Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хусусиятҳои хоси таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Зиракии сиёсӣ омили амният, ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун мебошад». Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

1693Барои тахкими истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, пойдории ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳими давлатӣ маҳсуб меёбад.
Дар ҷаҳони имрӯза рақобатҳои геополитикӣ байни давлатҳо афзуда, барои ба ҳадафҳои худ расидан аз ҷангҳои равонию иттилоотӣ бештар истифода мебаранд. Ин набардро таҳоҷуми иттилоотӣ, набарди равониву истихборотӣ (англ. Information and psychological warfare; русӣ: ”информационно-психологическая война”) низ ном мебаранд.
Дар тӯли 30-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмӯи чораҳо оид ба такмили амнияти иттилоотии он ба амал бароварда шуданд. Ба ташкили заминаи таъмини ҳуқукии амнияти иттилоотӣ оғоз карда шуда, он такмил ёфта истодааст. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷкистон «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи алоқа», «Дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ», «Дар бораи иттилоот» ва «Дар бораи ҳифзи иттилоот» қабул шудаанд. Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон (аз 7 ноябри соли 2003 № 1176) тасдиқ шудааст, марҳилаи нави ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ мебошад. Дар асоси ин Консепсия Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷкистон таҳия ва тасдиқ шудааст. Маҷмӯи ақидаҳои расмӣ оид ба мақсад, вазифаҳо, принсипҳо ва самтҳои асосии таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Консепсия ифода шудааст, барои ташкили сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъминоти амнияти иттилоотии миллии ҷумҳурӣ ва таҳияи барномаҳои мақсадноки кишвар дар ин соҳа ҳамчун асос хизмат менамояд.
Чорабиниҳои таъмини амнияти иттилоотӣ манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин месозад. Ин аз он ҷиҳат зарур аст, ки соҳаи иттилоотӣ омили ташкилкунандаи низоми ҳаёти ҷамъиятӣ гаштааст. Афзудани нақши соҳаи иттилоотӣ, ки ба ҷамъоварӣ, ташаккул, пахш ва истифодаи иттилоот, инчунин низоми танзими муносибатҳои ҷамъиятии дар ин ҳол бавуҷудомадаро амалӣ менамояд, вобаста буда вай ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, мудофиа ва ғайра, ки амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд, фаъолона таъсир мерасонад. Манфиатҳои миллии кишвар аз манфиатҳои шахсият, манфиатҳои ҷамъият, манфиатҳои давлат иборат аст. Манфиатҳои шахсият дар соҳаи иттилоот аз татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дастрасӣ ба иттилоот, барои истифодаи иттилоот ба манфиати амалӣ шудани фаъолияти бо қонун манъ нашуда, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнӣ, инчунин ҳимояи иттилооте, ки амнияти шахсиро таъмин менамояд, иборат аст. Манфиатҳои ҷамъият дар соҳаи иттилоот аз таъмини манфиати шахсият дар ин соҳа, пойдории демократия, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, комёбӣ ва пуштибонии ризоияти ҷамъиятӣ, тозагии маънавии Тоҷикистон иборатанд. Манфиатҳои давлат дар соҳаи иттилоот аз ташкили шароитҳо барои инкишофи мутаносиби инфраструктураҳои иттилоотӣ, барои татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар соҳаи гирифтан ва истифодаи иттилоот бо мақсади таъмини мустаҳкамии сохтори конститутсионӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувории сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таъмини қатъии қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, инкишофи ҳамкориҳои баробарҳуқуқ ва муфиди байналмилалӣ иборат мебошад. Дар асоси манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот, вазифаҳои стратегӣ ва ҷории сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ ташаккул дода мешаванд.
