Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадрдонии рӯзномаи «Набзи милитсия» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

1674

Нақши матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори умум дар инъикоси ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ хеле калон аст. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳи хос дода шуд. Рӯзи 19-уми марти соли 2013, таҳти № 961 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва кафолати давлатии озодии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба онҳоро танзим менамояд. 

Солҳои зиёд то таъсиси рӯзномаи «Набзи милитсия» ҳаёти ҷамъиятии Академияи ВКД тавассути рӯзномаҳои деворӣ ва нашрияҳои ҷудогонаи идона инъикос мегардид. Маҳз бо туфайли ташаббуси шахсии сардори Академияи ВКД, номзади илми ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ нашрияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Набзи милитсия» таъсис дода шуда, 24-августи соли 2015 таҳти №0383/ра дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Дар тӯли фаъолият рӯзномаи «Набзи милитсия» дар инъикоси ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангии кишвар нақши арзанда гузошт.
Дар арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи «Набзи милитсия» - Академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инъикоси ҳаёти ҷамъиятӣ, нақши муҳим дар тарбияи маънавии насли ҷавони милитсия бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Роҳбарияти Академия бо ин дастоварди муҳим ҳайати эҷодии рӯзномаи «Набзи милитсия» ва ҳамаи онҳое, ки бо рӯзнома ҳамкорӣ доранд, самимона табрику таҳният гуфта, дар корҳои рӯзноманигорӣ ва эҷодии онҳо комёбиҳои нав ба нав таманно менамоянд.

Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...