Хабарҳо
Маросими дипломсупорӣ ба хатмкунандагони факултети №4 Академияи ВКД
27.05.2021 15:57
Рӯзи 27-уми майи соли 2021 дар майдони сафорои факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд маросими дипломсупорӣ ба хатмкунандагони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ доир гардид.Ин чорабинии тантанавӣ бо иштироки сардори РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ва сардори Академияи ....
Курсанти Академия ғолиби озмуни “Донишҷӯи сол-2021”
27.05.2021 11:51
Рӯзи 25 майи соли равон дар толори Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни умумиҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Донишҷӯи сол-2021” бо максади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни кишвар дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷӯён, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва дарёфти донишҷӯи ....
Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои Ватан
26.05.2021 15:59
Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди ....
Тамошои дастаҷамъонаи Паради ҳарбӣ бахшида ба Иди Ғалаба
26.05.2021 15:56
Муносибати дӯстӣ ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия рӯз аз рӯз тақвият меёбад. Ба ҳайси Раиси амалкунандаи Созмони аҳдномаи амнияти дастачамъӣ дар соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ бахшида ба Иди Ғалаба дар шаҳри Москва бо ҳамроҳии Президенти ....
Мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷавонон- пайравони Пешвои миллат!», бахшида ба мулоқоти Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар аз 21.05.2021.
26.05.2021 11:10
Дар доираи тадбиқи саривақтии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ва ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон аз мулоқот бо ҷавони кишвар санаи 24-майи соли ҷорӣ дар толори Шӯрои олимони Академия мизи мудаввари Акдемияи ВКД дар мавзӯи «Ҷавонон- пайравони Пешвои миллат!» баргузор гардид. Созмондиҳандагон мизи мудаввар Шӯрои ҷавонони Академия ....
Боздиди ҳунарпешаҳои шаҳри Хуҷанд аз Академияи ВКД
26.05.2021 11:06
Дар доираи вусъат додани корҳои тарбиявӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳунарпешаҳои театри мазҳакавии шаҳри Хуҷанд аз Академияи ВКД дидан намуда, дар толори факултети №6 ба курсантон ва омӯзгорон намоишномаи драмавиро дар боби оилаҳои ҷавон ба маърази тамошо гузоштанд, ки дорои аҳамияти калони тарбиявӣ буд. Курсантон ва ....
Таассурот аз вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар
26.05.2021 09:39
Хушбахтона, ифтихори бузург даст дод, ки дар чунин вохӯрии сатҳи баланд иштирок карда, аз андеша ва дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита баҳравар гардам. Воқеан, баргузории чунин вохӯриҳо дигарбора аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ....
Вохӯрии сардори Академияи ВКД бо волидайни курсантон
24.05.2021 15:26
Дар доираи тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ», Оинномаи Академияи ВКД, дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохлилӣ вохӯрии навбатии роҳбарияти Академияи ВКД бо волидайни курсантон оид ба таълиму тарбия, робитаи волидайн бо Академия баргузор гардид. Масоили ....
Ғолибони озмуни стипендияи Раиси вилояти Суғд
24.05.2021 15:22
Ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги созандаю бунёдкор ва эҷодкор аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол эътироф мешаванд. Ин аст, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати кишвар қарор гирифта буд; Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки яке аз қонунҳои ....
Ширкати фаъоли курсантони Академия дар конференсияҳои байналмилалӣ (бо тариқи онлайн)
24.05.2021 15:20
Конференсия илмӣ-байналмиллалӣ доир ба мавзӯи «Проблемаҳои актуалии ҳуқуқ аз нигоҳи ҷавонон» дар Донишкадаи ҳуқуқии Орлови ВКД Федератсияи Россия Дар асоси ҳамкории илмии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқии Орлови ВКД Федерансияи Россия санаи 20.05.2021 бо тариқи онлайн зери роҳбарии илмӣ- дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № ....
Ҷалби шунавандагон ба маҳфили китобхонӣ
24.05.2021 15:18
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат доир ба фарҳанги китобхонӣ, иштирок дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ» ва «Илм –фурӯғи маърифат» аз ҷониби роҳбарияти факултети №3 Академияи ВКД шунавандагони он ба маҳфили китобхонӣ ҷалб гардида, ба мутолиаи асарҳои Пешвои миллат, адибони тоҷик ва ҷаҳонӣ машғул гардиданд. Чорабинии мазур дар асоси ....
Шанбегӣ дар Академияи ВКД
24.05.2021 15:15
Дар асоси иҷрои қарори Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, баҳри кабудизоркунӣ ва ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе ва муассисаҳои тобеи он дар Академияи ВКД бо икдоми роҳбарият ва шуъбаи кадрҳо шанбегӣ гузаронида шуда, корҳои зиёди ободкориҳо анҷом дода шуданд, ки дар он ҳайати омӯзгорон ва кормандон фаъолона ширкат ....
Мо ҷавонон пояи устувори имрӯзу фардои Тоҷикистонем
24.05.2021 11:43
Рӯзи 21-уми майи соли 2021 дар асоси нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии факултет конференсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Саҳми ҷавонон ....
Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар мавзӯи «Насли солим аз оилаи солим сарчашма мегирад»
24.05.2021 11:40
Тибқи нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми майи соли 2021 дар маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи ҷавонон дар мавзӯи «Насли солим аз оилаи солим сарчашма мегирад» мизи мудаввар аз тарафи кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети мазкур доир карда шуд, ки дар он шоири ....
Тақвият ёфтани ҳамкорӣ бо қисми ҳарбӣ
21.05.2021 10:53
20-уми майи соли 2021 бо мақсади боз ҳам такмил додани маҳорату малакаи касбӣ ва савияи дониши курсантон, тибқи нақшаи чорабиниҳои таълимӣ-тарбиявӣ бо роҳбарии устодони кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ, капитани милитсия Аҳруллозода Б., ва лейтенанти калони милитсия Абдукаримзода М., курсантони курси 3-юми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи «ҳуқуқшиносӣ», барои гузаронидани ....