Сарчашмаҳои таҳдид ба амнияти иттилоотӣ гуногун буда, аз ҷумла кӯшиши ҳарифони эҳтимолӣ ба маҳдуд намудани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ, танг карда баровардани вай аз бозори хориҷӣ ва дохилӣ, тезутундшавии рақобати ҷаҳонӣ барои ба даст овардани захираҳои иттилоотӣ-техникиро дар бар мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма фаъолияти васоити электронии ахборро баррасӣ карда, зикр карданд ки «… фазои иттилоотии кишвар ҳанӯз осебпазир буда, таъсири шабакаҳои хориҷӣ ба афкори мардум баланд мебошад. Ҳамаи шумо хуб медонед, ки дар замонаи таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва тезутундшавии зиддиятҳои геополитикӣ ахбор ва гузоришҳои телевизиону радио ҳамчун воситаи муҳимми таъсиргузории сиёсӣ барои таъмини амнияти давлатҳо нақши калидӣ доранд.Ҳар як кишвар ё ҳукумате, ки дар ҷанги иттилоотӣ мағлуб мегардад, амният ва пойдории сохти конститутсионии худро ҳифз карда наметавонад. Тавре ки ҳодисаҳои солҳои охир дар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ва кишварҳои Шарқи Наздик нишон доданд, «инқилобҳои ранга» аввал дар фазои иттилоотӣ амалӣ гардида, сипас ба воқеияти сиёсӣ табдил ёфтанд» (1.Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма, 01.03.2016. Манбаъи электронӣ http://www.president.tj.Санаи муроҷиат 30.03.2021).
Дар ҳақиқат, ҷаҳони имрӯз ҷаҳони чанд даҳсолаи пеш нест. Имрӯз таъсири расонаҳои кишварҳои абарқудрат ба афкори ҷомеаи кишварҳои дар роҳи рушд қарордошта зиёд ба мушоҳида мерасад. Яке аз воситаҳои таъсиргузор ба воқеоти хунини Сурия, Ироқ, Миср, Тунис, Ливия ва ғайра ҷанги иттилоотӣ дар шабакаҳои интернетӣ мебошад. Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд-таъкид менамояд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ба ақидаи академик М. Имомзода, «Дар замони мавҷудияти мавҷгирҳои моҳвораӣ ба фазои иттилоотӣ баҳои яксону қатъӣ додан хеле мушкил аст. Ҳамчунин, торафт ба рӯзгори мо ворид шудани интернет ва дастрасии бештари мардум ба он, рушди технологияи иттилоотиву иртиботӣ дар ин раванд набояд аз мадди назар дур бошад. Ҳамин аст, ки интернет дар замони мо, бахусус сомонаҳои иҷтимоӣ таъсири бештаре дар фазои иттилоотӣ ва афкори умум (бахусу ҷавонон) доранд. Масалан, ҷалби аксари аъзои созмонҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ДИИШ тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ сурат гирифтааст.Иттилоъ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ба силоҳи муборизаҳо табдил ёфтааст. Ва ҳеч иттилое бидуни мақсад пахш намегардад. Тавассути технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ дар камтарин фурсат дилхоҳ иттилоъ дар олам паҳн мешавад. Ин ҳам нишони аҳамияти иттилоъ асту ҳам водоркунандаи масъулият дар назди қабулкунандаи иттилоъ. Ин масъулият то кадом андоза дархӯри манфиатҳои милливу давлатии мост, саволест аз ҳар рӯзноманигори тоҷик посух мехоҳад. Аз ин рӯ, аҳли қаламро мебояд дар баробари иҷрои вазифаҳои касбии худ манфиат ва арзишҳои миллии давлати соҳибистиқлоламонро дар мадди аввал гузоранд. Ба як маъно, рӯзноманигорон дар муборизаву ҷангҳои иттилоотӣ бояд сарбоз ва сипари боэътимоди давлату миллат бошанд. Посухи саривақтӣ ба ҳуҷумҳои иттилотӣ аз вазифаҳои асливу касбии аҳли қалам аст. Дар ин роҳ аз зеҳни олимони ҷомеашиносу сиёсатшинос ва коршиносони сиёсиву соҳавӣ истифода бурдан вазифаи масъулини ВАО аст. (2. Имомзода М.Манфиат ва арзишҳои миллӣ ё баъзе масъалаҳои амнияти иттилоотӣ ва фазои иттилоотии Тоҷикистон. Манбаъи электронӣ www.maorif.tj.19.03.2021).
