Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо ҷавонон мекӯшем, то сазовори боварии Пешвои миллат бошем!

1682

Рӯзи 30-юми марти соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Факултети №4 Академия дар асоси нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа» бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва маҳфили Ҷамъияти илмии курсантон бо номи «Ҳомии тартибот» ташкил ва баргузор карда шуд.

Маҳфили мазкур бо суханони ифтитоҳии сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия Вализода Н.Д. ҳусни оғоз гардида, қайд гардид, ки дастуру ҳидоятҳои мунтазами Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо ҷавонон сармашқи асосии кору пайкорамон дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо буда, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гуруҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизамонро, яъне Тоҷикистонро ғуборолуд созад. Зимнан мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХ Маҳмудов Муталиб дар мавзӯи «Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд» маърӯза намуда, қайд кард, ки мо ҷавонон бояд боварии давлату Ҳукумат бахусус Пешвои миллатро дар амаламон ифода намоем.

1683

Донишҷуи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ Олимҷонов Беҳруз дар мавзуи “Ҷавонон неруи созандаи миллатанд” ва донишҷӯи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ Алиназаров Ҷаҳонгир дар мавзӯи “Тадбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирӣ ва тарбияи ҷавонон дар замони соҳибистиқлол” ва курсантони курси 3-юми гурӯҳи 304 Саидзода Фаршед дар мавзӯи “Сабабҳои гаравидани ҷавонон дар гурӯҳҳои тундрав” ва Холов Сураҷ дар мавзӯи «Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд» бо маърузаҳои худ баромад намуданд.
Дар қисмати хотимавӣ маърузачиён барои иштироки фаъолашон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Маруфзода М.М., роҳбари маҳфили “Ҳомии тартибот”,
лейтенанти калони милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...