Проблемаҳои назариявӣ ва амалии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар замони муосир
Бо мақсади амалӣ намудани фасли 3, банди 2-и Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дарку фаҳм ва баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва сайқал додани савияи дониши курсантон дар таърихи 31-уми марти соли 2021 бо ташаббуси ҷамъияти илмии курсантони «Давлатшиносони ҷавон»-и кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Проблемаҳои назариявӣ ва амалии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар замони муосир» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур омӯзгорони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ Қодирзода Ғолиб, Фахридинзода Ҳамза, Абдуҷабборзода Мавҷуда, Пулатова Фаридабону, Нурализода Шералӣ ҳамзамон роҳбари маҳфили илмӣ Ҷалолзода Сорбон ва аъзоёни маҳфили илмӣ курсантони курсҳои 2,3,4-и факултети №2, 6-и Академияи номбурда фаъолона иштирок намуданд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии роҳбари ҷамъияти илмии номбурда, лейтенанти калони милитсия Ҷалолзода Сорбон оғоз гардид. Мавсуф ҷамъомадагонро аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олӣ аз 15-уми апрели соли 2009 ёдовар шуда, зикр намуд, ки «Яке аз вазифаҳои асосии давлат ин ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошад». Ин аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидааст. Ҳаёт, қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазираст.
Сипас маърӯзачиён ботартиб бо се забон дар мавзӯҳои мухталиф – Нурализода Шерали муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия дар мавзӯи «Нақши қонуният дар амалигардонии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд», Ҷалолзода Сорбон муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия дар мавзӯи «Ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқод омили ташаккули дунявият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Аминзода Баётҷон курсанти курси 3-юм, гуруҳи таълимии 302, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон», Неъматов Абдумалик курсанти курси 2-юм, гуруҳи таълимии 204, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Азимов Мансур курсанти курси 2-юм, гуруҳи таълимии 208, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо забони русӣ дар мавзӯи «Гражданство Республики Таджикистан: понятие и принципы, основания приобретения и прекращения»; Қурбонов Фирдавс курсанти курси 2-юм, гуруҳи таълимии 202, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқу озодиҳои занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Файзиддини Муслиҳиддин курсанти курси 2-юм, гуруҳи таълимии 208, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо забони русӣ дар мавзӯи «Правовой статус иностранных граждан и лиц без гражданства в Республики Таджикистан»; Хушмуҳаммадзода Аҳмадшоҳ курсанти курси 2-юм, гуруҳи таълимии 208, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо забони англисӣ дар мавзӯи «International Human rights law»; ва Қузибоев Эмомалӣ курсанти курси 2-юм, гуруҳи таълимии 202, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Инкишофи қонунгузории оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» баромад намуда, паҳлӯҳои гуногуни вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзёбӣ намуда, бо мақсади боз ҳам рушду ташаккул ва инкишофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чӣ дар сатҳи қонунгузорӣ ва чӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳодҳои худро иброз намуданд.
Ҳамин тариқ, дар интиҳои чорабинӣ иштирокдоштагон аз баргузории чунин як мизи мудаввари илмӣ-назариявӣ қаноатмандӣ намуда, аз рафти он баҳраманд гардида, ибрози сипос намуданд. Бо ҳамин, мизи мудаввари илмӣ-назариявии факултавӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои назариявӣ ва амалии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар замони муосир» ба анҷом расид.
Роҳбари маҳфили илмии
«Давлатшиносони ҷавон»
муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ- ҳуқуқии
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
лейтенанти калони милитсия Ҷалолзода С.И.