Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

1687

Дар факултети №6 Академияи ВКД бо ибтикори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустҷӯӣ» зери унвони «Фаъолияти оперативӣ-чустуҷӯӣ ва нақши он дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон» бо ҷалби мутахассисони соҳа, омӯзгорон ва курсантон баргузор гардид. Кори мизи мудавварро сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ конунгузории миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустҷӯӣ» такмил ёфт. Дар раванди такмил, омӯзиш ва баррасии илми фаъолияти оперативӣ-ҷустҷӯӣ хизмати Вазири корҳои дохилӣ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро хеле калон мебошад, ки доираи омӯзиши ФОҶ-ро на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар давлатҳои аъзои ИДМ муаррифӣ намуд.

168816901691

Сапас риштаи сухан ба доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор, сарходими илмии АМИТ генерал-майори милисия Маҷидзода Ҷурахон Зоир дода шуд. Вай дар мавзӯи «Риоя намудани сирри давлатӣ дар амалӣ намудани чорбиниҳои оперативӣ-чутуҷӯӣ» маърӯзаи муфассал намуда, аз дастовардҳои миллӣ дар ин соҳаи муҳим иттилоъ дод. Маҷидзода Ҷурахон Зоир барои боз ҳам мукаммалгардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустҷӯӣ» таклифҳои мушаххас намуд.
Дар кори мизи мудаввар сардори факултети №2, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С. дар мавзӯи «Донишҳои сиёсӣ-ҳуқуқии мардуми машриқзамин дар бораи корҳои фаврӣ», сардори факултети №6, н.и.ҳ., полковники милисия Нозиров Н.А. дар мавзӯи «Пешниҳоди натиҷаҳои ФОҶ ва истифодаи он дар мурофиаи чиноятӣ», сардори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1,н.и.ҳ., Рустамзода А.Қ.. дар мавзӯи «Корҳои инфиродӣ-тарбиявӣ бо кормандони ШКҶ», муаллими калони кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, полковники мустаъфӣ Каримов А.М. дар мавзӯи «Идоракунии МКД дар шароитҳои махсус», муаллими калони кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, н.и.ҳ., Азмимӣ Умеда дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳои интихоби кадрҳо барои хадамоти оперативӣ», дотсенти кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Шарифзода Ш. дар мавзӯи «Масъалаҳои ҷинояткорӣ дар самти пешгирии мубориза бо коррупсия», сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, н.и.ҳ., полковники милитсия Қосимов Ф.М. дар мавзӯи «Андешаҳои илмии Раҳимзода Рамазон Ҳамро доир ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва нақши он дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон», ходими калони илмии шуъбаи адъюнктура полковники милитсия Асламов Б.С. дар мавзӯи «Ҷанбаҳои психологии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», шунавандаи курси дуюми факултети №1, полковники милитсия Абдуллозода А. дар мавзӯи «Мусоидати шаҳрвандон ба МАФОҶ» маърӯзаҳои илмӣ намуда, фикру пешниҳодҳои мушаххас намуданд.

16921989

Кори мизи мудавварро муовини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. ҷамъбаст намуда, тавсияҳои кори мизи мудавварро қироат намуд.

АсламовБ.С., Қосимов Ф.М., Ҳайдарзода О.Ҳ.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...