Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди соҳаи маориф ҳамачун рукни асосии муҳими сиёсати давлатӣ дар Паёми Пешвои миллат

62923 декабри соли 2022 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Дар толор раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат,мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо,муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ,як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок доштанд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт,амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими илму маориф дар ҷумҳурӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» аз соли 1998 саркарда як қатор созишномаҳо аз қабили “Оид ба ҳамкории илмию техникии ҳайати иштирокчиёни Иттиҳоди давлатҳои мустақил”, “Дар бораи робитаи бевоситаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкории илмию техникӣ”, “Оид ба якҷоя истифодабарии объектҳои илмию техникӣ аз тарафи иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” ва ғайраро ба тасвиб расонид.
Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар зери назар ва пуштибонии худ қарор дод. Дар ин муддат барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон намуд.Соҳибихтиёр эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зиёди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро пеш овард, ки яке аз онҳо азнавсозии соҳаи маориф ба шумор мерафт. Пешвои миллат дар баробари пешрафти соҳаи маориф ба инкишофи илм низ таваҷҷӯҳ намуда, дар бисёр баромадҳо ва вохӯриҳояшон бо намояндагони илм ва зиёиён ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷудо намудани маблағ барои рушди илм ва тайёр кардани мутахассисони илмӣ дастурҳои мушаххас додаанд. Натиҷаи ҳамин буд, ки муносибат ба илм дар кишвар дар муддати кӯтоҳ тағйир ёфт ва майли ҷавонон боз аз нав ба илм бештар гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Аз соли 1992 то соли 2010 дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 бинои мактаб сохта ба истифода дода шудаанд.Дар ин давра ҳамкориҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ густариш ёфт. Байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазоратҳои маориф (ва илм)-и кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ созишномаю тафоҳумномаҳои зиёде оид ба ҳамкорӣ ба имзо расиданд.Маҳз тавассути ин ҳамкориҳо тайёр намудани кадрҳои болаёқат дар хориҷи кишвар ба роҳ монда шуд. Дар ин давра бо мақсади дастгирии ҷавонони болаёқат ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои мухталифи ҷомеа бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва ба мақсади танзими қабули шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» таъсис дода шуд.
19 ноябри соли 2013 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд ва муқаррар гардидд, ки вазифаҳои пешбурди сиёсати илм аз доираи ваколатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба Вазорати мазкур вогузор гарданд .
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 феврали соли 2014 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТНПҶТ) таъсис дода шуд. Аз соли 2015, дар баробари МТТОК (донишгоҳу донишкадаҳо), муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ворид карда шуд, қабули донишҷӯён ба ин муассисаҳо (донишгоҳу донишкадаҳо) тавассути низоми мазкур амалӣ карда мешавад.
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои ҳамаи намудҳои мактабҳои таҳсилоти умумиро вобаста ба талаботи замони нав таҷдиди назар намуд. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди амалӣ сохтани ислоҳоти куллии соҳаи маориф ва таъмини пешрафти соҳа дар давраи гузариш гаштанд ва барои такмилу таҳкими соҳаи маориф шароиту имконият фароҳам оварданд. Вазъи мактаб дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт. Нақши мактаб ҳамчун манбаи мустақили фарҳангу маданияти миллӣ васеъ гардид. Дар соли 2000 барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамагӣ 27,6 млн сомонӣ ҷудо шуда бошад ва соли 2011 ин нишондиҳанда 1 млрд 300 млн сомониро ташкил медиҳад. Сохтмони мактабҳои замонавӣ афзоиш ёфт. Шумораи мактаб-интернатҳо ҳам зиёд гардид. Тамоми муассисаҳои таълимӣ бо техника ва технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба зинаи якуми мактабҳои олӣ дохил намудани мактабҳои миёнаи махсус» як қатор техникумҳо ба коллеҷҳои наздидонишгоҳӣ ва баъзе омӯзишгоҳҳо ба коллеҷҳои мустақил табдил дода шуданд. Дар ин давра шумораи мактабҳои олӣ низ афзуд. Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи энергетикии Маскав (донишгоҳи техникӣ) ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав» таъсис дода шуданд.
Маҳз дар даврони Истиқлол муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таълими бисёрзинагии таҳсилот гузаштанд. Анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад. Ҳоло ба аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии тобеи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 30 ихтисос довталабон қабул карда мешаванд. Соли 2011 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвият бахшидани робитаи оила бо мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд.
Таҷрибаи башарӣ исбот намудааст, ки агар дар ҷомеае, ки ба мақоми омӯзгор, мактаб ва маориф эҳтиром гузошта нашавад,ба пешрафту тарақиёт давлат зиён оварда дар ҷомеа бесаводӣ ва ҷаҳолату бадбахтӣ бавуҷуд меояд. Маҳз бо ин мақсад, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш таъкид намуданд,ки: «…агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад,ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама,тарақиёту рушди давлат паст мегардад». Дар ин замина, Пешвои муаззами миллат оғози бунёди давлати мутамаддинро аз маориф вобаста дониста, ғамхорӣ ба ин соҳаро дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат бори дигар, самти афзалиятнок шумориданд.
Аз солҳои аввал Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи маблағгузории соҳаи маориф диққати махсус дода шуда онро самти афзалиятоки сиёсати давлатӣ эълон намуданд. «Аз ҷумла, дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта,ба истифода дода шудааст. Ҳамзамон маълум гашт,ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта,ба истифода дода шуд».
Ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. «Бинобар ин дар ин панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар баробари ин, то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон,маъюбон,оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад.
Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд»,таъкид намуданд Пешвои миллат да Паёми худ. Дар ин замина, соли 2023 даромади умумии пулии аҳолӣ 15 фоиз афзоиш ёфта,ба 100 миллиард сомонӣ баробар мегардад». Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ин нишондоди муҳимро дар оянда низ нигоҳ хоҳанд дошт.
Пешвои миллат дар Паёми худ  оид ба пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои охир ва мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат ва вазифаҳо барои бартараф намудани онҳо таъкид намуданд, ки танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонад ва бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд.
Пешвои миллат дар Паёми худ гуфта гузаштанд, ки ҳар як роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар фаъолияти хеш вазифадоранд, ки ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат кунанд. Яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем.
Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад. Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.
Холзода К.А., Муаллими калони кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулоддаи факултети №5, Академияи ВКД, майори милитсия
Абдулҳамидзода А.Д., муаллими калони кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулоддаи факултети №5, Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...