Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши амалҳои тафтишотӣ дар пешгирӣ ва ошкорёбии ҷиноятҳо

1711

Рӯзи 2-юми апрели соли 2021, дар толори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки профессорону омӯзгорон ва курсантони факултет бахшида ба «Рӯзи таъсисёбии мақомоти тафтишот» дар мавзӯи «Нақши амалҳои тафтишотӣ дар пешгирӣ ва ошкорёбии ҷиноятҳо» мизи мудаввар баргузор гардид.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии роҳбарияти факултет оғоз гардида, дар он доир ба муҳимияти амалҳои тафтишотӣ дар пешгирӣ ва ошкорёбии ҷиноят ибрози ақида карда шуд.

Сипас, доир ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ва тарзу услуби баргузории амалҳои тафтишотӣ ҳайати устодони кафедра ва корманди амалии ба мизи мудаввар таклиф гардида, сармуфаттиш оид ба КММ ШТ РВКД дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Курбонов Ф.Қ., баромадҳои ҷолибу пурмазмун намуданд.
Инчунин дар бораи таърихи таъсисёбии мақомоти тафтишот, имрӯзу фардои он дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ, полковники милитсия Муллобоев М.Р. ва муаллими кафедраи мазкур Рустамзода Н., баромад намуда ба саволҳои курсантон ҷавобҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, дар ҷараёни мизи мудавввар қайд карда шуд, ки тибқи талаботи қисми 2 моддаи 182 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози парвандаи ҷиноятӣ амали тафтишотӣ (азназаргузаронии ҷойи ҳодиса) иҷозат дода шудааст.
Дар ҷараёни мизи мудаввар пешниҳод карда шуд, ки бо назардошти асоснок ва дар сари вақт оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ хуб мешуд, то оғози парвандаи ҷиноятӣ дигар ҳаракати мурофиавӣ (таъин намудани экспертизаи автотехники, кимиявӣ ва ғ.) иҷозат дода шавад. Асоснокии он байни иштирокчиён мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

1711

Ба саволҳои дар доираи мавзӯи баррасишаванда аз ҷониби иштирокчиён пешниҳодшуда, мубодилаи афкор сурат гирифта, сармуфаттиш оид ба КММ ШТ РВКД дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Курбонов Ф.Қ. ва ҳайати устодону омӯзгорони кафедра ҷавобҳои илман асоснок пешниҳод намуданд.


Давлатова Ҷ., корманд-мутахассиси кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии факултети №4

Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...