Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ширкати бонувони Академия дар фестивали муд таҳти унвони аз «Наврӯз то Наврӯз»

1697

Санаи 31 марти соли равон бо ташаббуси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар толори фарҳангию намоишии он фестивал-намоиши “Мӯд - 2021” таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз” барпо гардид.
Фестивал-намоишро бо сухани табрикотӣ ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода ҳусни ифтитоҳ бахшида, сабаби ҳамасола дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз баргузор намудани чунин фестивал-намоишро ба санаи таърихии 30 марти соли 2013 - рӯзи таъсисёбии Донишкадаи давлатиии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нисбат дод, ки ҳашт сол муқаддам ба ҳамин рӯзҳои тантанаи ҷашни Наврӯз рост омада, баъдан ба як анъанаи донишкадавӣ табдил ёфтааст.

16981699

Сипас дар баробари донишҷӯдухтарони моделсози донишкада меҳмонон аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки ба фестивал даъват шуда буданд, бо навбат коллексияи либосҳои эҷод намудаи худро дар тани духтарони мавзунқомати хушхиром дар саҳна ба таври ҷаззобу дилнишин намоиш доданд.
Дар охир муаллифон барои иштироки фаъолона ва беҳтарин коллексияҳои эҷод кардаашон бо дипломи фестивал-намоиш сарфароз гардонида шуданд.
Дар фестивали мазкур кормандзанону курсантдухтарони Академияи ВКД иштирок намуда, аз тамошои фестивали мазкур таасуроти хуб гирифтанд.

Асламов Б.С., Сафарова С.Н.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...