Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатари экстремизми иттилоотӣ ва роҳҳои пешгирии он

1684

Рӯзи 29-уми марти соли 2021, дар толори факултели №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати профессорон ва омӯзгорони факултет дар мавзӯи «Хатари экстремизми иттилоотӣ ва роҳҳои пешгирии он» машғулияти иловагӣ баргузор гардид. Машғулияти зикршударо бо сухани ифтитоҳӣ сардори факултети №4, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш., ҳусни оғоз бахшида, доир ба роҳҳо ва омилҳои хатари экстремизми иттилоотӣ фикру ақидаҳои хешро иброз намуд.

1685

Сипас, сухани навбатӣ ба дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ, полковники милитсия Муллобоев М.Р. дода шуда, ӯ дар бораи ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ, мафҳумҳои иттилооти компютерӣ, системаи компютерӣ, шабақаи компютерӣ, махзани мошинаҳо, системаи муҳофизати иттилоот ва вайрон кардани ин система ибрози ақида намуд. Инчунин дар доираи мавзӯи зикршуда нисбати объект, тарафи объективӣ, субъект, тарафи субъективӣ ва таркиби ҷиноятҳои дар модаҳои 298-304 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда мавриди таҳлили дақиқ қарор дода шуд. Байни устодон доир ба ин мавзӯъ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Айни замон омӯзиши мавзӯъ дар байни курсантони курсҳои 1-4 тибқи нақшаи алоҳида ба роҳ монда шудааст.

Давлатова Ҷонона, корманд мутахассиси факултети

№4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...