Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғулияти таълимӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон: усулҳои муосири пешгирӣ ва дурнамо дар ин самт» бо ҷавонон зери унвонии «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат»

1700

Санаи 01.04.2021 дар асоси мактуби дархостии раиси ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони пешвои миллат» А.Раҳмонзода ва мувофиқаи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Шарифзода В ва майори милитсия Нуриддинзода С.Н., воқеъ дар толори Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили омӯзиширо бо ҷавонони фаъол дар мавзӯи «Ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон: усулҳои муосири пешгирӣ ва дурнамо дар ин самт» доир намуданд.
Омӯзгорон оид ба мавзӯи болозикр бо маърӯза баромад намуда, паҳлуҳои гуногуни мавзӯъро, аз қабили ҳисоботҳои оморӣ оид ба ҷинояткории ҷавонон ва ноболиғон, асосҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва огоҳонии ҳуқуқвайронкунии ҷавонон ва ноболиғон, мафҳуму моҳияти профилактикаи ҳуқуқвайронкуниҳо ва шаклҳои он, таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷӣ дар самти баррасишаванда ва муваффақияти мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонону ноболиғон мавриди баррасӣ қарор доданд.

17011702

Ҷавонони фаъол ба саволҳои пешниҳодкардаашон ба таври қаноатмандӣ посух гирифта, ба роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати профессорону омӯзгорони он миннатдории хешро баён карданд.
Дар охири маҳфил омӯзгорон дар якҷоягӣ бо ҷавонони фаъол акси хотиравӣ гирифтанд.

Нуриддинзода С.Н., Сафарзода С.Н.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...