Хатми шунавандагони курси такмили ихтисоси самти нозирони минтақавӣ
Дар суханронии худ Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ироа намудаанд: «Кормандони милитсия, пеш аз ҳама, бояд интизоми оҳанин, савияи баланди касбӣ, маърифати баланди шаҳрвандӣ ва эҳсоси нерӯмандӣ, ватандӯстӣ дошта бошанд, меъёрҳои қонуну тартиботро хуб донанд ва риоя намоянд».
Рӯзи 3-юми апрели соли 2021 маросими супоридани шаҳодатнома ба шунавандагони курси такмили ихтисос, самти нозирони минтақави милитсияи ШҲТҶ ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аз тарафи сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ғафуров М.С., 22 - нафар шунавандагонро зимни таҳсил дар ин курсҳо аз тағйироту иловаҳо ба санадҳои ҳуқуқӣ фармонҳои навсодиршудаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ, реҷаи махфӣ, фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ, назорати прокурорӣ, этика ва психологияи касбӣ ва барои гирифтани шаҳодатномаи курси такмили ихтисос табрик намуда, изҳор кард, ки дар оянда барои давлату миллати худ бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ кору фаъолияти хешро давом диҳанд, чунки нозирони минтақави милитсия дар мақомоти корҳои дохилӣ яке аз ҷойҳои асосиро ишғол мекунад. Дар ҷавоб шунавандагони такмили ихтисос бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ кору фаъолият ва уҳдадориҳои хизматии худро иҷро намуда ба Сарвари давлат ва халқу миллати худ хизмат менамоянд.
Муминӣ Азизҷон Баҳодур, сардори кабинети
кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети
№4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.