диҳад. Мутаассифона баъзе шахсон пайрави ҳавову ҳавас гашта, дар ҳаёти худ бар истеъмолу истифодаи баъзе маводҳо аз ҷумла маводи нашъаовар машғул мешаванд, ки ҳаёти худро натанҳо дар зери хатар, балки сӯзонда нобуд мекунанд. Бисёр вақт тавассути васоити ахбори омма олимону донишмандон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баромадҳо карда, аз оқибатҳои бади маводи нашъаовар мардумро мефаҳмонанд, инчунин китобу рисола ва мақолаҳои зиёд аз тарафи донишмандону олимон ва мутафаккирони бузурги исломӣ низ таълиф гардидааст, вале мутаассифона ба мушоҳида мерасад, ки баъзе аз ҷавонон ба чунин кори бад даст мезананд ва ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Муаллиф тасмим гирифтааст, ки роҷеъ ба зарару зиёни ин маводи марговар ки ба руҳу ҷисми инсон зарар мерасонад инчунин ҳаром будани истифодаи он аз дидгоҳи арзишҳои исломӣ, ки саршор аз ахлоқу маънавият аст, рӯи саҳифа оварда, онро мухтасаран тадқиқ намояд.
Маводи нашъаовар аз қабили бангдона, ҳашишу героин ва амсоли ин мавод ва он чи, ки бо номи маводи мухаддир шинохта шудааст, аз ҷумлаи маводе ҳастанд, ки бо итифоқи ҳамаи олимони исломӣ ҳаром дониста шудааст. Ин ҳама мавод аз ҷумлаи ҳамр-(аз байнбарандаи ақл) ба шумор меравад.
Дар мактаби фиқҳи исломӣ Ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) мефармояд: «Ҳар чизе, ки ақлро аз байн бибарад, хамр гуфта мешавад». Истеъмоли маводи мухаддир ва машруботи алкоголӣ «худи мафҳуми алкогол аз калимаи араби(ал-кул) гирифта шудааст»-низ ба рӯҳу ҷисми инсон зарари калон дорад. Истеъмоли доимии ин мавод бадани инсонро дар муддати кӯтоҳ фалаҷу нотавон карда, саломатӣ ва ҳамоҳангии кори аксари узвҳои баданро аз байн мебарад. Тадқиқотҳои илмӣ нишон додаанд, ки мағзи сари шахси истеъмолкунандаи машруботи алкоголӣ ва хусусан маводи мухаддир, ба тадриҷ карахт шуда, ақли ӯ кам ва хотирааш заиф мегардад. Бояд қайд намуд, ки шахсони нашъаманд дар мудатти ниҳоят кӯтоҳ, тайи ду-се сол, ба куллӣ мубталои беморӣ мешаванд ва бармаҳал аз байн мераванд. Ҳангоми истеъмоли он маводи заҳролуд асаби нашъамандон халалдор гашта, ғайраташон кам, хаёлашон парешон, хотираашон суст ва иродаашон заиф мегардад.
Чунон, ки ҳаёт нишон медиҳад, харҷи вазнини харидорӣ ва истеъмоли маводи мухаддир оқибат инсонро муфлис карда, қарздору хору зор мегардонад. Умуман нашъамандӣ ва майзадагӣ оқибат шахсро маризу бенаво карда, барои худ, хонавода ва барои тамоми ҷомеа дарди сар мегардонад. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки даст задан ба нашъамандӣ навъе худкушии тадриҷӣ мебошад, ки дини мубини ислом онро сароҳатан маҳкум кардааст. Китоби муқаддаси мусалмонон Қуръони карим дар ин бора ба мусалмонон чунин амр кардааст: «Худро ба дасти худ ба ҳалокат нарасонед».
Вақте, ки инсон дар натиҷаи майзадагӣ ва нашъмандӣ сифатҳои пасти дар боло зикршударо пайдо мекунад, маълум аст, ки робитаи ӯ бо тамоми атрофиён, аз ҷумла падару модар, бародару хоҳар ва зану фарзандонаш бад шуда, оқибат ба вайрон шудани оила бурда мерасонад. Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки оилаҳои майзадаву нашъаманд ҳамеша муҳити ҷанҷолӣ ва нооромӣ дошта, барои тарбияи фарзандон макони номуносиб мебошанд. Албата нақши оила дар тарбияи фарзандон, хусусан ҳаққи падару модар хеле бузург мебошад, ки ин мавзӯи дигар аст. Аз қувваи мардӣ маҳрум шудани майзадагону нашъамандон низ боиси ғайри имкон шудани идомаи зиндагии оилавӣ гашта ба вайроншавии оила бурда мерасонад, ки албата вайроншавии як оила фоҷиаи хеле бузург буда, оқибадҳои манфӣ дорад. Ба ин восита шахси майзадаву нашъаманд натанҳо худро, балки аъзои оила ва хешу таборашро беобрӯ ва шармсор менамояд. Худ қазоват кунед, ки падару модари нашъаманд аз афъоли бади фарзандашон чӣ қадар азоби рӯҳӣ мекашанд ва ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд.