Моддаи якуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» мафҳуми мазкурро чунин шарҳ додаст: «Амният ҳолати муҳофизаи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомиа ва давлат аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад». Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷиҳати таъмини амнияти комил ва суботи сиёсӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда, аҳли ҷомеа ва мақомоти дахдори таъмнкунандаи сулҳу амниятро аз таҳдиду хатарҳои ба он алоқаманд огоҳ менамоянд ва онҳоро барои барҳам задани омилҳои хатарзо даъват мекунанд. Аз он ҷумла, Пешвои амниятофарини миллат дар мулоқоти таърихии худ зимни суханронӣ дар ҷамъомади кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба муносибати 80-солагии Прокуратураи Тоҷикистон – 24 декабри соли 2004 вобаста ба хатарҳои асосии таҳдидкунандаи амнияти миллӣ чунинибрози андеша намудаанд: «Ба амнияти миллии ҳар давлат пеш аз ҳама қувваҳои моҷароҷӯву тахрибкори берунӣ таҳдид доранд, ки Тоҷикистон дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷиабори дахолати онҳоро аз сар гузаронидааст.Ба гурӯҳи таҳдидҳои дохилӣ экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона, коррупсия, нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти ба ин монанд шомиланд, ки метавонанд амнияти давлат ва ҷомеаи моро халалдор намоянд» (3.Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба муносибати 80-солагии Прокуратураи Тоҷикистон, 24.12.2004. Манбаъи электронӣ http://www.president.tj.Санаи муроҷиат 30.03.2021).
Дар моддаи 1-уми муқаррароти умумии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» омадааст: «амнияти иттилоотӣ — ҳолати муҳофизатии манбаъҳои давлатии иттилоотӣ, инчунин ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият дар соҳаи иттилоот маҳсуб меёбад»(4.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» аз 28 июни соли 2011 №721).
Ба акидаи муҳаққиқ Яқубов Ҷ.К.«Солҳои охир аксар мамлакатҳои дунё кӯшиши сохтани ҷомеаи глобалии иттилоотиро доранд. Лекин рушди иттилоотикунонӣ дар баъзе кишварҳо бинобар як қатор омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва техникӣ боз дошта шудааст. Кишварҳои дараҷаи гуногуни тараққиёт дошта ба рушди Интернет муносибати хоса менамоянд. Дар Тоҷикистон, вазъи инкишофи Интернет дар зинаи аввал қарор дорад. Дар айни замон, баъзе омилҳои сиёсӣ садди роҳи рушди Интернет мегарданд. Бархе аз коршиносон бар он аҳидаанд, ки дар сайтҳо "даъватҳои оҳанги миллатгароӣ ва бадбинии наҷодӣ, манипулятсияи иттилоотӣ, поймоли ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони алоҳида ҷой доранд ..., ки баъзеи онҳо сарчашмаи таҳдид ба амнияти иттилоотии кишвари мо мебошад" . (5.Якубов Ҷ.К.Ҷаҳонишавӣ ва муаммоҳои амнияти иттилоотӣ.Published on Monday,16 March. Манбаъи электронӣ www.nakikat.tj.19.03.2021).
Президенти маҳбуби мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид меамоянд: «Чунин мешуморем, ки идораи истифодаи Интернет дар сатҳи байналхалқӣ бояд дар асоси бисёрпаҳлӯӣ, шаффофият ва демократӣ, бо иштироки мақомоти идоракунии давлатӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ сурат гирад. Дар фаъолияти воситаҳои иттилоотии омма пеш аз ҳама бояд низоми мукаммали таҳияи мавод оид ба тарбияи худшиносии миллӣ ва ватанпарастӣ ташаккул ёфта, тарғиби анъанаву суннатҳои асили фарҳанги миллӣ бо дарназардошти талаботи замони пешрафт ва дастовардҳои беҳтарини фарҳанги башарӣ ба роҳ монда шавад. Ташаккул ва рушди сиёсати иттилоотӣ чун қисми таркибии сиёсати дохиливу хориҷии давлат бояд ба амалигардонии талаботи Конститутсияи Тоҷикистон дар бобати бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба таври муассир мусоидат намояд».

Асламов Б.С.,Рустамзода З.Р.,Убайдуллоев Ш.Э.

Адабиёт:

1. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма.01.03.2016. Манбаъи электронӣ http://www.president.tj.Санаи муроҷиат 30.03.2021.

2. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба муносибати 80-солагии Прокуратураи Тоҷикистон, 24.12.2004. Манбаъи электронӣ http://www.president.tj.Санаи муроҷиат 30.03.2021.

3. Имомзода М.Манфиат ва арзишҳои миллӣ ё баъзе масъалаҳои амнияти иттилоотӣ ва фазои иттилоотии Тоҷикистон. Манбаъи электронӣ www.maorif.tj.19.03.2021.
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» аз 28 июни соли 2011, №721.
5. Якубов Ҷ.К.Ҷаҳонишавӣ ва муаммоҳои амнияти иттилоотӣ.Published on Monday, 16 March. Манбаъи электронӣ www.nakikat.tj.19.03.2021.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...