Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи Вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Академияи ВКД

1678

Дар доираи муносибати дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дар доираи баргузории нуҳумин Конфронси байналмилалии вазирони «Қалби Осиё - раванди Истанбул» дар шаҳри Душанбе, рӯзи 30-юми марти соли ҷорӣ Вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳаятулло Ҳаёт барои боздид ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Чун анъана аз рӯи суннати меҳмоннавозии тоҷикона меҳмононро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, қаровули фахрӣ ва сардорони ҷузъу томҳои Академия гарму самимона пешвоз гирифтанд.
Меҳмони олиқадр бо роҳбарони ҷузъу томҳои Академияи ВКД оид ба корҳои илмӣ-таълимӣ мулоқот намуда, сипас бо инфрасохтори Академияи ВКД шиносоӣ пайдо намуда, изҳор намуд, ки Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат бо санъати баланди меъморӣ барои таълиму тарбия барои курсантону омȳзгорон шароити замонавӣ муҳайё намудаанд.
«Мо кӯшиш менамоем, ки дар доираи ҳамкориҳои муштараки ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон корҳои назаррасро дар оянда ба анҷом рсонем. Албатта он чӣ дар Тоҷикистони дӯст ва бародар дидем, барои мо кормандони Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон намунаи ибрат ва мактаби таҷрибаи миллии кори полис аст, ки дигар кишварҳо ин таҷрибаи хубро камтар доранд»-изҳор намуд, Вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳаятулло Ҳаёт.

167916801681

Меҳмони олиқадр аз дидорбинӣ ва тамошои бинои муҳташами Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таассуроти хубу хотирмон бардошта, чун суннати меҳмоннавозии тоҷикона бо либосҳои миллӣ қадрдонӣ гардид.

Асламов Б.С., Сафарова С.Н.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...