Шахсони нашъаҷалоб ва истеъмолкунандагони маводи мухаддир яке аз зараровартарин тоифаҳои ҷамъиятӣ буда, барои тамоми ҷомеа, хусусан ҷавонон, зиёни ҳамаҷониба меоваранд. Метавон гуфт, ки нашъамандону майзадагон манбаи паҳншавии шуури паст, сарчашмаи пайдоиш ва рушди бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла бемориҳои ҷинсии даҳшатноке мисли ВНМО (вируси норасоии масунияти одам), ки имрӯз тамоми давлатҳоро ба ташвиш овардааст, инчунин манбаи афзоиши ҷинояткорӣ дар ҷомеа мебошанд. Онҳо чун ҳашароти зараррасон ҷомеаро заҳролуд мекунанд ва барои ҷомеа мушкилоти гуногун оварда ҷомеа барои пешгириву табобати онҳо қуввату сармояҳои худро аз даст медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки майзадагӣ ва истеъмоли маводи мухаддир пеш аз ҳама ба бузургтарин сармояи миллату ҷомеа ақлу зеҳни инсонҳо таҳдид мекунад. Истеъмоли он инсонро аз фарҳангу маънавият холӣ ва ғуломи ҳалқа бар дӯши ин мавод гардонида, аз ҳувияти милливу ифтихори миллӣ комилан бегона месозад. Мутаассифона имрӯзҳо тавассути воситаи ахбори омма маълум мегардад, ки бештари боздошташавандагон ва нашъамандон ҷавонҳо ва ҳатто наврасон ҳастанд. Набояд фаромӯш кард, ки ҷавонон, ки беҳтарин умеди ҳар як миллату давлат ва нерӯи пешбарандаи ҷомеа ҳастанд мутаассифона як қисме аз онҳо аз тариқи бехабарӣ тӯъмаи ин раванди маргбор мегарданд. Бешак маводи мухаддир ба ояндаи тараққиёт маънавият ва насли ояндаи миллат таҳдиди ҷиддӣ мерасонад зеро аз мардони заифу заҳролуд фарзанди солим ба бор намеояд ва аз мағзҳои карахту шахшуда, ҳеҷ фикри дурусте сар намезанад. Ин маводи заифкунандаи ақл ва аз байн барандаи бадани солим метавонад дар андак мудате кореро, ки душманон дар тӯли солҳо бар он мувафақ нашудаанд, амалӣ кунад. Яъне миллати дорои фарҳанги ҳазорсоларо бар тӯдаи кундзеҳну бехирад ва масту майзада табдил диҳад, ин аст, ки имрӯз масъалаи мубориза бо майзадагиву нашъамандӣ дар ҳақиқат мубориза барои наҷоти фарҳангу ҳуввият ва умуман асолати миллӣ ва ояндаи ҳар миллат мебошад.
Дар охир гуфтанием, ки Худованд барои дарёфти роҳи саодати дунёву охират китобҳо ва паёмбарону мутафакирон фиристода, то инсонҳо роҳи некию хушбахтиро дарёфт намоянд. Бояд онҳое, ки бар ин роҳи хато рафтаанд бедор шаванд ва ақли худро дуруст истифода намоянд ва имрӯзу фардои худро, ки бебозгашт аст, аз даст надиҳанд. Худованди мутаол инсонро офарида ба ӯ каромат бахшид ва бо имтиёзоти бузурге ӯро аз бақияи махлуқот мумтоз гардонид. Аз ҷумлаи муҳимтарин ин имтиёзот неъмати ақл ва идрок аст, ки инсон ба василаи он метавонад парвардигори худро шиносад ва парастиш кунад ва дар пешрафту тараққии ҷомеае, ки дар он зиндагӣ дорад саҳмгузор бошад.
1675Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон тамоми шароитҳо барои ҷавонону наврасон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳайё гардида, ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ҳифзи саломатии ҷавонон сарвати миллӣ ва боигарии ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Бо истифода аз ин фурсат, ба кулли ҳамкасбон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ барои ҳамкориҳои судманд, инчунин ба давлатҳои маблағгузор ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар мубориза бо муомилоти ғайриконунии маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандӣ ва дар тадбиқи ташаббусҳои Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, минатдории самими худро изҳор менамоем.

Зоиров Ш.С., нозири калони шуъбаи таълимии Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...